Сафорати Ӯзбекистон дар Полша бахшида ба 32-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ӯзбекистон ва ин кишвар ва ҷашни Наврӯз озмуни аксҳо ташкил кард.
Озмуни аксҳои «Ӯзбекистон аз нигоҳи кӯдакони Полша» дар якҷоягӣ бо набераи сайёҳ, суратгир ва этнограф Леон Баршевский Игор Строетский ва соҳиби бойгонии он дар китобхонаи ба номи Зигмунти шаҳр Яна Румла дар Варшава ташкил карда шуд.
Дар озмун қариб 50 нафар бачагони Варшава бо асарҳои худ иштирок карданд ва меҳмонони он намояндагони донишкадаҳои илмиву тадқиқотии Полша, музей ва китобхонаҳо, инчунин воситаҳои ахбори оммавии бонуфуз буданд.
Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ намояндагони сафорати Ӯзбекистон дар бораи рушди ҳамкориҳои мутақобилаи судманди дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ӯзбекистон ва Полша суханронӣ карданд. Қайд гардид, ки дар тӯли солҳои ҳамкорӣ дар ҳама самт натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шуданд. Инчунин таъкид гардид, ки халқҳои ӯзбек ва полякро риштаҳои таърихию фарҳангӣ ба ҳам зич мепайванданд.
Иштирокчиён хотираи сайёҳ, суратгир ва этнограф Леон Баршевский, генерали армия Владислав Андерс ва Анна Германро, ки дар ҳаёти онҳо Ӯзбекистон мавқеи муҳимро ишғол кардааст, бо эҳтиром ёдоварӣ карданд.
Таъкид гардид, ки Наврӯз ҷашни дӯстдоштаи намояндагони тамоми миллату халқиятҳои Ӯзбекистон аст.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба ғолибони озмуни расмҳо дипломҳои махсус ва туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд.
АИ «Дунё»,
шаҳри ВАРШАВА.