Президенти Ӯзбекистон ва директори генералии Созмони умумиҷаҳонии савдо масъалаҳои шомилшавии кишварро ба ин созмон баррасӣ карданд

  • Президенти Ӯзбекистон ва директори генералии Созмони умумиҷаҳонии савдо масъалаҳои шомилшавии кишварро ба ин созмон баррасӣ карданд

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 19 сентябр дар чаҳорчӯби сессияи Ассамблеяи генералии СММ бо директори генералии Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) Нгози Оконҷо-Ивеала мулоқот анҷом дод.

Дар рафти мулоқот чораҳо оид ба зудтар ба СУС ворид шудани Ӯзбекистон баррасӣ гардиданд.

Сарвари давлатамон аҳамияти шомил шудан ба ин созмон, аз ҷумла бо назардошти ҳадафҳои рушди миёна ва дарозмуддатро махсусан қайд кард.

Президенти Ӯзбекистон ба масъалаҳои омодасозии ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ, инчунин таҳкими иқтидор ва такмили ихтисоси мутахассисони ба ин раванд ҷалбшуда таваҷҷуҳ кард.

Директори генералии СУС ба чораҳои ҷиҳати пайвастан ба ин созмон андешидаи Ӯзбекистон баҳои баланд дод.

Нгози Оконҷо-Ивеала дастгирии ҳамаҷонибаи Котиботи СУС-ро аз талошҳои Ӯзбекистон ва ҳамчунин эътимод ба узвияти ин кишварро дар ояндаи наздик баён кард.

Дар пайи мулоқот дар мавриди суръат бахшидан ба ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ, баланд бардоштани тахассуси мутахассисон ва мусоидат ба ҳамоҳангсозии қонунгузорӣ бо созишномаҳо ва қоидаҳои СУС тавофуқ ҳосил шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: