МУФТӢ ИКРОМЧА – ОЛИМИ ФИДОКОР ВА ШАХСИЯТИ НОТАКРОР

Наҳзати рӯҳониву фарҳангиву иҷтимоии охири асри 19 ва ибтидои асри 20, ки бо номҳои «ҷадидия» ва «маорифпарварӣ» ёд мешавад, аз табақоти гуногуни ҷомеа нерӯ мегирифт.

Наҳзати рӯҳониву фарҳангиву иҷтимоии охири асри 19 ва ибтидои асри 20, ки бо номҳои «ҷадидия» ва «маорифпарварӣ» ёд мешавад, аз табақоти гуногуни ҷомеа нерӯ мегирифт. Дар ин ҷунбиш ҳам зиёиву ҳам рӯҳонӣ, ҳам ашрофу заҳматкаши оддӣ ширкат меварзид. Қишрҳои гуногуни иҷтимоъро ба азиз доштани дини мубини Ислом ҷалб мекард. Биноан, барои мардумони он давр гуногунзуҳурии табақоти ин майлон воқеаи чандон ҳайратангезу ғайричашмдошт набуд. 
Бояд гуфт, ки Аморати Бухоро дар давраи Сомониён такя ба дини мубини Ислом дошт. Бо шикасти нахустин давлати миллии тоҷикон – Сомониён ва ба сари қудрат омадани сулолаи туркнажодон Аморати Бухоро дигар ҳеҷ гоҳ дар пояи дини мубини Ислом чун дар аҳди Сомониён устувор нагардид. Кӯчиён аз дину ойин ва тамаддуни исломӣ бо он таъсире, ки аз ин лиҳоз мардуми эронитабор мебардоштанд, албатта, ба нерӯи дар савияи пешин нигоҳ доштани Ислом қодир набуданд. Аз ин рӯ, дар таърихи давраи ҳазору дусадсола-ҳазору сесадсолаи исломӣ, мардуми мо баробари ба сари ҳокимият омадани қабилаҳои турку муғул, тадриҷан пойин фаромадани сатҳи илму фарҳанг ва маърифати исломӣ пайвандҳо дорад. Шикасти тадриҷии дину ойин дар қарнҳои нуздаҳу бист ба он анҷом ёфт, ки Аморати Бухоро дар сиёсати иҷтимоиву фарҳанг аз асосҳои рӯҳонӣ ошкоро қатъи назар мекард. Ва ин беэътиборӣ ба дини мубини Ислом боиси ривоҷи куфру бидъат ва бемаънавиёту бадахлоқии ҳамагонӣ гардид. Намоянда-гони синфу табақаҳои гуногунро дар муқобили ҳукуматдорони Аморати Бухоро пеш аз ҳама ҳамин хор кардани шариати муҳаммадӣ муттаҳид кард, яъне маорифпарвару ҷадидия пеш аз ҳама наҳзати маънавӣ буд. Маорифпарварон ё худ ҷадидон барои ба мавқеъу эътибори суннатӣ соҳиб шудани дини мубини Ислом ба арсаи майдон баромаданд, то кулли мардумро ба мартабаи суннати маънавиву ахлоқӣ бинишинонанд. Азхудгузаштагии барои мо – имрӯзиён ҳайратангези ҷадидон ё худ маорифпарварон дар мубориза аз садоқаташон ба дини мубини Ислом маншаъ мегирифт. 
Аз ҷумлаи мансабдорони рӯҳонии амир якчанд нафар ба ҷунбиши маорифпарварӣ ё худ ҷадидӣ ҳамроҳ шуданд, ки машҳуртаринашон қозӣ Шарифҷон Махдуми Садри Зиё (1867-1932) ва муфтӣ Муҳаммадикром ибни Абдусалом машҳур бо номи Домулло Икромчаи Бухорӣ (1847-1925) буданд. Шахсияти иҷтимоиву сиёсӣ ва фарҳангии ин ду тан ба ҳам шабоҳат дорад: ҳар ду рӯҳонӣ, ҳар ду корманди дастгоҳи амир, ҳар ду нотарсу далер, ҳақталош, маорифпарвар буданд ва ҳар ду дар ташаккули маърифату маънавияти асосгузори адабиёти навини тоҷик Садриддин Айнӣ саҳми бузург гирифтаанд.
Дар бораи саҳми Садри Зиё дар ҳаёти Садриддин Айнӣ муҳаққиқон хеле навиштаанд, вале дар хусуси хидмати Муфтӣ Икромча дар ин бобат, ба истиснои гуфтаҳои худи Устод Айнӣ пажӯҳишгарон тақрибан хомӯш мондаанд. Устод Айнӣ дар боби омӯзиш ва касби камол ёфтанаш дар ҳузури Муфтӣ Икромча гуфтааст: 
«...Домулло Ҳоҷӣ Икром... беҳтарин устоди ман буд ва ман ҳар чизеро, ки дар мадрасаҳои Бухоро аз дарсҳои расмӣ омӯхтаам, аз он кас омӯхта будам...» 
(Ниг. С. Айнӣ. Куллиёт ҷ.7, с.578).
Садриддин Айнӣ аз ҳама бештар дар асараш «Таърихи инқилоби Бухоро» (1919-1920) доир ба устоди худ иттилоъ додааст. Аз ин асар симои ин донишманди ҷасур ва мутафаккири бузурги исломӣ ба хубӣ ошкор мешавад. Ва агар бо меъёрҳои оид ба «ориф», яъне зиёӣ ва рӯшанфикр таъинкардаи Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино ба ин шахсият бингарем, дархоҳем ёфт, ки Муфтӣ Икромча шахси фавқулодда озод ва зиёии асил будааст.
Ибни Синои Бухорӣ яке аз шартҳои асосии орифи комилро дар озодии шахс медонад ва роҳи ба ин озодӣ мушарраф шуданро дар дилбастагии комил ба кори Худованд (ҷ) меҳисобад. Ин донишманди бузург гуфтааст, ки «бо тамоми вуҷуди хеш рӯ ба Ҳақ овардан растагорист» ва ин ҳол ба кас бисёр сифатҳои аҷиби инсонӣ, аз ҷумла далериву шуҷоат мебахшад. Ба ҳамин маънӣ ӯ фармудааст: «ориф бояд далер бошад» (Ниг. Абӯалӣ ибни Сино. Осори мунтахаб, Душанбе, Ирфон, 1981, ҷилди якум, с.252).
Ҳастии Муфтӣ Икромчаи Бухорӣ низ гӯё аз маърифати илоҳиву шуҷоъату матонату далерӣ таркиб ёфта буд. Дониши амиқи илоҳӣ ва эътиқоди сахту асил ба ақоиди дини мубини Ислом ӯро аз қайду банди дилбастагии моддиву мавқеъхоҳии замон озод нигоҳ медошт ва дар дифоъи ин ойини муназзаҳ бо шуҷоъату қатъияту фидокории ҳайратангез меразмид ва то ҳақиқат ва адолатро рӯйи об баровардан аз мубориза даст намекашид. Ӯ дар шуҷоъату далерӣ аз дигар маорифпарварони исломӣ фарқи ҷиддӣ дошт. Чунончи, Садри Зиё дар ҳаққи вай гуфтааст: 
«Ҳоҷӣ Домулло Икром ҳам он қадар соҳиби ҷуръату ҷалодат буданд, ки бо вуҷуди яккаву танҳо будану касе тарафдорӣ накардан дар баробари ин ҳама уламои сӯъ ва кордорони шум дар ҳар мартаба мунозира ва мудофиъа карда, ҳар як масоил ва муқаддимоти рисолаашонро ба бароҳин (бурҳонҳо) исбот ва ба далоил мудаллал менамуданд... Ба ҳеҷ ваҷҳ аз ин қавми беъор ва абнои рӯзгор наметарсиданд. Бад-ин коре, ки ихтиёр кардаанд, устувору барқарор буданд».(Ниг. Садри Зиё. 
Тазкори ашъор, замимаи 2, дастнавис, саҳ. 5).
Ғолибан, далерӣ ва шуҷоъат аз комилтарин ҷанбаи зотии Муфтӣ Икром буд ва «ба тамоми вуҷуди худ рӯй ба Ҳақ овардан» ва ривоҷи куфру бидъат ӯро бо иқтидори азим ба туғён оварда буд, вагарна дигар маорифпарварону ҷадидон аз лиҳози дараҷаи эътиқоду дилбохтагӣ ба дини мубини Ислом шояд аз ӯ ҷиддан фарқ намекарданд. Ба ҳар ҳол, дар ҷодаи муборизаи оштинопазир дар муҳити тангу тори Аморати Бухоро чеҳраи Муфтӣ Икромча ягонаву махсус буд. Масалан, аз баҳои фавқуззикри Садри Зиё ба Муфтӣ Икромча маълум мешавад, ки худи Садри Зиё дар муборизаи зидди «уламои сӯъ ва кордорони шум» хеле иҷтиноб меварзид, эҳтиёткорона амал мекард ва барои ба даст овардани мақсадҳои ниҳоӣ аз вақт ҳам самар бардоштанӣ мешуд. Дар ҳоле ки Муфтӣ Икромча бо тезбиниву зудамалии тамом ба андозае, ки дили дигар муборизонро ба тасхир меовард, меразмид, Садри Зиё ва дигар рӯшанфикрони исломӣ дар ин мавридҳо гӯё дар мақоми тамошобин қарор доштанд. Ҳар замон аз шартҳои шариат дур рафтани сиёсатмадорону рӯҳониён уламои воқеъии исломиро ба шӯр меовард, вале дар аксар маврид ба зудӣ ва ошкоро дар муқобили онҳо як тан – Муфтӣ Икромча бо нерӯ ва матонати маърифати исломӣ рӯёрӯй ва побарҷо меистод ва истодагарӣ мекард.
Бинобар ин, метавон гуфт, ки Муфтӣ Икромча ба ҳамон андозае, ки инсони маънавиву назарӣ буд, ҳамон қадр инсони амалӣ низ буд. Ин ду ҷанба дар вуҷуди нотакрори Муфтӣ Икромча аз ҳам гӯё имтиёзу тавофуте надоштанд. Шояд чунин далерии ӯ аз он низ об мехӯрд, ки Муфтӣ Икромча аз дигарон дида аз хор шудани шариати Ислом бештар месӯхт, яъне ӯ дили беандоза ҳассос дошт ё балки шояд аз дигарон фузунтар даррок буд ва масъулияти олимии худро дар назди Худованди мутаъол беш аз дигар уламои давр ҳис мекард. 
Ӯ бештар дарк карда буд, ки калиди пешомади шарифу ояндаи дурахшон дар ислоҳи фаврии корҳои хурду бузурги шоён аст. Ба ҳар ҳол чуноне гуфта шуд, Муфтӣ Икромча дар миёни рӯшангарони охири қарни ХIХ ва ибтидои қарни ХХ дар шуҷоат шахсияти комилан беҳамто ва нотакрор буд.
Ба шаҳодати Садриддин Айнӣ Ҳоҷӣ Муфтӣ Икроми Бухорӣ ақидае дошт, ки «дарбори амир бошишгоҳи одам нест» ва гӯё барои дифои ҳақиқат ифои вазифаи расмӣ мекард, вагарна тайёр буд, ки ҳар лаҳза дар роҳи ҳақиқат ҷон нисор кунад. Чунончи, ӯ ба Айнӣ, ки талаби амири Бухороро дар хусуси ба хидмати дарбор рафтан рад карда буд, гуфта буд: «...Такрор мекунам, ки бо рад кардани ту ин талабро ба ту зарар расонидан наметавонанд. Агар, фаразан, ба ту осебе расонидан хоҳанд, ман ҳамаи мансаб ва обрӯи худро ба сари халос кардани ту сарф мекунам, ё туро халос мекунам, ё баробари ту маҳв мешавам. Рав, осуда гаштан гир!» (Ниг. С. Айнӣ. Куллиёт, Душанбе, ҷ.7, с.579).
Табиист, ки амиру аҳли дарбор дар нисбати Муфтӣ Икромча хомӯш наменишастанд. Онҳо ҳама вақт бо ӯ муносибати бад мекарданд. Дар маҷмӯъ натиҷаи муборизаҳои дурахшони Муфтӣ Икромча он шуд, ки вайро ду бор солҳои 1912 ва 1917 ба тумани Пешкӯҳ ва шаҳри Ғузор бадарға карданд ва ду фарзанди обрӯманди вай – Мирзо Насруллоҳ ва Абдураҳмон Махдумро моҳҳои апрели соли 1917 ва марти соли 1918 аз дами теғ гузарониданд. Аморати Бухоро, ки худро дар ҷаҳон чун ҳомии бузурги дини мубини Ислом муаррифӣ мекард, муносибаташ дар аввали садаи ХХ бо рӯҳониёни бузург ва воқеии исломӣ ҳамин гуна буд.
Роҷеъ ба Муфтӣ Икроми Бухорӣ дар тазкираи Муҳтарам, дар асарҳои Садри Зиё: «Тазкори ашъор», «Рӯзнома» ва «Наводири зиёия», дар китобҳои Садриддин Айнӣ: «Ёддоштҳо» ва «Таърихи инқилоби Бухоро», И.С.Брагинский – «Очеркҳо оид ба таърихи адабиёти тоҷик» (1956), Н.Ҳотамов – «Сарнагун кардани сохтори амирӣ дар Бухоро» (1977) ва дар «Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик» (1988) бо қалами Р.Ҳодизода маълумот дода мешавад, вале ин ҳама  тарҷумаи ҳол ва ё хусусиятҳои осори Муфтӣ Икромро батафсил фаро нагирифтаанд.
Аз ин навиштаҳо бармеояд, ки Муфтӣ Икромча соли 1847 дар деҳаи Боғи калони Бухорои Шариф ба дунё омадааст. Танҳо дар «Тазкори ашъор»-и Садри Зиё соли таваллуди Муфтӣ Икром 1854 милодӣ зикр шудааст. Далеле, ки мо меоварем, ҳақиқатан ба соли 1847 будани санаи мавлуди Муфтӣ Икром далолат дорад. Ин санад – мақола хабарест ба унвони « Ҳафтоду сесола ҷавонбухороӣ», ки дар маҷаллаи «Шуълаи Инқилоб» (1920, №51, саҳ. 14-15) ба табъ расидааст ва мо онро ин ҷо пурра иқтибос меоварем: 
«Домулло Ҳоҷӣ Икроми Муфтии судур, ки аз уламои ҳақпарасти дунё ба шумор мераванд, ҳамаи аҳолии Туркистонро маъруфанд, ишон аз уламо аввалин касеанд, ки ҳукумати амирро ошкоро танқид кардаанд, бинобар дар назди ҳукумати амир ва уламои расмии ӯ ҳамеша машҳур ва мағзуб буданд. Ба сабаби ин ки дар боби зулму фасоди қозиёни аср як рисола навишта, фасоди ишонро бо далоили ақлӣ ва нақлӣ исбот намуда буданд, дар соли 1910 ду сола нафъӣ (бадарға) гардиданд. Дар соли 1917 такрор аз Бухоро ба Ҳузор нафъӣ шуда, тамоми асбобу ашёашон аз тарафи ҳукумати амир мусодара ёфт. Дар соли 1918 дар Ҳузор (Ғузор) аз тарафи ҳукумати амир маҳбус шуда, дар ҳабсхона дар ҳузури худашон Абдураҳмон ном як писари бистсолаашон шаҳид карда шуд. Ишон то ҳол дар Ҳузор зинда будаанд.

Баъд аз он ки дар Ҳузор инқилоб барпо шуда, Ҳукумати инқилобӣ таъсис ёфтааст, ҷаноби Домулло дар Анҷумани умумӣ, дар курсии хитобат баромада, дар боби оқибати зулму залима ва аҳамияти инқилоб нутқи балеғе эрод карда, ҳозиринро ба гиря даровардаанд».
Аз ин мақола бармеояд, ки агар дар соли 1920 Муфтӣ Икромча 73-сола бошад, пас соли таваллуди ӯ 1847 милодӣ аст. Яъне, аз ин мақола аввалан ба соли 1847 будани санаи мавлуди Муфтӣ Икромча шакку шубҳае боқӣ намемонад. Ва дар таъини таърихи тавлиди ҳамзамони худ ҳафт сол ба хато рафтани Садри Зиё домани афкорро ба сад кӯчаву паскӯчае мекашад: шояд гуфтаи вай дуруст бошад? Шояд ҳамраъйии нокомил дар миёни ин ду рӯҳонии баландпоя самимиятро коста, омили рӯҳии чунин бепарвоиву беэҳтиётии Садри Зиё гардида бошад? 
Сониян, дар мақолаи мазкур Муфтӣ Икром ошкоро «ҷавонбухороӣ», яъне «ҷадид» номида шудааст ва бо ҳамин далел ҳам мо даъво дорем, ки ҷадид номидани рӯҳониёне, аз қабили Муфтӣ Икромча ва Садри Зиё, ки ошкоро бо ҷадидон ҳамкору ба онҳо хайрхоҳ буданд, лозим аст, зеро ин истилоҳ ҳақиқати таърихиро ифода мекунад.
Ин аст, ки Садриддин Айнӣ дар бораи Садри Зиё чунин гуфтааст: «Шарифҷон Маҳдум, бешубҳа аз ҷумлаи маорифпарварон ва тараққихоҳони замони худ буд». (Ниг. С. Айнӣ. Куллиёт, ҷ.7, саҳ. 44). Ва маълум аст, ки дар адабиёти илмиву бадеии ибтидои қарни ХХ истилоҳҳои «маорифпарвар, тараққихоҳ, ҷадид»-ро чун муродифи ҳамдигар истифода мебурданд. Пас, чаро мо имрӯз «ҷадид»-ро маорифпарвару тараққихоҳ меномем ва мепиндорем, вале чун маорифпарвару тараққихоҳро ҷадид номанд, изҳори ноқаноатмандӣ мекунем? Ин, ба фикри мо, аз изҳори фазлфурӯшӣ беш нест. Ба ҳар ҳол қабл аз инкори андешаи мазкур бояд меъёрҳои «ҷадид» номиданро равшану дақиқ кунем. 
Ба андешаи мо, меъёр наметавонад шуғли ҳаррӯза ва зиёда аз ин мансубияти синфӣ қарор гирад, зеро гап дар сари муносибати амалии фард ба масъалаҳои асосии мавриди андешаи ҷадидон, аз қабили эҳёи Ислом аз роҳи мубориза бар зидди қабоҳат ва бидъатҳои мазҳабӣ ва ислоҳи мактабу маориф аст. Камина дар ин хусус дар китоби худ «Ислом: ҷадидия ва инқилоб» (1997) муфассалтар сухан рондаам ва алҳол бояд ба таъкид бигӯям, ки ҷадидон ё худ маорифпарварон пеш аз ҳама мусалмонони ҳақиқиву воқеӣ буданд. Ин гурӯҳи камшумори аз илми илоҳӣ бохабар барои дар пояҳои дини мубини Ислом устувор кардани маънавияту ахлоқу маърифат ва иқтисодиёти ҷомеаи аморати Бухоро бар зидди таассуб ва бидъат ба майдони корзор баромаданд. Мазмуни асосии муборизаи ҷадидон аз ҳамин иборат буд ва вазифаҳои рӯҳонии Садри Зиёву Муфтӣ Икром барои иҷрои ин амалҳои таърихӣ хеле мусоиду пурсамар омад. Онҳо аз ин имкон хеле хуб истифода кардаанд ва чунончи Садриддин Айнӣ дар «Таърихи инқилоби Бухоро» овардааст, ин амали ишон гоҳ-гоҳ мавриди пайравии дигар муфтиҳову қозиҳо низ мегардид. Аз ин рӯ, мо имрӯз бояд бо овози баланд бигӯем: Садри Зиёву Муфтӣ Икром маорифпарварони исломӣ, яъне ҷадидони ҳақиқӣ буданд. Бале, ба фикри мо, маҳз дар ҳамин сурат ҷунбиши ҷадидияро, ки идомаи ҳаракати ислоҳотпарварӣ ва маорифпарварии исломӣ ба шумор меравад, комилан хоҳем шинохт ва ба дарки чеҳраи аслии чунин бузургон муяссар хоҳем гашт.
Қайд кардан месазад, ки мақолаи «Ҳафтоду сесола ҷавонбухороӣ» ҳам аз он шаҳодат медиҳад, ки Инқилоби Бухоро на танҳо бо қувваи болшевикон, балки бо ҳамкории ҷадидон ба амал омада буд. Зеро ҷадидон низ мехостанд, ки сохти амирӣ вожгун карда шавад. Аз ин рӯ, муносибат бо рӯҳониёну ҷадидҳо дар ибтидо, дар давраи Ҷумҳурии Мардумии Бухоро, тахминан то охири соли 1924, яъне то замони тақсимоти ҳудуди миллӣ ва бунёди сохтмони сотсиализм дар Осиёи Миёна ва шиддат гирифтани муборизаҳои синфӣ хуб буд.
Ба фикри мо, сарчашмаҳои асосии ба вуҷуд омадани ҷунбиши ҷадидия дар таърихшиносӣ таҷдиди назар мехоҳанд. Зеро агар аслу моҳияти ҷадидия таълимоти ислоҳотгаронаи исломӣ бошад, табиист, ки омили зуҳуру ривоҷи ин ҷараён низ исломи асил аст. Яъне ҳар огоҳии амиқ аз асли Ислом ба кӯшиши бозсозии иҷтимоиву фарҳангии феодализми Бухоро вомедоронд ва ҳар гуна истиқболи дастовардҳои дигар мамолик низ ба маърифати исломии ашхос сахт марбут буд. Ба иборати дигар, он ҳама дастовардҳои фанниву иҷтимоии дигар кишварҳо бо маҳаки дини муҳаммадӣ санҷида мешуд ва дар сурати мувофиқ омадан онҳо пазируфта мешуданд Аз ин рӯ, дарки пешрафтҳои гуногуни дигар кишварҳо як навъ роҳи амиқ рафтан ба таълимоти ҷовидонаи Исломи ноб буд. Дар он айём сафарҳои мунтазам ба дигар мамолик ғайриимкон буд, вале сафари ҳаҷ чун як амри шаръӣ ногузир ва мувофиқи имкон ба ҳар як мусалмон иҷборӣ буд. Бинобар ин, метавон гуфт, ки сарчашмаи асосии зуҳуру рушди ҷадидия ва ҳаракати ислоҳотхоҳии исломӣ дар кишвари Бухоро сафари ҳаҷ буд.
Ҳаҷ дар ҳама замонҳо миллатҳои мусалмонро як андоза дар ҳолати огоҳии илмиву фарҳангӣ ва сиёсиву иҷтимоӣ нигоҳ медошт ва барои дар сатҳи умумии иҷтимоиву фарҳангӣ қарор гирифтани мардумони мусалмони кишварҳои гуногун хидмат мекард. Ҳоҷӣ на танҳо як расми динӣ ба ҷо меовард, балки мамолики гуногунро медид, аз сатҳи сиёсиву фарҳангии сокинони кишварҳои мухталиф огоҳӣ меёфт, бо мардуми кишварҳои исломӣ ва дигар мамолики пешрафтаи ҷаҳон ҳамнишину мусоҳиб шуда, имкон меёфт ба вазъи ватани хеш бо дидаи ибрат нигарад, асли бурду бохти иҷтимоиву фарҳангии диёрашро возеҳу равшан бубинад. Албатта, вусъату паҳнои суди маънавии маросими Ҳаҷ ба қувваи тафаккур ва шахсияти ҳоҷиён мушаххасан вобаста буд. Ҳар кас ба қадри тавон ва дониши худ аз ин сафар баҳраи маънавӣ мебардошт. 
Муфтӣ Икромча, ки пас аз хатми мадрасаҳои олии Бухоро ба сифати мударрис ифои вазифа мекард, маҳз бо сафари Ҳаҷ воқеан чашм ба оламу одам кушод. Ӯ дар синни чилу ҳафтсолагӣ, яъне дар айёме ба ҳаҷ баромад, ки аз ҷиҳати синну сол ва таҷрибаи зиндагӣ ба андозае ба камол расида буд ва чашми пурбину зеҳни тези модарзод имкон дод, ки ӯ аз ин сафари худ суду ибрати зиёде бардорад. Дар ин хусус Устод Айнӣ дар «Таърихи инқилоби Бухоро» қайд кардааст, ки дар соли 1894: 
«Домулло Икром ва мулло Иваз ба Ҳиҷоз рафта омаданд. Ин ду нафар аз сафари Ҳаҷ чашмбаста рафта наомада, балки аз ин сафар хеле ибрат гирифта баргаштанд. Домулло Иваз тарзи таълимашро як дараҷа ислоҳ карда, шарҳ ва ҳошияҳои бемаъниро аз ҷадвали дарси худ баровард. Домулло Икром амир, вазир, муфтӣ ва қозиҳо, уламо ва ҷадвалҳои дарсро рӯйрост танқид кардан гирифт, корҳои нодурусти мулло ва муфтиҳоро дар маҷлисҳо фош карда, ба рӯяшон мезад». 
Дар «Таърихи инқилоби Бухоро» чанд бор роҷеъ ба Муфтӣ Икром маълумот дода мешавад, ки ҳама аз ташаббусҳои равшангарӣ ва ҳамкориҳои самарабахши ин ягонаи таърих бо маорифпарварон ё худ ҷадидон ҳикоят мекунанд. Ташаббусу шуҷоат, нотарсиву мардонагӣ асосан ӯро дар чилу ҳафтсолагӣ пас аз сафари Ҳаҷ домангир шуд. Хидматҳое, ки ӯ ба миллатҳои мусалмони Мовароуннаҳр, аз ҷумла тоҷикон кард, пас аз ҳамин адои фариза амалӣ гардиданд.
Ҳоҷӣ Муфтӣ Икроми Бухорӣ муаллифи асарҳои «Иқозу-н-ноимин ва эъломулҷоҳилин», ҳамчунин «Ҳуҷуби сатри нисо» мебошад. Соли таълифи ин асарҳо дақиқан маълум нест. Китоби якум тахминан солҳои 1911-1912 милодӣ, китоби дувум дар якчанд соли қабл аз Инқилоби Бухоро ба табъ расидаанд. Хушбахтона, ин асарҳо ба мо дастрас гардиданд ва аз мундариҷаи онҳо бармеояд, ки мақсади муаллиф аз ин осор нақш дар адабиёту ҳунар нест, балки ҳамоно ҳадафҳои амалии иҷтимоӣ дорад, мехоҳад бо далелҳои шаръӣ дур рафтани аҳли ҷомеаро аз асли дини мубини Ислом дар масоили мушаххас собит созад, вассалом. Дар хусуси рисолаи аввали ӯ Садриддин Айнӣ гуфтааст, ки ин китоб аз «танқиди лафзии Муфтӣ Икром иборат аст, ки ӯ ба шакли китоб дароварда буд». (Ниг. С. Айнӣ.Таърихи инқилоби Бухоро, саҳ.105).
Ба андешаи мо инак, фурсати он расидааст, ки ин осори гаронбаҳои Ҳоҷӣ Икром якҷо бо рисолаҳои Ҳоҷӣ Абдурауфи Фитрат «Мухтасари таърихи ислом» (1915), «Мавлуди шариф ё худ миръоти хайру-л-башар» (1914), Садриддин Айнӣ: «Тартилу-л-қуръон», «Заруриёти диния» ва эҷодиёти дигар рӯҳониёни пешқадам ба таъбири дигар маорифпарварон ё худ ҷадидони ибтидои қарни ХХ ҷиддан омӯхта, саҳми онҳо дар густариши фарҳанги исломии он давр таъйин карда шавад.
Ҳаёти Муфтӣ Икроми Бухорӣ дар замони Шӯравӣ аз солҳои ториктарини зиндагии ӯ ба шумор меравад. Ба ҳар ҳол, мо ба ҷуз як ишораи Садри Зиё дар хусуси ин давраи ҳаёти ӯ дигар ҳуҷҷату маълумоте наёфтем. Садри Зиё дар асараш «Тазкори ашъор» қайд кардааст, ки соли 1342 ҳиҷрӣ (1923-1924 милодӣ) «Аз тарафи Ҳукумати Шӯроӣ маҳкамаи шаръӣ ташкил ёфт, мураккаб аз 15 нафар, ки раиси он Ҳоҷӣ Домулло Икром, муовини он роқими гумном буд».
Раисии маҳкамаи шаръӣ дар замони Шӯравӣ ба эҳтимоли қавӣ охирин машғулияти расмии Муфтӣ Икроми Бухорӣ аст. Пас Муфтӣ Икромча то охири умр қариб ҳамеша дар дилбохтатарин касби худ – машғулияти рӯҳонӣ умр ба сар бурдааст ва инро саодати зиндагии дар маҷмӯъ пуршӯру бофоҷеа, вале бузургу бобаракати ин донишманд ва мутафаккири рӯшанзамир дар густариши ақоиди ислоҳотхоҳии сиёсӣ ва иҷтимоии исломӣ, худшиносӣ ва худогоҳии мардуми мусалмони кӯҳандиёри Мовароуннаҳр метавон шумурд. 

Маъруфи РАҶАБӢ, 
узви вобастаи АИ Тоҷикистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: