Президенти Ӯзбекистон ва Пешвои миллии халқи туркман аз рушди босуръати муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуданд

28 декабр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон Гурбангули Бердимуҳаммедов мулоқоти телефонӣ анҷом дод.

Дар оғози суҳбат Президенти Ӯзбекистон ва Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон ҳамдигарро бо Соли нави фарорасидаистода самимона табрик гуфта, ба ду кишвари бародар ва халқҳои ҷаҳон сулҳ, некуҳолӣ ва шукуфоӣ орзу намуданд.

Сарвари давлатамон ба Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов салом ва орзуҳои нек расонд.

Масъалаҳои актуалии инкишофи минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, некҳамсоягӣ ва шарикии амиқи стратегии Ӯзбекистону Туркманистон баррасӣ шуданд. Ҳамчунин рафти иҷрои тавофуқоти қаблан, аз ҷумла дар чаҳорчӯби муколамаи байнипарлумонӣ ҳосилшуда баррасӣ шуд.

Ҷонибҳо бо қаноатмандии амиқ густариши назарраси ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар ҳама самтҳои афзалиятнок қайд карданд.

Ҳаҷми савдои мутақобила афзоиш меёбад – то охири соли 2023 гардиши мол аз 1 миллиард доллар зиёд мешавад. Дар пойтахтҳои Тошканд ва Ашқобод хонаҳои савдо кушода шуда, корҳои муштарак барои таъсиси минтақаи тиҷоратии сарҳадии Шавот-Дашоғуз идома доранд.

Кооператсияи корхонаҳои пешқадами ҳар ду мамлакат дар соҳаҳои саноат, энергетика, хоҷагии қишлоқ, нақлиёт вусъат ёфта, алоқаҳои байниминтақавӣ вусъат меёбанд. Имсол ҷаласаҳои навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ ва Шӯрои соҳибкорон бомуваффақият баргузор гардиданд.

Дар доираи барномаи фарҳангию башардӯстона чорабиниҳои муштарак, аз ҷумла Рӯзҳои фарҳанг, сафарҳои гурӯҳҳои эҷодӣ ва ғайра баргузор мешаванд.

Ҳамчунин оид ба ҷанбаҳои муҳими ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ табодули афкор сурат гирифт. Ҷадвали мулоқот барои соли 2024 баррасӣ шуд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: