Тартиби бо роҳи волонтёрӣ иҷро намудани вазифаҳои мақомоти давлатӣ муайян карда шуд

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Ўзбекистон "Дар бораи чораҳо оид ба дастгирии минбаъдаи фаъолияти волонтёрӣ" (№ 169 аз 11 апрели соли 2022) қабул гардид.

Бо қарор Низоми намунавӣ оид ба тартиби татбиқи вазифа ва функсияҳои мақомоти давлатӣ ба воситаи волонтёрӣ дар шакли нисбатан самарабахш ва сарфакорона тасдиқ шудааст.  

Аз 1 июни соли 2022 платформаи электронии волонтёрҳо, ки дар пойгоҳи Портали ҷавонони Ӯзбекистон таъсис дода шудааст, ба кор дароварда хоҳад шуд.  

Ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ба сифати волонтёр шахсоне, ки ба синни балоғат расида, дорои дониш ва малакаи соҳаи дахлдори фаъолият буда, ба сифати волонтёр ҷалб карда шудаанд, метавонанд ҷалб карда шаванд.

Донишҷӯён метавонанд дар доираи гурӯҳи волонтёрон берун аз соатҳои дарсӣ ба фаъолияти волонтёрӣ машғул шаванд.

Ихтиёриёнро  ба сохторҳое, ки бо корҳои зерин машғуланд, ҷалб кардан мумкин нест:

анҷом додани амалиёти марбут ба пул;

нигоҳдорӣ ва коркарди маълумоти махфӣ;

иҷрои вазифаҳое, ки барои ҳаёти инсон хавфноканд, донишу малакаи махсусро талаб мекунанд.

Агар волонтёре, ки ба мақомоти давлатӣ ҷалб шудааст, дар як моҳ зиёда аз 20 соат ба волонтёрӣ машғул бошад, бояд бо ӯ шартномаи волонтёрӣ баста шавад, хабар медиҳад  шабакаи ҳуқуқии Вазорати адлия.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: