ФАСЛИ ЗИМИСТОН – МАВСИМИ ИМТИҲОН

Инак, фасли зимистон дар мекӯбад.

Сармои нобаҳангом ва  шадиди соли гузашта дар  хотир  аст. Аз нарасидани барқ аксарияти мардуми Самарқанд низ озор дида  буданд. 

Барои ҳамин шуъбаи вилоятии ҷамъияти саҳҳомии «Ҳудудий электр тармоқлари» барои пеш гирифтани ҳолатҳои фавқулода барои вакилони расонаҳои ахбор ба  шаҳру ноҳияҳо пресс-тур ташкил менамояд. 
Ходимони  матбуот дар  шаҳраки  Гулобод бо фаъолияти корхонаи  таъиноти неруи барқи  ноҳияи Самарқанд аз наздик ошно гардида, шоҳиди он  шуданд, ки асбобу анҷомҳои зарурӣ захира шудааст. 
Сипас  сардори шуъбаи  мазкур Асадулло Шукуров ба ошёни дуюми корхона ҳидоят намуд, ки дар  толори хушҳавои  калону равшан навбатдор ҷойгир шудааст. 
Аҷиб он буд, ки дар девор харитаи  ноҳия бо нуқтаҳои  гуногун бо ришта  пайваст  ёфта ва болои ҳар  яке чароғакҳо  гузоштаанд, ки тори анкабутро ба  хотир меорад. Шукуров гуфт:
– Дар ҳудуди ноҳия 74 маҳалла мавҷуд  ва дар  тамоми  онҳо трансформаторҳои қувваташон  гуногун  гузошта  шудаанд. Агар бо баъзе сабабҳо таъминоти барқ  қатъ гардад, дар харитаи мазкур чароғак фурӯзон мешавад. Навбатдор  зуд ба сардори гурӯҳҳои масъул хабар медиҳад ва электрикҳо аз паси бартараф намудани оқибатҳои он мешаванд. 
Чӣ ҷойи руст кардан аст, ки аввалҳо шаҳрвандон баъди қатъ шудани неруи барқ  хабар медоданд, вале ҳоло масъала ранги дигар гирифтааст, ки шумо шоҳиди он  ҳастед.
Ба маълумоти шумо расонам, ки дар ноҳияи Самарқанд ҷамъи истеъмолгарон 65 ҳазору 99 нафар буда, аз онҳо 61 ҳазору 821 нафар истеъмолкунандагони инфродӣ  мебошанд. Дар ноҳия 871 километр симҳои баландшиддат ва 985 километр  миёнашиддат мавҷуд буда, аксарияти онҳо аз замони шӯравӣ арзи вуҷуд дошта, бо гузашти айём кӯҳнаву фарсуда шудаанд. Аз рӯи имкониятҳои мавҷуд онҳо тадриҷ ба тадриҷ иваз мешаванд, ки дар ин масъала хизмати ҳокимияти вилоят ва ноҳия калон аст. 
Танҳо дар солҳои охир 102 трансформатор иваз ёфт, ки дар натиҷа таъминоти неруи барқ дар маҳаллаҳои Бӯзӣ, Гулобод, Оҳалик, Талибарзу, Зафаробод, Андиҷонӣ, Пулимуғоб ва ғайра хубтар шудааст. Албатта дар ин самт хизмати  сардорони минтақаҳо Эркин Мардонов, Шерзод Шодиев, Азим Маъсудов, Ҷамшед Солеев ва дигарон хеле калон аст. 
Вакилони расонаҳои ахбор ба чанд гузару маҳалла низ рафта, бо корҳои ибратбахшу лоиқи идораи таъминоти неруи барқ аз наздик шинос шуданд. Яке аз онҳо маҳаллаи Ӯрта Шайх буд. Соли равон дар маҳалла 300 симчӯби бетон ва  трансформатор гузоштаанд, ки аз ин 1100 нафар аҳолӣ мамнун ҳастанд. Яке аз онҳо собиқадори таълими халқ, муаллими мактаби миёнаи умумии рақами 16-уми  ноҳия Абдуфаттоҳ Қаҳҳоров аст.
– Умедвор ҳастем, ки  мисли соли гузашта қувваи барқ зуд-зуд  қатъ намегардад ва аз сармои шадиди зимистон азияту озор намекашем, – мегӯяд ӯ. 
– Ҳамааш олиҷаноб, вале муаммоҳои мавҷуд он аст, ки баъзе шахсони бепарво ҳаққи истифода аз нерӯи барқро дар вақташ намедиҳад, – гилаомезона ҳасрат  намуд Асадулло Шукуров, – мардуми ноҳия 53 миллиард сӯм  қарз  доранд. Онҳо  фикр  намекунанд, ки мо неруи барқро  аз ҷониби истеҳсолчиён  гирифта,  ба халқу  корхонаҳо медиҳем.

Зоҳир  ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: