ҒАЛАБАИ МЕҲНАТИИ ПАХТАКОРОНИ НОҲИЯИ ШОФИРКОН

Пахтакорони диловари ноҳияи Шофиркони вилояти Бухоро

19 октябри соли равон дар вилоят аввалин шуда нақшаи солонаи пахтасупориро иҷро карданд. 
Гуфтан ҷоиз аст, ки меҳнатдӯстони ноҳия соли ҷорӣ баъди комёбиҳояшон дар соҳаи кирмакпарварию ғалласупорӣ ниҳоят дар соҳаи пахтакорӣ низ қуллаи умедро сарбаландона фатҳ намуданд. Ба деҳқонони асил ин муваффақият ба осонӣ дастрас нагардид. Аз меъёр баланд будани сатҳи шӯрии замин, номувофиқии ҳолати мелиоративии киштзор, номусоидии обу ҳаво барин монеъгиҳо ба ҷараёни кори деҳқонон пайваста халал мерасонд. Таҷрибаи  бисёрсолаи зироатпарварӣ, ислоҳоти куллии соҳа, пеш аз ҳама ҷорӣ шудани низоми кластерӣ дар он ва ғамхориҳои пай дар паи сарвари давлат нисбати кормандони соҳаи кишоварзӣ, истодагарӣ ва меҳнати фидокоронаи оқилона барин омилҳо имконият дод, ки деҳқонон ба марраи мурод расанд. 
Соли ҷорӣ дар бештар аз 10 ҳазор гектар майдони 374-то хоҷагии фермерии ҳудуд  хомашёи қиматбаҳо истеҳсол  карда шуд. Агар соли 2019 пахтаи ноҳия ба 29 ҳазору 800 тонна расида бошад, имсол хирмани «тиллои сафед» аз 32 ҳазору 400 тонна гузашт ва қисми зиёди ин ҳосил ба навъи аввал фурӯхта шуд. 
Ҳоло дар саҳро ҳосил бисёр аст ва ҷараёни ғунучини он бо як маром идома дорад. Бинобар ҳисобу китоби мутахассисон имсол даромади умумӣ аз пахта ба 330 миллиард сӯм мерасидааст. Ин нисбати даромади се сол пештара ду баробар зиёд аст. Ин даромад, албатта, баҳри беҳбудии сатҳи рӯзгори аҳолӣ, болоравии шабакаҳои муҳандисию коммуникатсионӣ ва такмилёбии инфрасохтори маданию маишии ҳудуд харҷ мегардад.

Амрулло АВЕЗОВ,
 хабарнигори 
«Овози тоҷик». 
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: