РӮЙНАМОИ КИТОБИ «ДАР ҶУСТУҶӮИ СУБҲ»

Дар ҳалқаи устодону донишҷӯёни шуъбаи филологияи тоҷик ва забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тирмиз рӯйнамои китоби нави адиб ва донишманди заҳматкаш Наҷмиддин Рашидов баргузор гардид.

Ин сеюмин китоби муаллиф мебошад. Китоби сеюмаш, ки акнун аз нашр баромадааст, «Дар ҷустуҷӯи субҳ» ном дорад. «Наҷмиддин Рашидов аз он ҷумлаи ангуштшуморест, ки ҳам олиманд, ҳам шоиранд ва ҳам нависандаанд...
...Кам менависад, вале бомаънӣ менависад. Кам ҳарф мезанад, вале ҳарфаш бори сангини маъноро ба дӯш мекашад...
...Шояд дар оянда муҳаққиқони нуктасанҷ ҳавсалае кунанду ба таҳқиқи дақиқтару амиқтари навиштаҳои ин адиби донишманд эҳтимом варзанд», – гуфтааст дар сарсухан Ҷаъфар Холмӯъминов.

Ҷамшед ҶУМЪАҚУЛОВ,
устоди кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои 
шарқи ДД Тирмиз.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: