«ЗАФАРИ ҲАЁТ»

Дар қасри маданияти байналхалқии Икуо Хироямаи Академияи бадеии Ӯзбекистон бахшида ба 70-солагии зодрӯзи рассоми бухороӣ Музаффар Абдуллоев намоишгоҳи шахсӣ зери унвони «Зафари ҳаёт» баргузор гардид.

Дар экспозитсия «Бухоро», «Оҳангсозон», «Ҳаёт», «Духтарон», «Оила», «Суҳбат», «Ашула», «Рассом ва парии илҳом», «Зан бо бодбезак» барин беш аз 40 номгӯй асарҳои рассом ҷой доранд. Дар онҳо муносибати муаллиф ба ҳаёт, дунёи ботинӣ, ташвишу изтиробҳои ӯро дидан мумкин. 
– Шахс дар тӯли ҳаёти худ пастию баландӣ, ғаму шодӣ, муваффақияту нокомиҳоро медидааст. Муҳаббат ба зиндагӣ, касбу кор, тасвири табиати рангоранг, арзишҳои миллӣ, таърихи кишварро дар асарҳоям тасвир намудаам, – мегӯяд рассом. 
М. Абдуллоев 3 ноябри соли 1953 дар шаҳри Бухоро ба дунё омадааст. Факултети «Графикаи бадеӣ»-и Донишкадаи омӯзгории Бухороро хатм намудааст. Узви Шӯрои эҷодкорони бадеии Ӯзбекистон, барандаи медали тиллоии Академияи бадеии Ӯзбекистон мебошад. 
Намоишгоҳ то 5 октябри соли ҷорӣ идома меёбад.

Ҳасан АБДУНАЗАРОВ.        

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: