БОЗ ДАР ОҒӮШИ «ДӮСТӢ»

Соли 1959 дар ағбаи хушҳавои Тахтақарағочи ноҳияи Ургут истироҳатгоҳи мактаббачагон бо номи «Дружба» кушода шуда буд, ки ҳазорҳо нафар фарзандони мардуми вилоят он ҷо таътили тобистонро бо фароғат гузаронида, боз ба шаҳру ноҳияҳои Самарқанд бозгашт мекарданд.

Афсӯс, ки бо баъзе сабабҳои молиявӣ истироҳатгоҳи мазкур чанд муддат фаъолияти худро қатъ намуд.
Хушбахтона, соли гузашта бо супориши сарвари давлат дар истироҳатгоҳи беш аз 60-сола корҳои таъмиру тармим оғоз ёфт. Устоҳои гулдаст шаш иншооти замонавӣ бунёд ва бо нерӯи барқӣ, оби ошомиданӣ, гази табиӣ таъмин карда, имкони на танҳо дар фасли тобистон, инчунин зимистон низ истироҳат карданро фароҳам оварданд. 
– Дар истироҳатгоҳи «Дӯстӣ»  шароити мусоид барои қабули фарзандону наберагон дар чаҳор фасли сол мавҷуд, – иброз дошт сарвари истироҳатгоҳ Абдувалӣ Қушанов, – ба ин мақсад 23 миллиард сӯм сарф шуд. Минбаъд дар ин ҷо варзишгарон ва сайёҳони хориҷӣ низ метавонанд истироҳат намоянд. Мо метавонем дар як баст 160 нафарро қабул намоем.
Дар маросими ифтитоҳи истироҳатгоҳ ҷонишини ҳокими вилояти Самарқанд Рустам Қобилов ширкат варзида ба сухан баромад ва иброз дошт, ки дар соҳаи сайёҳӣ 180 лоиҳаҳои инвеститсионӣ таҳия шудааст ва ба ин мақсад 5,6 триллион сӯм маблағ ирсол ёфт. Дар натиҷа 5,5 ҳазор нафар шахсон бо корҳои фоидабахш машғул хоҳанд шуд. 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: