Роҳбарони Ўзбекистон ва Туркия мулоқоти телефонӣ анҷом доданд

Дар рафти мулоқоти телефонии бегоҳии 12 апрел Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Таййип Эрдоған барои аввалин автомобили барқӣ таҳти тамғаи «Togg» миннатдории самимӣ изҳор кард.

Роҳбари мамлакати мо инчунин Президент ва мардуми бародари Туркияро бо дастоварди бузурги технологӣ – ба роҳ мондани истеҳсоли саноатии мошинҳои муосири барқӣ дар кишвар табрик гуфт.

Зимни суҳбат ба сатҳи кунунии муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Ӯзбекистону Туркия баҳои баланд дода шуд.

Имкониятҳо барои минбаъд вусъат додани миқёси кооператсияи саноатии байни корхонаҳои пешқадами Ӯзбекистон ва Туркия дар соҳаҳои баландтехнологӣ қайд карда шуданд

Ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷаласаи Шӯрои сатҳи олии дуҷонибаи ҳамкориҳои стратегӣ, ки барои соли ҷорӣ дар назар аст, таваҷҷуҳи хоса дода шуд.

Инчунин оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.

Дар фарҷоми суҳбати телефонӣ Президенти Туркия Реҷеп Таййип Эрдоған ҷонибдори ҳамаҷонибаи раъйпурсӣ оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистонро изҳор намуда, бомуваффақият гузаштани онро таманно намуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: