ДАР ҲОШИЯИ ДОСТОНИ «ИСМОИЛИ СОМОНӢ ВА АЛ-МОТРУДӢ»

Муаллифи достон Олимҷон Бӯриев, ба мисли Пиримқул Қодиров, Назармат, Асқар Маҳкам, Шоим Бӯтаев хатмкардаи мактаби миёнаи ӯзбекии Тоҷикистон аст.

 Муҳити адабпарвар ӯро раҳнамун ба майдони адаб кард. Олимҷон бобати тарҷумаи адабиёти классикии форс-тоҷик яке аз тарҷумонҳои сермаҳсул мебошад.  
Ӯ солҳои дар Донишкадаи шарқшиносии АИ Ӯзбекистон вазифадор буданаш бо тавсияи директори ҳамонвақтаи институт, академик Азизхон Қаюмов достонҳои «Юсуф ва Зулайхо» (1980), «Лайлӣ ва Маҷнун», «Саламон ва Абсол» (1983)-и Абдураҳмони Ҷомиро ба ӯзбекӣ  тарҷума кардааст. Муаллифи  пешгуфтори ин китобҳо устод Қаюмов дар сарсухани худ бо камоли боварӣ пешгӯӣ карда буд, ки ин ҳама дастовардҳои Олимҷон ҳанӯз  қаламтезкунии ӯст.  
Дертар ба забони ӯзбекӣ пешкаши китобхонҳо гардидани қариб 40 адад китоби Олимҷон Бӯриев, аз он ҷумла, тарҷумаи мукаммали «Хамса»-и Низомӣ (2016, 684 саҳифа), «Ҳафт авранг»-и Ҷомӣ (бо номи  «Етти тахт»), тарҷума ва нашри девони ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, ашъори Хусрави Деҳлавӣ, Сайидои Насафӣ, тазкираи «Назм-ул-ҷавоҳироти Эрону Турон» (аз Рӯдакӣ то Қаноат  қариб сад шоир) боварии академик Қаюмовро рӯйи об баровард. 
Шоир бо интишори  ӯзбекии ашъори форсии Фонӣ (Навоӣ), Нодира, Огаҳӣ, Ниҳонӣ...магар  мақому мартабаи  таърихии забони тоҷикиро гӯшзад накардааст? Чӣ осори мустақил ва чӣ тарҷумаҳои ӯ шодобгари маънавияти муштарак, ғизобахши  «Пайванд» мебошанд.
Роҳи эҷодии Олимҷон Бӯриев гувоҳи он аст, ки  ҳар ду кишвари ҳамсоя ватани ӯст. Эҷоди достони таърихии шоир бахшида ба таърихи давлатдории Сомониён далели раднопазири ин фикр аст.  Достони нави ӯ – «Исмоили Сомонӣ ва Ал-Мотрудӣ» 200 саҳифаро дар бар мегирад.
Даврони  Сомониён дар таърих бесабаб «Қарни тиллоӣ» ном нагирифтааст. Ин сулола ҳамагӣ як аср ҳукмронӣ карда бошад ҳам, ба аҳли олам тавонист нишон диҳад, ки калиди пешрафти иҷтимоӣ, осоиштагии аҳолӣ, қудрати давлату давлатдорӣ дар ҳақиқат дар илму дониши заминист. Ба ҳамин асос  дар ҳамин давр аз адабиёт (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ) сар карда то  тиб (Сино), риёзиёт (Ал-Хоразмӣ), ҳандаса, геодезия, география (Берунӣ) ривоҷу равнақ ёфт, навиштаҳои удабо ва уламои он  замон ба тамаддуни халқҳои оламиён асос гузошт.
Барҳақ, решаи ҳама илмҳои замонавӣ, ба шумули «айти-технология»,  геодезия, геология, ирригатсия...аз кашфиёти олимони замони Сомониён об мехӯрад. Дигар хел гӯем, баъди суқути давлатдории Сомониён ҳама илму донише, ки  дар он замон кашф шудааст, намурд, баръакс зина ба зина пеш рафта такмил ёфт. 
Ба андешаи ман, Исмоили Сомонӣ ба маддоҳӣ ҳаргиз роҳ надодааст. Зеро, такя ба дини мубини ислом дошт, мафкураи давлатдории амирони ин сулола  «гуфтори нек, рафтори нек, пиндори нек» будааст. Тарғиби маърифат дар ҷойи аввал буд. 
Дар таърих, ба ҷуз давлати Сомониён дигар давлатеро ном гирифтан муҳол аст, ки барои аҳолии ин мамлакат ченаки боигарии одамон бо теъдоди китоб, дараҷаи шаҳрдорӣ бо теъдоди китобхонаҳо мушаххас гардад. (Нигаред ба китоби «Исламский ренессанс»-и Адам Метс) 
Рӯй овардани Олимҷон Бӯриев ба инъикоси замони  Сомониён, дар асоси манобеъи таърихӣ баррасӣ кардани  рӯзгор ва осори ин ду абармарди таърихӣ, ки ҳар ду дар як асру замон умр ба сар бурда, нисбати  ҳамдигар  пурмеҳру баоқибат будаанд, аҳамияти калон дорад.  Зеро, арзи вуҷуди  «Асри тиллоӣ» аввалин Ренессанси исломӣ вобаста ба номи Исмоили Сомонист, ки ҳамчун подшоҳи одил ба нашъунамои тамаддун, ривоҷу равнақи илму фан дар Мовароуннаҳр имконият фароҳам сохт, ба озодандешии одамон раҳ кушод. Аз ин ваҷҳ тазоди қавмӣ, байнифирқавӣ аз байн рафт, мадоро (толерантия) миёни ақвоми мухталифмазҳаб по барҷо гардид.  
Самараи чунин иттиҳоду иттифоқи халқҳо буд, ки забони расмии арабӣ ва забони маъмулии форсӣ (тоҷикӣ) ҳамчун забони макотибу мадорис, забони  китобат ва муколамаи тамоми идораҳои давлатию аҳолии  сарзамини Сомониён  пазируфта шуду мартаба ёфта, ба тамаддуни муштараки форсизабонҳо (тоҷикон) ва туркизабонҳо (ӯзбекҳо) асос гузошт. Ин воқеаи ҷаҳоншумуле буд, ки бо ҳуруфи заррин, тавассути осори удабо ва уламо сабти таърих, зеби китобхонаҳои дунёст.  
Олимҷон ният кардааст, ки достони мазкур ба ду забон – ӯзбекӣ ва тоҷикӣ пешкаши хонандагон гардад. 
Дар интиҳо, бо дархости тавфиқ,  ба мақсади  равшан намудани ғояи достон, ба умеди мақбулии ин гуфтор ба аҳли назар аз достони тозабунёд байте ба орият меоварем, ки муштест аз хирмани пурбори Олимҷон Бӯриев: 
Байт:  
Исломий шоҳлардан аввалу соний 
эди,
Ерда Ҳақ сояси Исмоил Сомоний 
эди. 
Тарҷума:
Дар байни шоҳони ҷаҳон ҳам 
аввалу ҳам сонӣ буд,
Ӯ сояи Парвардгор Исмоили
 Сомонӣ буд.

Маъруф ОТАХОНЗОДА,
Журналисти шоистаи Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: