РОҲҲО ВА РОЗҲО

Умре дар роҳам. Умрам дар роҳҳо сипарӣ мешавад.

Хоҳам ба ҳама роҳравон роҳи сафед....
(ЛОИҚ).

Умре дар роҳам. Умрам дар роҳҳо сипарӣ мешавад. Панҷ сол қатора бо қироати доимии худ «туро мебарам, туро мебарам» маро бурд сӯйи мусофиратҳо. Чандин дашту даман, кӯҳу саҳроро қафо гузошта, ба шаҳри дури дур расидам. Бо сабру таҳаммул дониш андӯхта, боз баргаштам ба Ватан. Аз ин баъд ҳам то кунун роҳ мепаймоям. Гоҳ савора, гоҳ пиёда. Гоҳ Тошканд, гоҳе шаҳри дигар, деҳу манзиле меравам бо тақозои кор... 
Ба худраве шиштан замоно мусофирон дуо мекунанд, ки Илоҳӣ ҳамаро сиҳату офият  ба манзили мурод бирасон! Ва даст ба дуо мекушоянд.
Боиси таассуф аст, ки дар ин замони тараққиёти илму техника шумораи ронандагони тасодуфӣ ҳам андак нест. Онҳо ҳунари ронандагиро дуруст аз бар накарда, зуд соҳиби мошин шудан мехоҳанду паси фармони он шиштан. Аввал бояд асптозиро омӯхту зину лаҷом харид ва сипас асп гирифт. Ин панди  мардумист, ки аз таҷрибаи зиндагӣ ҳосил шудааст.
Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,
Кӣ баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд, 
гуфтааст Рӯдакӣ.
Илова бар ин, бештари ҷавонон ба мусофиркашонӣ даст задаанд. Онҳо бо суръати тез мошинрониро дӯст медоранд. Дар ҳоле, ки механизми ба тартиб андохтани мусофирбарӣ пурра таҳия ва танзим нагардидааст, нозирони роҳ ҳам ба масъалаи ҳуҷҷати ронандаҳо чандон эътибори ҷиддӣ намедиҳанд.
Парерсол зимни ба мактаби деҳ рафта омадан аз мошини кирокашҳо истифода мебурдам. Зимни бозгашт ба роҳи калон баромада, мошинеро боздошта, савори он то шаҳраки Боғдон меомадам. Ҳар бор дар роҳ ронандагон аз таъмирталабии роҳҳои Фориш шиква ва онро бо роҳҳои мумфаршу равони ҳудуди ноҳияи Нурато қиёс мекарданд. Дарҳақиқат, роҳҳои Фориш ба таъмиру таҷдид мӯҳтоҷ аст. Худоё, тавба! Раҳораҳ ба нишонаҳои панҷараи оҳанине дида дӯхта, мебинем, ки дар он ҷоҳо касе ба садама дучор шудааст, ҳодисае рух додааст. Ёд дорам, ки тайи солҳои охир чандин ҳодисаи мудҳиш содир шуданд дар ин роҳ. Боре сабукраве ҳангоми аз деҳаи ҳамсоя  ба самти Фориш ҳаракат кардан ба мошине сахт бархӯрда, аз роҳ мебарояд ва таркиш ба амал омада,  бо ронандааш месӯзад. 
Баъде, ки дар наздикии деҳаи Порашт садамаи мудҳиш рӯй доду ду ҷавони навхат – ҷиянонам (ҷигарбандон)-ро аз байн рабуд, нафратам ба роҳсозон дучанд афзуд. Онро роҳи маргзо ном ниҳодаам. Охир, наход ҳамин қадар лоқайду беэътибор бошанд ин роҳсозон, ки роҳи мошингард ба андозаву талаботи роҳсозӣ ҳаргиз ҷавобгӯ нест?!
Ягон понздаҳ сол муқаддам дар шаҳри Ярославли Русия дар заводи калодкаҳои тормозии «МарКон» кор карданам ба хотир мерасад. Директори он марди солхӯрда Молев ба шарафи фарзандонаш – Марина ва Константин ба заводи худ кӯтоҳак чунин ном гузоштааст. Дар он ҷо барои ҳамаи мошинҳои сохти Русия ҳамин намуди қисми эҳтиётӣ истеҳсол карда мешавад. Сартехнологи сех рӯзи аввал моро бо ҷараёни кор шинос карда, гуфт, ки ин детал барои пешгирӣ аз ҳодисаҳои ногувори нақлиётӣ хеле муҳим аст. 
Мебинем, ки саривақт ба кор наандохтани ин қисми мошинро, ки боиси сар задани ҳодисаҳои марговари роҳ шудааст, экспертҳо чун як ҳолати муқаррарӣ қаламдод кардаанд. Ҳол он, ки баҳри пешгирӣ намудан аз ҳалокат саривақт тормоз додан аҳамияти калон дорад. 
Агар ҳамон рӯз  ронандаи боркаш дарҳол тормозро ба кор меандохт, шояд он ҷавонон ин қадар зуд дунёро падруд намегуфтанд...
Дар мурофиаҳои судӣ низ зимни баррасӣ ва қарори ниҳоӣ оид ба ҳодисаҳои нақлиётӣ ба идораҳои роҳсоз ва назорати ҳаракати роҳ нусхае аз он равон карда мешавад. Кош ходимони ин идораҳо аз ин пас ба ин қабил масъалаҳо  аз рӯйи виҷдону адолат бингаранд ва ба кори худ ҷиддӣ шуғл варзанд.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: