Шабона дар Тошканд ва дигар вилоятҳои Ӯзбекистон заминларза рух дод

22 январ соати 23:08 ба вақти Тошканд (22 январи соли 2024, соати 18:08 аз рӯи Гринвич) дар минтақаи марзии Чину Қирғизистон заминларза рух дод.

Бино ба маълумоти Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ, шиддати заминларза дар маркази заминларза 7 дараҷа, умқи он 15 километр ва масофа аз маркази заминларза то Тошканд дар самти ҷанубу шарқӣ 862 километрро ташкил додааст.

Қувваи заминларза дар қаламрави Ӯзбекистон:

Вилояти Андиҷон: 3-4 балл, 602 км.

Вилояти Фаргона: 3-4 балл, 656 км.

Вилояти Наманган: 3-4 балл, 657 км.

Тошканд: 3 балл, 862 км.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: