Баргузор гардидани чорабиниҳои «Вохӯрии се авлод» таҳти шиори «Дар Ӯзбекистони Нав озодона ва фаровон зиндагӣ мекунем!» собит сохт, ки дар кишвари офтобии мо қавму миллатҳои мухталиф дар фазои дӯстӣ, ҳамдилӣ ва бо ҳусни тафоҳум умр ба сар мебаранд.
Баргузор гардидани чорабиниҳои «Вохӯрии се авлод» таҳти шиори «Дар Ӯзбекистони Нав озодона ва фаровон зиндагӣ мекунем!» собит сохт, ки дар кишвари офтобии мо қавму миллатҳои мухталиф дар фазои дӯстӣ, ҳамдилӣ ва бо ҳусни тафоҳум умр ба сар мебаранд.
Дафъаи дувум аст, ки Зомин меҳмононро истиқбол мегирад. Охирҳои моҳи августи соли ҷорӣ низ дар ин ҷо чорабинии «Вохӯрии се авлод» барпо гардида, пиру барно ҷамъ омада буданд. Тавре хабар дода будем, макони баргузории тадбирҳо деҳаи Пишағари ноҳияи Зомин аст. Дар ҷое, ки замоне дашту биёбони беобу алаф буд, чоҳи чуқур кофта об баровардаанд. Дар натиҷа дарахтзор ба вуҷуд омад, боғҳои дилкушо бунёд ёфтанд. Дар атрофи ҳавзи об сайргоҳ ва фаввораҳо сохтанд...
Дар ин Сайргоҳ юртаҳо шинонида ба ихтиёри намояндагони марказҳои миллию фарҳангии вилояти Ҷиззах супориданд. Фаъолони ҳар як марказ бо намунаҳои ҳунарҳои миллии худ онҳоро зебу зиннат доданд.
Намояндагони миллатҳои гуногун якҷо бо бародарони ӯзбеки худ пайи ҳадафҳои нек: рушду инкишофи Ӯзбекистони Нав камари ҳиммат бастаанд. Танин андохтани таронаҳои дилангез бо забонҳои гуногун, зери садои мусиқии дилошӯб рақсу бозӣ кардани тоҷикон, қазоқон, қирғизҳо, русҳо ва ҳатто корейсҳо аз он далолат медиҳад, ки дар Ӯзбекистон миёни миллатҳои мухталиф ҳамдиливу ҳамгироии мустаҳкам ҳукмфармост.
Ин тадбир боз аз он ҷиҳат аҳамият дошт, ки сафирони фавқулодда ва мухтори чор ҷумҳурии ҳамҷавори Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ташриф оварда буданд. Сафирон бо Вазири Вазъиятҳои фавқулодда, мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Турсунхон Худойберганов, директори Агентии хидматҳои давлатӣ Улуғбек Муҳаммадиев ва ҳокими вилоят Эргаш Солиев аввал дар деҳаи Дуобаи ноҳияи Зомин бо тағйироту дигаргуниҳои хусусан се-чаҳор соли охир ошно гардиданд. Ин деҳа зиёда аз панҷ ҳазор нафар аҳолӣ дорад. Туфайли ба сафи деҳоти сайёҳӣ шомил гардиданаш дар ин ҷо меҳмонхонаҳо сохта мешаванд. Роҳҳо асфалтпӯш гардида, муассисаҳои томактабӣ ва мактабҳо таъмиру обод шудаанд.
Дар сайргоҳи навсохти Пишағар, ки тантанаҳо нимаи дуюми рӯз сурат гирифтанд, меҳмонон баъди тамошои намоиши намунаҳои ҳунармандӣ, арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва меваҳои лазизи боғу токзор ба ҷойи пешбинишуда, сари хони пур аз нозу неъмат ҳозир гардиданд. Дар навор филми видеоӣ, ки комёбӣ ва дастовардҳои чор-панҷ соли охири кишвари моро ифода мекард, намоиш дода шуд. Ба якчанд нафар фидоиён ифтихорномаҳо супорида шуданд. Сафирон дар бораи моҳият ва аҳамияти ин қабил чорабиниҳо ва торафт мустаҳкам гардидани робитаҳои Ӯзбекистон бо ҳамсоякишварҳо ҳарф заданд. Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода аз ҷумла гуфт:
«Ба амал ҷорӣ гардидани барномаҳои «Обод қишлоқ», «Обод маҳалла», ки бевосита бо ташаббуси Президенти муҳтарами Ӯзбекистон қабул шудаанд ва дар доираи иҷрои он ободӣ касб кардани дурдасттарин деҳот, фароҳам оварда шудани тарзи муносиби зист ба аҳолӣ ва аз ҳаёт розӣ гардидани онҳо лоиқи таҳсин аст. Мо ҳангоми боздид аз шаҳраку деҳоти гуногун ба ин бовар ҳосил намудем».
Рӯзи дигар сафирону меҳмонон ба Хиёбони арбоби бузурги давлатӣ Шароф Рашидов ва шоирон Ҳамид Олимҷону Зулфия омада, ба пояи ҳайкалҳои онҳо дастагулҳо гузоштанд. Осорхонаро тамошо карданд. Таваҷҷӯҳи меҳмононро хусусан вагоне ба худ кашид, ки Шароф Рашидов бо он сафар кардааст.
Дар мактаб-интернати эҷодии ба номи Ҳамид Олимҷон ва Зулфия ба меҳмонон аз ҷониби хонандагони он бо забонҳои халқҳои бародар – тоҷикӣ, қазоқӣ, қирғизӣ ва туркманӣ шеърҳо қироат карда шуданд.
Ба онҳо китобҳо тақдим карда шуд. Вохӯрӣ дар Хонаи меҳрубонии рақами 29-уми шаҳри Ҷиззах низ хеле хотирмон буд.
Сипас, меҳмонон машқгоҳи велосипедронҳоро тамошо карданд. Ин иншоот дорои 3400 ҷойи нишаст мебошад. Ҳавзҳои оби болопӯшида ва кушода, барои сад нафар меҳмонхона дорад. Чаҳор майдончаи варзишӣ, аз ҷумла майдони футбол низ ҳаст. Дар назар аст, ки дар ин маҷмӯа нимаи дуюми ҳамин моҳ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, моҳи декабр бошад, пойга дар сатҳи байналхалқӣ барои дарёфти Ҷоми Осиё баргузор гардад.
Чорабинӣ ва вохӯриву мулоқотҳои баамаломада, бешак, барои мустаҳкамтар гардидани риштаҳои дӯстӣ, вусъат ёфтани ҳамкориҳо дар ҷодаҳои мухталиф миёни Ӯзбекистону ҳамсоякишварҳо, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ хидмат хоҳанд кард.
Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ҶИЗЗАХ.