Дар Тошканд барандагони Ҷоизаи миллии меҳмоннавозӣ сарфароз гардонида шуданд

Дар Тошканд барандагони Ҷоизаи сеюми солонаи миллии меҳмоннавозии Ӯзбекистон 2023 муайян шуданд.

Маросим дар доираи форуми байналмилалии «Hotel BusinesS Forum-2024» дар Тошканд, ки аз ҷониби Ассотсиатсияи меҳмонхонаҳои Ӯзбекистон бо дастгирии Кумитаи сайёҳӣ ташкил шудааст, баргузор шуд.

Мавриди зикр аст, ки маросими ҷоизасупорӣ аз соли 2021 бо ташаббуси Ассотсиатсияи меҳмонхонаҳои Ӯзбекистон ва дастгирии Кумитаи сайёҳӣ назди Вазорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо мақсади  баланд бардоштани ҷолибияти сайёҳии кишвар, сифати хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва меҳмоннавозӣ гузаронида мешавад.

Ҷоиза сармоягузорон, топ-менеҷменти меҳмонхонаҳои шабакавӣ ва инфиродӣ, менеҷерони генералии брендҳои байналмилалӣ, операторони меҳмонхонаҳо, провайдерҳои хидматрасонӣ, коршиносон ва созмонҳои махсусгардонидашудаи соҳаи меҳмоннавозиро муттаҳид мекунад.

Имсол барои иштирок дар ин ҷоиза аз тамоми гӯшаву канори Ӯзбекистон меҳмонхонаҳо ва муассисаҳои ҷойгиркунӣ дархост пешниҳод карданд. Ҷуғрофияи штирокдорон аз  Тошканд то Нуқус васеъ шуда, 210 дархост расидааст. Ғолибон аз рӯи 31 номинатсия дар категорияҳои гуногун, аз ҷумла беҳтарин меҳмонхонаи хурд, беҳтарин наҳории меҳмонхона, кашфи сол ва ғайра муайян карда шуданд. Ғолибонро муовини раиси Кумитаи сайёҳӣ, инчунин аъзоёни ҳакамон мукофотониданд.

Меҳмонхонаи Europe Hotel ғолиби номинатсия барои беҳтарин меҳмонхонаи хурд дар Тошканд гардид. Kosh Havuz Boutique (Самарқанд) дар бахши беҳтарин меҳмонхонаи бутикӣ аввалин шуда эътироф гардид. Номзадҳои боқимонда инҳоянд:

Ифтитоҳи сол: 1) Wyndham Garden Zomin 2) Wyndham Bukhara Hotel 3) Intercontinental Tashkent;

Беҳтарин хостел: Campus Hostel;

Меҳмонхонаи беҳтарини тиҷоратӣ дар Тошканд: Crowne Plaza;

Беҳтарин апарт-меҳмонхона: Badem Garden;

Беҳтарин меҳмонхонаи MICE дар Тошканд: Hilton Tashkent city.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: