ИШТИРОКДОРОНИ НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ДАР КУРИЁИ ҶАНУБӢ БА ИҚТИДОРИ САЙЁҲИИ ӮЗБЕКИСТОН БАҲОИ БАЛАНД ДОДАНД

11-13 август дар Намоишгоҳи байналхалқии «Korea International Tourism Show KITS 2023», ки дар Ҷумҳурии Куриё баргузор мегардад, иқтидори сайёҳии Ӯзбекистон намоиш дода шуд.

Дар девораи миллии Ӯзбекистон, ки аз ҷониби Сафоратхона созмон ёфт, суратҳое, ки иқтидори сайёҳии кишвари мо, маснуоти ҳунармандии миллӣ, аз ҷумла заргарӣ, чӯбкорӣ, сарулибос аз шоҳӣ ва дигар намунаҳои санъати халқиро инъикос менамоянд, гузошта шудаанд. 
Меҳмонони намоишгоҳ имкон пайдо карданд бо хатсайрҳои кишвари мо, таърих ва фарҳанги бостонии шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Хива, ки ба рӯйхати меъроси мадании ЮНЕСКО дохил карда шудаанд, корҳои васеъмиқёсе, ки ҳукумат барои бунёди инфрасохтори замонавии сайёҳӣ татбиқ менамояд, шинос шаванд. Ғайр аз ин мусаввадаҳо дар бораи кушодашавии маркази байналхалқии сайёҳии байналхалқӣ дар Самарқанд таҳти унвони «Шоҳроҳи абрешим» тақсим карда шуданд. 
Баробари ин дар доираи намоишгоҳи байналхалқӣ мулоқоти дуҷониба ва гуфтушунид бо коргузорони Куриёи Ҷанубӣ оид ба масъалаҳои татбиқ сохтани саёҳатҳои муштарак, ҳамчунин шароити иштирок дар Бозори байналхалқии сайёҳии Тошканд таҳти унвони «Сайёҳӣ дар Шоҳроҳи абрешим», ки 15-17 ноябр мегузарад, баргузор гардиданд. 
Ба мақсади хабардоркунии меҳмонони намоишгоҳ доир ба имкониятҳои сайёҳии зиёратии Ӯзбекистон матолибе тақсим шуд, ки аз ҷониби Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд дар бораи ёдгориҳои маданияти буддоии ҳудуди кишвари мо, таърих ва анъаноти шаҳрҳои Риштон, Бойсун, Чуст ва Янгиқӯрғон ба забони куриёӣ тайёр карда шудаанд.
Тамошобинони намоишгоҳи ӯзбекистонӣ ба иқтидори сайёҳии кишвари мо баҳои баланд доданд ва таассуроти худро изҳор карданд. 
«Намоишгоҳи Ӯзбекистон дар ин ҷо аз дигарон тафриқа дорад, – мегӯяд роҳбари ширкати сайёҳии «Sopoung Tour» Ким Кван Сонг. – Ман аллакай бо нақши мамлакати шумо дар таърих ва мероси маданияти ғановатманди он ошно будам, вале пас аз тамошои имрӯза қарорам дар бораи ба Ӯзбекистон рафтан ва татбиқ намудани лоиҳаҳои нави муштарак мустаҳкамтар шуд. Дар намоишгоҳ ман имкон доштам бо як қатор созмонҳои сайёҳӣ бинобар ба роҳмонии сафари сайёҳон аз Куриёи Ҷанубӣ ба Ӯзбекистон мубодилаи афкор кунам». 
Намоишгоҳи байналхалқии сайёҳии «Korea International Tourism Show KITS 2023» бозори бузургтарини байналхалқист, ки дар Куриёи Ҷанубӣ гузаронида мешавад. Дар чорабинӣ беш аз 800 намояндаи фирма ва ширкатҳои сайёҳӣ, коршиносон ва мутахассисони зиёда аз ҳаштод кишвари ҷаҳон иштирок карданд.

АИ «Дунё», 
шаҳри СЕУЛ.     

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: