ҶАЪФАР – ШОИРИ ЗУЛЛИСОНАЙН

Моҳи октябр дар вилояти Сурхондарё як қатор тадбирҳои фарҳангӣ, маҳфилҳои адабии хотирмон баргузор гардид, ки бешак ба рушду такомули илму фарҳанг саҳм гузошта, ба аҳли илму адаб, донишомӯзони макотиби оливу миёна ғизои маънавӣ бахшид.

Ба наздикӣ дар бахши филологияи тоҷик ва забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии Тирмиз маҳфили илмӣ-адабӣ бахшида ба 55-солагии шоири зуллисонайн, профессори Донишгоҳи давлатии ховаршиносии Тошканд, узви иттифоқҳои нависандагони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ баргузор гардид. 

–  Шоир ва олими мутасаввиф Ҷаъфар Муҳаммад ҳам дар шеърият ва ҳам дар илм падида ва кашфиётҳои нав ворид сохт, – гуфт сиёсатшинос Нарзулло Ҷӯраев. – Файласуфон имрӯз дар замони мо бисёранд, вале файласуфи кошиф хеле кам аст. Ман аминам, ки баъд аз садсолаҳо ҳам эҷодиёти илмиву адабии Ҷаъфар арзиши худро гум намекунад ва аз ҷониби муҳаққиқону донишомӯзон омӯхта мешавад.
Дар тадбир як гурӯҳ донишҷӯён аз шеърҳои тоҷикиву ӯзбекии шоир бо маҳорат қироат намуданд, ба ӯ суол дода ҷавоб гирифтанд.
Анҷумани шеъру сухан дар хонаи маданияти ноҳияи Бойсун идома ёфт. Аз саҳарии барвақт аз ҳар гӯшаву канори вилоят аҳли қалам ба дидорбинии шоир ва барои баҳрабардорӣ аз ашъори намакинаш гирд омада буданд. Аз мактабҳои тоҷикии ноҳия устодону шогирдон, мухлисони шеъри шоир, хешу табор ҷамъ гардида, ҳар яке хушнудии хешро аз созмони чунин як чорабинии фарҳангӣ аён месохтанд.
Сараввал роҳи ҳаёт ва эҷодиёти шоир бо монологи ӯву тасвирҳо дар навор намоиш дода шуд. 
Дар чорабинӣ хонандагони мактаби рақами 44-уми ноҳияи Бойсун, ки замоне худи шоир низ дар он ҷо таҳсил гирифтааст, ширкат варзида, аз ашъораш намунаҳо қироат карданд, ки аз ҷониби ҳозирин хуш пазируфта шуд. Суханронӣ ва шеърхонии донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии Тирмиз Миршакар Ризоев, ки худ аз хеши наздики шоир аст, хеле муассир буд ва аз ҷониби ҳозирин бо кафкӯбиҳо истиқбол гардид. Санъаткорон Тоҳирҷон Зокиров ва Хайруллоҳи Насриддин аз ашъори шоир сурудҳо хонданд. 
Сипас, шоиру меҳмонон ҷониби ватани бобоии шоир – деҳаи Назариро пеш гирифтанд. Мавзеҳои Паданг, Дуоба, Гуматакро тай намуда, баъди ду соат, пас аз шом ба манзил расидем. Суҳбати гарму самимӣ то поси шаб давом кард. Пагоҳ сайругаштро дар гузарҳои Айлонгард (Ариянгирд), Туркмонтала, Чуқурак, Назарии Поён идома дода, ба аёдати чанд нафар мӯйсафедон рафта, дуоҳояшонро гирифтем. 
Маълум буд, ки соҳибҷашн аз дидани ватани бобоӣ ва дидору суҳбати дӯстону наздикон хеле мамнун бошад ҳам, вале бо дили кашол поён бармегардад, охир ватану наздиконро тарк кардан корест мушкил. Ниҳоят, ба маркази ноҳия расидему меҳмононро ҷониби Тошканд гусел намудем. Лаҳзаҳои хайрбод ин мисраъҳои шоире тасаллои дили мо буд:
Боз омадан зи рафтани 
хуршед дур нест,
Гар зиндагист дида ба 
дидор мерасад.

Олим ПАНҶИЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик»  дар вилояти Сурхондарё.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: