ТАШАББУСКОР ВА НАВОВАР БОШЕМ

Муроҷиатномаи навбатии Президент Шавкат Мирзиёевро ба Олий Маҷлис тамоми бошандагони мамлакатамон бо рӯҳбаландӣ истиқбол гирифтанд.

 Дар Муроҷиатнома корҳои амалишуда ва камбудиҳои соли гузашта рӯйирост муҳокима гардида, барои соли ҷорӣ вазифаҳои муҳим пеш гузошта шуданд.
Муроҷиатномаи навбатии Президентро тамоми бошандагони кишвар, аз ҷумла, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳи мо ҳам аз самими қалб қабул карданд ва дар дили онҳо барои ободӣ ва фаровонии минбаъдаи Ӯзбекистони соҳибистиқлол эҳсоси ғуруру ифтихор бедор шуд.
Ягон соҳа нест, ки дар Муроҷиатнома мавриди баррасӣ қарор нагирифта бошад. Аз ҷумла, дар он ба илм, маърифат эътибори махсус дода шуда, қайд гардид, ки барои ривоҷёбии мамлакат илм, маърифат аз омилҳои муҳимтарин ба шумор мераванд.
Президенти кишвар дар соҳаи таълими олӣ дар баробари роҳандозии ислоҳот ҳамкорӣ бо таълими олии мамлакатҳои хориҷиро пешниҳод кард. Дар ин ҷода мо — муаллимони муассисаҳои таълими олӣ кор бурда, бояд соҳиби дониши баланд бошем ва барои кашфи донишҷӯёни соҳибистеъдод саъю кӯшиш намоем. Ҳамчунин, ташаббускор ва навовар бошем.
Инчунин, дар Муроҷиатнома  пешниҳод шуд, ки соли 2020 қабули донишҷӯён ба таълими олӣ ба 25 фоиз, дар оянда ба 50-60 фоиз расонида,  қабули донишҷӯён бо гранти давлатӣ ду баробар зиёд гардад.
Мо — ҷамоаи муаллимони донишгоҳ Муроҷиатномаи сарвари мамлакатамонро сармашқи кори худ қарор дода, ба омӯзиши илм ва тарбияи донишҷӯён эътибори алоҳида медиҳем, то ки ҳар як шогирди мо баъди хатми донишгоҳ фаъолияти меҳнатии худро дар мактабҳои таълими умумӣ давом дода, ҷавонони содиқи Ватанро тарбия кунанд, барои аз сафи мамлакатҳои мутараққии ҷаҳон ҷой гирифтани давлатамон саҳми босазо гузоранд.

Рӯзимат ҶӮРАЕВ,
дотсент, сардори Инспексияи назорати сифати таълими Донишгоҳи давлатии Намангон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: