ЧЕЛОН ВА ҶИҲАТҲОИ ДАВОИИ ОН

Меваи челон кулӯлаи дарозшакл буда, донак дорад, рангаш сурху ҷилодор аст.

Меваи челон  кулӯлаи дарозшакл буда, донак дорад, рангаш сурху ҷилодор аст.  Дарахти он дар моҳҳои июн-июл гул карда, мевааш дар моҳҳои август-сентябр пухта мерасад. Барг ва меваи он мавриди истифода аст.
Таркиби кимёвиаш: дар пӯсти челон моддаҳои ғизоӣ ва алкалоидҳои пепид, дар баргаш моддаҳои коҳишдиҳандаи дард, кислотаи аскарбин, қатрон, глюкозид, сапонин ва фитонсид, дар таркиби меваи он миқдори зиёди қанд, витамин С, кислотаҳои органикӣ, дар мағзи донакаш то 33 фоиз равған мавҷуд аст.
Таъсир ва корбурди он: челонро дар табобати халқӣ барои касалиҳои  гурдаву пешобдон, роҳи нафас, ревматизм, баланд шудани таб ва бемориҳои рӯда аз қадим истифода мебаранд. Аз пӯсти решааш бошад, доруи қувватбахшанда ва равшанкунандаи дил тайёр карда мешавад.
Меваҳои челон ҳамчунин ба бемориҳои  пиелит, систит диарея кӯмак мерасонад ва меъдаро мустаҳкам мекунад. Дар табобати халқии Осиёи Миёна  аз мева ва баргҳои челон шарбат тайёр намуда, ба бартараф намудани дарди қафаси сина, диққи нафас, дарди дил, камхунӣ истифода мебаранд.                                                                                                                         Онро барои муолиҷаи бемориҳои ҷигар, гурда, пешобдон, кор мефармоянд, ичунин, барои мулоим кардани рӯда ва рондани пешоб низ истифода мебаранд. 
Ибни Сино челонро барои бемориҳои камқувватӣ, диарея, хунравӣ низ кор фармудааст.
Дар табобати  ҳинд челонро ҳамчун воситаи дафъи шамолхӯрӣ, омос, ҷароҳату фасод, заҳри неши каждум, сӯзок истифода  менамоянд. Тибетиён меваи челонро ба бемориҳои меъда, дар мавриди вайрон шудани табодули моддаҳо корбаст менамоянд. Дар Хитой бошад ба таркиби доруҳои мураккабе, ки бемориҳои гипертония,  норасоии дил, сил, шифо мебахшад, дохил мекунанд.
Дар табобати замонавӣ аз мева ва барги челон шираи 10 фоиза тайёр мекунанд, ки он барои пешобронӣ давои хуб аст.
Меваи челон бемории гипертонияро (баландфишории хун) пешгирӣ мекунад.
Ба ғайр аз ин, челонро барои тунук ва тоза намудани хун истифода мебаранд.
Усулҳои омода намудан ва истифода бурдани он:
1. Ба болои  15-20 грамм меваи челон  300 мл об рехта (барои як истеъмол), то 100 мл. мондани он (дар буғ) меҷӯшонед.
2. Барои бемориҳои бронхит, систит ва пиелит ҳар рӯз 2-3 маротиба (10-20 донагӣ) челонро истеъмол мекунанд.
3. 300 гр. челонро ба 6 литр об ҳамроҳ карда, то 5,5 литр боқӣ мондани он дар оташи паст меҷӯшонанд. Ин шарбати шифобахш хунро тоза ва тунук мекунад.

Акмал СОАТОВ.
Марзия СОАТОВА,
дорушиносон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: