ФАЪОЛ БОШЕМ!

Ба мақсади пешгирӣ кардани сӯхтор дар мавсими тирамоҳу зимистонӣ ва пурзӯр намудани чорабиниҳои таъмини бехатарӣ аз сӯхтор аз 15 ноябр то 15 декабри соли ҷорӣ дар ҳудуди ҷумҳуриамон «Моҳонаи бехатарӣ аз сӯхтор» эълон гардид.

Барои босамар гузаронидани моҳонаи мазкур ходимони шуъбаи вазъиятҳои фавқулодаи ноҳияи Янгиҳаёти пойтахт гузаронидани як қатор чорабиниҳоро ба нақша гирифтаанд. Мувофиқи нақша онҳо, пеш аз ҳама, ба хонаҳои бисёрошёна ва маҳаллаҳои аҳолинишин рафта, оиди пешгирии сӯхтор, истифода накардан аз асбобҳои гармидиҳии дастисохт, эҳтиёт шудан аз ғубори газ сӯҳбатҳо мегузаронанд. 
Бояд таъкид намуд, ки дар ноҳияи мазкур маҳаллаҳои Чортоқ, Гулзор, Ташаббус, Хушнуд, Ёрқин ҳаёт, Чароғон ва ғайра ҷойгир буда, дар онҳо 1008 ва дар биноҳои бисёрошёнаи маҳаллаҳо 37854 хонадон мавҷуданд. 
Дар асоси реҷа дар 5 рӯзи аввали моҳона ходимони бехатарӣ аз сӯхтор бо мутасаддиёни маҳаллаҳо бояд дар 895 хонадони биноҳои баландошёна ва 456 хонадони маҳаллаҳо рафта, ҳолати ускунаҳои газ, дегхонаҳои гармидиҳӣ ва дудбароҳои хонадонҳоро месанҷанд. Бо баробари аниқ кардани носозиҳо ба саривақт бартараф намудани онҳо мекӯшанд.

Бегзод ПИРМАТОВ,
инспектори шуъбаи профилактика ва назорати вазъиятҳои фавқулодаи ноҳияи Янгиҳаёти пойтахт. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: