МЕРОСИ БУДДОИИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР ТАИЛАНД НАМОИШ ДОДА ШУД

Дар Китобхонаи миллии Таиланд машварати байналхалқии илмӣ дар мавзӯи «Мероси ғановатманди буддоӣ дар Ӯзбекистон» ба амал омад.

Дар чорабиние, ки ба муносибати 26-умин солгарди ҷашни муҳими динӣ дар Таиланд – «Рӯзи Висах Буч» баргузор шуд, намояндагони маънавӣ, сиёсӣ, доираҳои академӣ ва фарҳангӣ, ҳамчунин ҳайати дипломатии дар мамлакат номнависшуда ширкат ҷустанд.
«Рӯзи Висах Буч» дар тамоми ҷаҳон ҳамчун санаи таваллуд, рӯзгор ва фавти Буддо қайд карда мешавад. Соли 1999 он аз ҷониби СММ рӯзи байналхалқӣ эълон гардид.
Дар тадбир ҳайати Ӯзбекистон дар таркиби намояндагони ҳокимияти вилояти Сурхондарё, оҷонсии оид ба мероси фарҳангӣ, Вазорати фарҳанг ва сайёҳӣ, Донишкадаи давлатии шарқшиносии Тошканд, Донишгоҳи давлатии Тирмиз, ҳамчунин дипломатҳои ӯзбекистонӣ дар Бангкок иштирок карданд.
Дар суханрониҳо зикр шуд, ки Ӯзбекистони воқеъ дар маркази Шоҳроҳи абрешим чорроҳаи тамаддун, мавзеи муҳими рушди дини зардуштӣ, буддоӣ, иудӣ, христианӣ ва ислом ба шумор меравад. Қайд гардид, ки инак беш аз 2700 сол боз дар замини Ӯзбекистон мардуми дорои дин ва оинҳои мухталиф бо сулҳу салоҳ зисту зиндагӣ мекунанд.
Таъкид шуд, ки алҳол дар Ӯзбекистони Нав барои бунёди ҷамъият ва давлати озоду пешқадам ва баланд бардоштани иқтидори мамлакат дар тамоми соҳаҳо ба мероси маънавӣ ва фарҳангии ниёгони худ такя мекунанд.
Муовини ҳокими вилояти Сурхондарё Ҷӯрабек Тӯраев ба иштирокдорон дар бораи бренди нави сайёҳии вилояти Сурхондарё, иқтидорҳои мавҷудаи самтҳои зиёрат, тиб, таом, сайёҳии варзишӣ ва экологӣ, ҳамчунин барои зоирон бунёд кардани иншоотҳо маълумоти муфассал дод. Ҳамчунин дар бораи чорабиниҳои байналхалқие, ки бояд соли 2023-юм дар минтақа гузаронида шаванд, иттилоъ дода шуд.
Президенти Иттиҳодияи умумиҷаҳонии буддоӣ Порнчай Палавадхаммо зикр намуд, ки чандин бор ба Ӯзбекистон сафар намуда, дар асоси дидаву шунидаҳояш бобати мавҷуд будани тамоми шароит барои сайёҳони хориҷӣ, меҳмоннавозии ӯзбекистониён, мавҷудияти ёдгориҳои таърихӣ ва иқтидори сайёҳии мамлакат маълумот пешниҳод кардааст.
Дар ҷараёни машварати байналхалқӣ наворҳои видеоии бахшида ба имкониятҳои сайёҳии Ӯзбекистон намоиш дода шуданд, ҳамчунин иштирокдорон ба пурсишҳои худ посух гирифтанд.
Иштирокдорони чорабинӣ пешниҳод намуданд, ки имкониятҳои созмон додани Маркази фарҳангиву илмӣ ё худ пажӯҳишгоҳи илмиву тадқиқотӣ якҷо бо Таиланд омӯхта шавад, ки бо омӯзиши таърихи ёдгориҳои буддоии воқеъ дар Ӯзбекистон, кофтукофҳои ҳафриётӣ, эҳёи бозёфтҳо ва тадқиқоти илмӣ машғул мешавад.
Бинобар натиҷаи чорабинӣ барои идома додани ҳамкориҳо вобаста ба омӯзиши минбаъдаи ёдгориҳои буддоии вилояти Сурхондарё, ҳифз, таъмир ва намоиш додани онҳо, ҳамчунин ҷалби технология ва мутахассисон барои фароҳам овардани шароитҳои мувофиқ ба зоирон муоҳидаҳо ба имзо расиданд.

АИ «Дунё»,
шаҳри БАНГКОК.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: