«САДОИ ФАРҒОНА» – МИНБАРИ ҶАДИДОНУ СОҲИБКОРОН БУД

Бахши вилоятии Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон тасмим гирифтааст, ки моҳи апрели соли 2024 дар шаҳри Фарғона як ҳамоиши густурдаи илмӣ-амалӣ баргузор мекунад.

Он ба мавзӯи «Нақши рӯзномаи «Садои Фарғона» дар рушди матбуоти миллӣ ва ҷойгоҳи он дар ҳаракати ҷадидия» бахшида хоҳад шуд. 
– Ин ҳамоиш ба дунболи конфронси байналмилалие роҳандозӣ хоҳад шуд, ки ба наздикӣ дар шаҳри Тошканд баргузор гардид ва дар он олимон, фозилон, таърихнигорон, журналистон ва меҳмонони зиёд ширкат намуданд. Ба ин васила иштирокчиёни ҳамоиш бо фаъолияти рӯзномаи «Садои Фарғона» низ аз наздик ошно хоҳанд шуд, – мегӯяд раиси бахши вилоятии Иттиҳодияи журналистони ҷумҳурӣ Муҳаммадҷон Обидов.
Дар бораи «Садои Фарғона» ба таври мухтасар ҳаминро метавон қайд намуд, ки он пеш аз инқилоби болшевикӣ чоп мешуд. Маводи он, ки  афкори зиёиёни маърифатпарвар ва тоҷирони водии Фарғонаро ифода мекард, муҳтавои ҷадидиро касб менамуд. Муассис, ношир ва муҳаррири «Садои Фарғона» Обидҷон Маҳмудов буда, аз 3 апрели соли 1914 ҳамагӣ ҳашт моҳ ҳафтае ду маротиба нашр шудааст. Аз 17 июли соли 1914 бо номи «Ферганское эхо» ҳафтае се маротиба ба забони русӣ интишор ёфтааст.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: