НИЗОМИ ТАЪЛИМ РӮ БА БЕҲБУДӢ МЕОВАРАД

Инсон дар ҳамаи асру замон ба таълиму тарбия ниёз дорад.

Агар ба гузаштаи дуру наздики халқамон нигоҳ кунем, мебинем, ки фарзандони аҷдоди мо дар мактабҳои гуногун таълиму тарбия гирифтаанд. Кас ҳаёту фаъолияти намунаи ибрати аҳли илму адабро пеши назар оварда, ҳайрон мемонад, ки онҳо дар мактабҳои тангу тор дар равшании шамъу чароғ бо кадом усул таълиму тарбия гирифта бошанд, зеро шеъру ҳикоя, қиссаҳои аҷоиб ва рисолаҳои илмиашон аз нигоҳи мантиқ ва тарзи баён камбудие надоранд. 
Имрӯз ҳамаи шароити таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст, омӯзгорони маълумоти олидор дар синфхонаҳои васеъ ва равшан ба талабаҳо дарс медиҳанд, вале мебинем, ки баъди номаи камол гирифтан на ҳамаи хонандагони мактабҳо мустақилона ҷумлаеро дуруст навишта метавонанд...
Дар се соли охир бо ташаббус ва саъю кӯшишҳои Президент дар ҳама соҳаҳои ҳаёт, аз ҷумла таълими халқ, дигаргуниҳои назаррас рӯй доданд, қарору фармонҳои таърихӣ қабул карда шуданд. Хусусан, ходимони муассисаҳои таълими томактабӣ, мактабӣ ва таълими олӣ – мураббиён, омӯзгорон, устодони донишкадаву донишгоҳҳо, ҳатто одамони оддӣ ин дигаргуниҳоро мебинанд ва ҳис мекунанд. Дар натиҷаи ислоҳоти васеъмиқёс дар соҳаи таълими халқ ва корҳои амалии зиёд маълум шуд, ки таълими нуҳсола ба фоидаи давлату ҷамъият набудааст, бисёрии хатмкардагони коллеҷҳои касбу ҳунар донишҳои гирифтаашонро дар истеҳсолот ба амал татбиқ карда натавонистанд, дар ин соҳа камбудиву норасоиҳои зиёд ба назар расиданд.
Аз ин рӯ, омӯзгорони мактабҳои миёнаи умумӣ, падару модарон ва ҷомеаи васеъ фармони сарвари мамлакатро дар бораи ҷорӣ кардани таълими ёздаҳсола хуш қабул карданд.
Дар ин хусус ҷонишини директор доир ба корҳои маънавию маърифатии мактаби миёнаи рақами 32-юми ноҳияи Сергелӣ Шоиста Ваҳҳобова чунин изҳори ақида кард:
– Ҳаёт нишон дод, ки бисёрии коллеҷҳои касбу ҳунар натиҷаи дилхоҳ надоданд. Баъзе коллеҷҳо дур аз мавзеъҳои аҳолинишин сохта шуданд. Хатмкардагони синфи 9-ум, ки ҳанӯз дасти чапу росташонро намешиносанд, ба рафтуомад ба коллеҷҳои касбу ҳунар душворӣ кашиданд, чунин ба назар мерасид, ки умрашон дар коллеҷҳо беҳуда мегузарад, тарбияи баъзе ҷавонон, хусусан духтарон, хуб ба роҳ монда нашуд, ба маънои пуррааш соҳиби касб шуда натавонистанд, бекорӣ зиёд шуд, ба тарбияи ахлоқиашон, ки онҳо дар айни камолотанд, низ таъсири манфӣ расонда шуд. Ҳарчанд аз низоми таълими он солҳо аксарият норозӣ буданд, дар ёду хаёли ҳеҷ кас намеомад, ки дар соҳа ин қадар дигаргуниҳо рӯй медиҳанд. Ҳазор раҳмат ба роҳбари давлатамон, ки талабу дархостҳои аҳолиро ба назар гирифта таълими ёздаҳсоларо ҷорӣ кард. Ҳоло мо мебинем, ки талаб дар мактабҳо дигар хел аст, хонандагон оҳиста-оҳиста ба китобхонӣ рӯ меоваранд, асосҳои илмро чуқуртар меомӯзанд, омӯзгорон ба корҳои ҷамъиятӣ, ҳар гуна ҳашар ҷалб карда намешаванд, акнун вазифаи шогирдони онҳо танҳо аз хондан иборат аст.
Дуруст мегӯяд Ш. Ваҳҳобова, эътибору ғамхорӣ ба аҳли маориф ва насли ҷавон зиёд аст. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки пешрафти ҷамъияту давлат ба ҷавонони донишманд вобастагии зиёд дорад. Ҷавонони донишмандро бошад, мактабҳо тайёр мекунанд. Сарвари мамлакатамон қариб дар ҳамаи баромадҳои худ гуфта мегузарад, ки ҷавонони огоҳу донишманд ояндаи мамлакатанд.
– Солҳои охир дар асоси қарору фармонҳои роҳбари давлат чанд маротиба маоши омӯзгорони мактабҳои миёнаи умумӣ зиёд карда шуд. Албатта, дар баробари ин масъулияти онҳо низ зиёд карда мешавад. Президентамон ҳар сол мураббиён ва омӯзгорони мамлакатро бо иди касбиашон табрик менамояд. Дар ин гуна табрикҳо талаби замон низ инъикос меёбад. Дар табрики имсолаи ӯ ин суханонро хондем, ки масъулияти аҳли маорифро боз ҳам зиёдтар мекунад: «Омӯзгори имрӯза бояд мутахассиси универсал бошад, ҳам омӯзад, ҳам омӯзонад, яъне дар бораи худ муттасил кор кунад, доимо ҷӯяд. Аз ҳама муҳимаш, омӯзгор бояд ватанпарвари ҳақиқӣ бошад, бояд ҳамкории оила, мактаб ва маҳалларо мустаҳкам кард»..., – мегӯяд директори мактаби номбурда Мавлуда Мадаминова. – Мактаби миёнаи рақами 32-юми ноҳия соли 1974 сохта ба истифода супурда шуда, алҳол 964 нафар хонандаро фаро мегирад. Соли 2019 барои мактаби мо соли бобарор буд. Моҳи сентябр таъмири пурраи мактаб оғоз ёфт ва то моҳи марти соли 2020 ба охир расидани корҳои таъмирӣ пешбинӣ шудааст. Боз як навгонии хурсандиовар дар он аст, ки дар асоси барномаи «Маркази обод» дар ҳудуди мактаб маҳаллаи «Янги Чоштепа» барпо гардид ва барои фарзандони сокинони он, ки дар синфҳои русӣ мехонданд, дар мактаби мо ду синфи таълимашон ба забони русӣ кушода шуд. Дар мактаб маҳфилҳои гуногуни фаннӣ ва варзиш фаъолият доранд.  
Дар ду-се соли охир обрӯйи ҷамъиятии омӯзгор баланд бардошта шуд. Ин суханони роҳбари давлат «Дар Ӯзбекистон бояд инсони баобрӯтарин муаллим бошад» омӯзгорони асили мамлакатро ба ояндаи мактабу маориф дилгарм сохт. Қарори Президент «Дар бораи чорабиниҳо доир ба таъсис додани мактабҳои президентӣ» аз моҳи марти соли равон ва ба амал ҷорӣ гардидани он дар роҳи таълиму тарбия қадаме ба пеш шуд. Ҳоло дар ин мактабҳо садҳо хонандагони болаёқат таҳсил мекунанд. Дар давоми ду-се соли охир дар мамлакат бисёр мактабу кӯдакистонҳои наву замонавӣ сохта ба истифода дода шуданд, ин ҷараён давом дорад. Ба ҳамаи ин дигаргуниҳо қарори сарвари мамлакатамон «Дар бораи чорабиниҳо доир ба куллан такмил додани низоми таълими умумии миёна, миёнаи махсус ва касбӣ», ки моҳи апрели соли гузашта қабул гардида буд, такони нав бахшид.

Саодат 
БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: