ИТТИҲОДИЯИ «ЗАНИ ТАДБИРКОР» ТАШКИЛОТИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ШУД

Чаро баъзе соҳибкорон муфлис мешаванд ва тиҷораташонро мебанданд?

Навкорон бояд чиро омӯзанд ва умуман занони соҳибкор чӣ гуна дастгирӣ карда мешаванд? Мо бо ин ва дигар саволҳо ба раиси шуъбаи Иттиҳодияи «Зани тадбиркор»-и вилояти Самарқанд Фирӯза Хонкелдиева муроҷиат кардем.
– Аз соли 1991 дар ҳамаи вилоятҳои мамлакатамон бахшҳои «Зани тадбиркор» таъсис ёфтанд. Маълум аст, ки тӯли ин солҳо иттиҳодия дар саросари кишвар ба бисёр бонувон барои оғози тиҷорати худ кумак расонид...
– Солҳои аввал кор хеле мушкил буд, мо хона ба хона гашта, аз занҳо  мепурсидем, ки: оё мехоҳанд бо тиҷорат машғул шаванд?» Ба онҳо умед мебахшидем, дар бораи имкониятҳо ҳарф мезадем. Натиҷаи ин, агар даҳ сол пеш дар шуъбаи вилоятии иттиҳодия ҳамагӣ 100 нафар зан бошанд, имрӯз шумораи онҳо қариб 8 баробар зиёд шуд. Мо ба ғайр аз аъзои доимии иттиҳодия зиёда аз 3000 нафар соҳибкорони вилоятро дастгирӣ мекунем. Хурсандиовар аст, ки имрӯз занони синну соли гуногун дилпурона тиҷорати худро мекушоянд. Мо ба онҳо ёрӣ мерасонем. Аксарият намедонанд, ки тиҷорати худро дар куҷо ва чӣ гуна оғоз кунанд. Мо ба онҳо роҳнамоӣ мекунем, бозорро якҷо меомӯзем ва маслиҳат медиҳем.
– Шумо бевосита бо занҳои соҳибкор кор мекунед. Оё имрӯз ба занҳо соҳибкор будан осон аст?
– Соҳибкорӣ барои зане, ки хоҳишу иродаи мустаҳкам дорад, осон аст. Аммо баъд аз оғози фаъолият тадбиркори ҳақиқӣ шудан душвор. Чунки ин қувваи зиёдро талаб мекунад. Ӯ бояд мунтазам таҷриба андӯзад. Тадбиркорӣ танҳо ба маблағ вобаста нест, пули зиёд дошта бошед ҳам, худ аз худ тадбиркор шуда наметавонед. Барои ин мотиватсия, хоҳиш ва дониши баланд лозим аст.
– Чаро баъзе соҳибкорон муфлис  (банкрот) мешаванд ва тиҷораташонро мебанданд?
– Эҳтимоли банкрот шудани нафароне, ки дар ин соҳа таҷрибаи кофӣ надоранду фаъолияташонро бо вом (кредит) оғоз мекунанд, зиёдтар аст. Бинобар ин, барои оғози кор соҳибкор бояд соҳиби на камтар аз 20 фоизи сармояи ба тиҷорат пешбинишуда  бошад. Таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки 80 фоизи заноне, ки тиҷорати худро бо вом оғоз кардаанд, муфлис шудаанд.
– Маълумоти оморӣ нишон медиҳад, ки дар вилоят аксар занони соҳибкор ба соҳаи дӯзандагӣ машғуланд…
– Маҳсулоти қаннодӣ низ маъмул аст, аммо бо тафриқа аз маҳсулоти дӯзандагӣ як камбудии ҷиддӣ дорад, ки ин муҳлати нисбатан кӯтоҳи нигоҳдории маҳсулоти истеҳсолшуда мебошад. Вале занони мо дар ин бобат натиҷаҳои хуб ба даст меоранд. Масалан, соли сеюм аст, ки дар маҳаллаи Панҷоби шаҳри Самарқанд сехи пазандагии Гулзода Аҳмадоваи 30-сола амал мекунад. Дар ин ҷо баробари маҳсулоти каннодӣ рӯзе 50 қуттӣ хӯроки нисфирузӣ тайёр мекунанд. Дар сехи соҳибкори ҷавон як шабонарӯз ба ҳисоби миёна зиёда аз 15 килограмм гӯшт харҷ мешавад. Соли гузашта, зане ба мо муроҷиат кард, ки мехоҳад қаҳвахона ё ошхонаи хурд кушояд. Бозорро омӯхта, фаҳмидем, ки дар атрофи он нуқтаҳои хӯроки умумӣ бисёранд, якҷо ба хулосае омадем, ки сехи истеҳсоли маҳсулоти нимтайёр кушодан беҳтар аст. Алҳол маҳсулоти нимтайёр ва ҳам каннодии ӯро мағозаҳо, супермаркетҳо ва ҳатто бархе аз тарабхонаҳо мехаранд. Ҳоло дар вилоят фаъолияти хонакорӣ низ чун яке аз соҳаҳои бомуваффақият ривоҷ меёбад. Масалан, як соҳибкори ургутӣ истеҳсоли ҷомаҳои анъанавии мардонаро ба роҳ монд. Ӯ қариб 20 нафарро ба кор ҷалб намуда, онҳоро бо маҳсулоти нимтайёр таъмин мекунад. Занҳо гиребон ва ду бари ҷомаро медӯзанд. Ин тақрибан 15 дақиқа вақт мегирад. Аз ин рӯ, занони ҳунарманд рӯзона дар хона нишаста, метавонанд 20–25 адад ҷома дӯзанд.
– Дар бораи лоиҳаҳои иттиҳодия низ чанд сухан мегуфтед...
– Лоиҳаҳои доимии иттиҳодия тренингҳои таълимӣ ва дарсҳои маҳорат мебошанд, ки дар рафти онҳо ба занони соҳибкор на танҳо тарзи дуруст пеш бурдани тиҷорати худ, балки ҷанбаҳои ҳуқуқӣ низ омӯзонида мешаванд. Занони тадбиркор ба лоиҳаҳои психологӣ ва курсҳои омӯзиши забони англисӣ низ шавқи зиёд доранд. Ғайр аз ин, дар иттиҳодия моҳе як маротиба аъзои маҳфили соҳибкорӣ, ки назди «Зани тадбиркор» ташкил шудааст, аз дастовардҳои худ нақл карда, дар бораи навигариҳои соҳа суҳбат мекунанд.
Ногуфта намонад, ки Иттиҳодияи «Зани тадбиркор»-и мо мақоми ташкилоти байналхалқиро гирифт. Бинобар ин, доираи имкониятҳо боз ҳам васеъ гардиданд. Минбаъд, мо метавонем бо соҳибкорони ҷаҳон ҳамкорӣ кунем, грант гирем. Масалан, чанде пеш аз ҳамкасбони тоҷикистонӣ барои татбиқ намудани лоиҳаи муштарак пешниҳод омад. Аз ҷумла, занони ҳунарманди моро даъват мекунанд, ки ба Тоҷикистон раванд ва ба занони тоҷикистонӣ тарзи тайёр кардани шириниҳои шарқона, аз ҷумла парвардаро омӯзанд. Илова бар ин, дар ин рӯзҳо мо дар ҳамкорӣ бо Бунёди ҳамкории Олмон лоиҳаи таълимиро амалӣ мекунем. Дар чаҳорчӯби он  барои баланд бардоштани саводнокии соҳибкории занони деҳот семинарҳои таълимиву тарбиявӣ баргузор мешаванд.
Хулоса, Иттиҳодияи занони соҳибкор на танҳо барои ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкорӣ кумак мерасонад, балки тавассути баргузории озмуну семинар ва ҳамоишҳо онҳоро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ мекунад. Дар миёни онҳо озмуни «Анор»-ро мисол овардан мумкин аст, ки ҳар сол гузаронида шуда, беҳтарин зани соҳибкор, ҳунарманд ва кишоварзи кишварро муайян мекунад.

Сӯҳбаторо Дилафрӯз ОБЛОҚУЛОВА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: