БОВАРӢ ДОРЕМ...

Ҳар боре шумораи навбатии «Овози тоҷик»-ро варақ мезанам, ҳатман ба адади нашри он назар меафканам.

 Аввали сол обуна ба рӯзномаи ягонаи тоҷикии Ӯзбекистон – «Овози тоҷик» дилгиркунанда буд. Вазъияти газета ҳар як тоҷики бомаърифатро ба андеша кардан водор менамуд. Оё дар ҷумҳурӣ нуфуси тоҷикон ночиз аст? Маълумоти оморӣ акси инро шаҳодат медиҳанд. Тоҷикон дар байни аҳолии сермиллати ҷумҳурӣ аз ҷиҳати нуфус дар ҷойи дуюм қарор доранд. Хушбахтона, бо кумаки ҳомиёну баъзе ташкилоту муассисаҳо адади нашри рӯзнома   боло рафт. Вале борҳо мушоҳида кардаем, ки 7-8 шумораи рӯзномаи ройгон ба мактабҳои таълимашон тоҷикӣ расида, дар китобхонаҳо даста-даста чанг зер карда хоб кардаанд. Ҳатто омӯзгорон ҳам пайваста намехонанд. Ҳол он ки дар ҳар як шумора доир ба ҳаёт ва фаъолияти омӯзгоре ё маводи услубию навгоние соҳаи таълиму тарбия чоп мешаванд. Ба замми ин саҳифаи махсус бонувони «Омӯзгор»  нашр меёбад. Оид ба ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ мақолаҳои зиёд ба табъ мерасанд. Ин ҳама аввало ба омӯзгор ва баъдан ба ҳар як хонандаи закитабъ зарур аст. Омӯзгор бояд омӯзад, то биомӯзонад. Маълум аст, чун омӯзгор аз омӯзиш бозмонд, симои муаллимии худро гум мекунад. Назди толибилми серталаби имрӯз дар ҳолати ногувор мемонад...
Шояд дастрас нашудани китоб сабаб шавад, чун адади нашри онҳо хеле ночизу кам аст, вале дастрас нашудани рӯзнома баҳона шуда наметавонад. Зеро барои ин обуна шудан кифоя аст. Нахондани китоб, ба хусус рӯзнома ба костагии ҷаҳонбинӣ, худшиносиву худогоҳӣ мерасонад. Рӯзнома забон аст, забони миллат. Рӯзнома воситаест, ки забонро аз олудагиҳо пок карда, забони адабиро ташаккул медиҳад.
Пас чаро мо рӯзнома намехонем, ҷаҳонбинии худро такмил намедиҳем? Чаро нисбати арзишҳои миллиамон бефарқ ҳастем? Садҳо чаро-чароҳо аз андешаи кас мегузарад, вале дарёфти посухи дақиқ амрест муҳол.
Айёми бозсозӣ эҳсосоти худшиносии мардум хеле боло рафта, дар шуури мардум  ҷараёни бедорӣ сурат гирифта буд. Завқу шавқ ба омӯзиши арзишҳои миллӣ зиёд гардид. Миқдори синфҳои тоҷикӣ ба маротиб афзуд. Дар рӯзномаҳои ноҳияҳои  тоҷикнишин саҳифаҳо ба забони тоҷикӣ пайдо шуданд, дар вилоятҳо ҳам. Сафи обуначиён афзуд. Ҳатто қарорҳои ҳокимони вилоятҳо дар бораи рафъ намудани хатоиҳои солҳои 30-юми асри гузашта бобати ислоҳи сабти миллат дар шиноснома интишор шуданд. Дар шаҳри Нурато чандин оиларо медонам, ки миллати худро дар шиноснома тоҷик нависонидаанд. Таассуфовар аст, ки баъдан ин ҳама ба фаромӯшӣ расид. Шояд сабаби аввали ин ҷараён душвор гардидани вазъи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии давраи гузариш буд. Ин ҳолат мардумро  лоқайду бепарво кард. Ҳиссиёти хештаншиносиву худогоҳиашон коста гардид. 
Оре, дар зинаи аввали давраи гузариш вазъи иҷтимоии аҳолӣ роҳаткунанда набуд. Сафи бекорон афзуд. Ташвишҳои зиндагӣ зиёд шуданд. Ба хусус ҷавонон мардикориро дар кишварҳои дуру наздик пеша карданд.
Имрӯз ҳаёт дигар аст. Бо ташаббус ва роҳнамоии Президент ва ислоҳоти ояндасоз вазъи зиндагии мардум хеле хуб шудааст ва боз ҳам хубу фаровонтар мегардад. Хосатан ба ҷавонон имкониятҳои васеъ муҳайё мешаванд. Вале ҳамоно масоили худшиносиву худогоҳӣ дар канор мондаанд. Маърифату маънавият пеш намераванд. Аксарият ба тамошо ва хондани маводи шабакаҳои интернет машғуланд. Он ҷо ба забони модарӣ чизеро намехонанд ва ё тамошо намекунанд.
Аксарият аз душвории забони рӯзнома гила доранд, ки як баҳона асту халос. Рӯзнома ба забони адабии форсии тоҷикӣ чоп мешавад, на ба шеваи ягон маҳал. Вақте ки шахс ба забони модарӣ китобу рӯзнома нахонад, забони адабиро аз куҷо донад? 
Сониян, забон ҳамеша дар такомул аст. Вобаста ба рушди ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ таркиби луғавии забон аз ҳисоби вожаву ибораҳои нав ғанӣ мегардад. Ин ҳодиса ба ҳамаи забонҳо хос аст. Бояд таъкид кард, мо, тоҷикон хушбахтем, ки осори мондагори ниёконамонро бе табдилу тарҷума мехонем ва  дарк менамоем. На ҳамаи халқҳо ба ин қобилу қодиранд... 
Ошкоро бояд гуфт, ки калиди худогоҳиву хештаншиносӣ хондан, хондан ва боз хондани китобу рӯзнома буду ҳаст!
Соли оянда рӯзномаи «Овози тоҷик» садсола мешавад. Дар ташкил ва таҳияи нахустшумораҳои рӯзнома хидмати Устод Садриддин Айнӣ ва ҳамсафони баору номӯси ӯ беандоза аст. Кори пасомадони онҳо ва кормандони кунунии рӯзномаро набояд осон гирифт.  
Рӯзнома шиноснома, парчами миллат боиси нангу ор ва номуси тоҷикони кишвар аст. Пас аз чанде боз маъракаи обуна ба нашрияҳои даврӣ оғоз мегирад. Итминони комил дорем, ки ҳамзабонони мо якдилона ва ҳамҷиҳатона ба ҳифзи ору номуси худ бармехезанд ва минбари ягонаи хеш «Овози тоҷик»-ро дастгирӣ мекунанд. 

Ӯзбакбойи РАҲМОН. 
Вилояти НАВОӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: