ИСМАТУЛЛО МУАЛЛИМ – МАШЪАЛИ МАЪРИФАТ

(Ба шарафи 140-солагии маърифатпарвар, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Исматулло Раҳматуллозода)

«Дар замони мо ном ва ёдбуди он ҳамватанонамон – арбобони давлатӣ ва ҷамъиятӣ, намояндагони фарҳанг, илму фан, адабиёту ҳунар ва соҳибони касбҳои одиро, ки дар даврони мустабид  бераҳмона гирифтори истинтоқ шудаанд, абадӣ гардонида, дар мисоли ҷасорат ва матонати онҳо насли ҷавони имрӯзаро  дар руҳи  муҳаббат ва садоқат ба Ватани азизамон тарбия намудан  аз вазифаҳои муҳими имрӯз ба шумор меравад».
Шавкат МИРЗИЁЕВ.

 

Дар Ӯзбекистон, бахусус дар Самарқанд, зотҳои пок, олимону шоирони зиёде гузаштаанд. Дар даврони Истиқлол ҳаёт ва фаъолияти чунин шахсони барӯманд омӯхта ба авлодҳои минбаъда расонида мешавад.
Дар радифи онҳо номи адибон ва фидоиёни маърифат, ки  гирифтори истинтоқи солҳои 30-юми асри гузашта шудаанд, аз нав эҳё гардонида шуда, эҳтироми онҳо ба ҷо оварда шуда истодааст.  
Дар ҳаёти мадании Осиёи Марказӣ дар нимаи дуюми асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ дигаргуниҳои ҷиддӣ рух дода буд. Ҳаракати маърифатпарварӣ ва бедории миллӣ, ки дар таърих бо номи ҷадидизм сабт шудааст, дар ибтидои асри ХХ барои халқи моро аз вартаи чандинасраи бесаводӣ  бароварда, ба роҳи маънавият, маърифат ва адабиёт ҳидоят намудан ҳамчун машъали тобон нурафшонӣ кардааст.
Асосгузор ва пешвои ҷараёни ҷадидӣ Маҳмудхӯҷа Беҳбудии Самарқандӣ буда,  маърифатпарварони давр Саидаҳмад Сиддиқии Аҷзӣ, Абдуқодир Шакурӣ, Ҳоҷӣ Муин Шукруллозода, Саидризо Ализода, Исматулло Раҳматуллозода ва чанди дигар буданд.  
...Моҳи декабри соли 1883 дар Раҷабамин ном деҳаи атрофи Самарқанд дар оилаи меҳнаткаши одӣ Раҳматулло Ҳакимзода писараке ба дунё омад, ки  ҳамрадифи номи падараш ба ӯ Исматулло ном гузоштанд.
Падар  аз камбағалони деҳа буда, дар  даргоҳи  заминдорони бой бо кишоварзӣ ва боғбонӣ машғул шуда, як хонаводаи шашкасаро бонӣ мекард.  
Дар ҳамон солҳо масъалаи саводнок шудани мардуми маҳаллӣ, ки мутеи Русияи подшоҳӣ гардида буд,  хеле паст рафта, назар ба маълумоти соли 1906, агар афзоиши аҳолӣ ва дараҷаи таълим дар ҳамон ҳолат бошад, барои саводнок гардонидани мардуми Туркистон 4600 (!) сол лозим будааст.
Хонаводаи Исматулло дар ҳамсоягии маърифатпарвари машҳури давр Абдуқодир Шакурӣ ҷойгир шуда, Исматулло ҳанӯз ҳангоми 6-7-солагӣ дар мактаби модари Абдуқодир Шакурӣ – Бибӣ Розияи меҳрубон ба сабақомӯзӣ оғоз намуд. Исматуллои хурдсол ҳанӯз овони дар мактаби Бибӣ Розия таълим гирифтанаш баробари омӯхтани сураю оятҳои Қуръони Карим, панду ҳикматҳои «Шоҳнома», «Қобуснома», «Чаҳор китоб», «Гулистон»,  ашъори Балхии Румӣ, Аттор, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Навоӣ, Бедил, Машраб, Аҳмади Дониш, Муқимӣ, Фурқат баҳраманд гардида буд.
Бачаҳои хушзеҳн порчаҳои шеъриро аз ёд мекарданд ва дар партави ин панду ҳикматҳо ба воя мерасиданд. Дар байни ин бачаҳо Исматулло бо хушзеҳнӣ ва заковати худ ҳамчун ситораи саҳарӣ тобон буд. Ин хислати ӯ ба Бибӣ Розия хеле маъқул афтода буд.   
Абдуқодир Шакурӣ соли 1903 дар рӯ ба рӯйи боғи худ  мактаб кушода, ба бачагон бо «усули нав» дарс гуфт. Усули таълими он аз мактаби кӯҳна фарқ мекард.
Исматулло аз нахустин шогирдони ин мактаб шуд.  Вай бо заковати фавқулодаи худ мактабро ба зудӣ хатм намуда, бо хоҳиши устодаш Шакурӣ дар паҳлуи вай  истода ба шогирдон дарс гуфт. 
Ҳаёт ва фаъолияти педагогии Исматулло Раҳматуллозода дар замони душворе гузашт, ки Туркистон аз ҷониби Русия забт гардида, дар кишвар зиддиятҳои  тезутунди иҷтимоӣ ва инқилобӣ рух дода буданд.
Дар Туркистони охирҳои асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ дар қатори таълими схоластикии бо «усули қадимия» амалкунанда мактабҳои ҷадид бо «усули савтия» ба вуҷуд омаданд. Исматулло Раҳматуллозода таҳти роҳнамоии устодонаш   Беҳбудӣ ва Шакурӣ мактабҳои «усули савтия»-ро ҳимоя намуда, баробари мардумро ба маърифату фарҳанг даъват намудан, барои исботи фикри худ ва ҳаммаслаконаш дар якчанд маҳаллаҳои Самарқанд мактабҳои усули нав кушод.
Исматулло Раҳматуллозода беҳтарин анъанаҳои адабиёти мумтози мо, барои инсон омили асосии маънавӣ будани илмро дарк намуда, онро дар шароити нави иҷтимоӣ навоварона талқин намуд. Барои ӯ шароити нави таърихӣ мувофиқи замон аз дуруст ва ҳаққонӣ ба роҳ мондани илму маърифат иборат буд.
Исматулло муаллим дар мактабҳое, ки худаш ташкил карда буд, диққати асосиро ба омӯзиши фанҳои асосӣ ҷалб намуда, барои ҳар чи тезтар саводнок шудани онҳо аз фанҳои забон, адабиёт, ҷуғрофия, ҳисоб, ҳандаса, ҳикмат, физика ба тарзи ибтидоӣ бошад ҳам, маълумоти мухтасар медод.
Раҳматуллозода афкори педагогии адибон ва маърифатпарварони пешқадами асри ХIХ рус Л. Толостой, К. Ушинский, И. Крилов ва равшанфикрони Аврупоро амиқ омӯхта, дар фаъолияти худ оид ба таълиму тадрис аз онҳо самаранок истифода бурд. Аз осори онҳо тарҷума намуда, дар китобҳои дарсии худ ҷой дод.
Шуҳрати мактабҳои Абдуқодир Шакурӣ ва шогирди ӯ Исматулло Раҳматуллозода  ҳамон солҳо дар тамоми Осиёи Миёна паҳн шуда, барои  шинос шудан бо фаъолияти ин мактаб ва устодони он рӯшанфикрони маърифатпарвар аз Тошканд, Хуҷанд, Қӯқанд ва Бухоро меомаданд. Онҳо аз таҷрибаҳои ин омӯзгорон баҳраманд шуда, дар  ҷойҳои худ мактабҳои нав мекушоданд.   
Раҳматуллозода самаранок ва барои мардум фоидабахш будани фаъолияти педагогии худро дарк намуда,  барои ин мактабҳо ба навиштани китобҳои дарсӣ ва  дастуруламалҳо кӯшиш кард. Бо ин мақсад соли 1906 китоби дарсии «Раҳбари мактаб» ва соли 1908 маҷмӯаи «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт»-ро нашр кард. Баъд аз ин китоби Садриддин Айнӣ «Таҳсиб-ус-сибён»-ро, ки дар Бухоро ба нашраш иҷозат надода буданд, бо таҳриру такмил дар Самарқанд нашр кард.   
Раҳматуллозода соли 1913 дар Растаи нав (ҳоло кӯчаи Регистон) мактаби нав кушод. Дар ин мактаб Саидризо Ализода, ки бо тарҷумонӣ шинохта шуда буд, аз забони русӣ ва Рашид Абдуҷабборов аз ҷуғрофия дарс медоданд.
Садриддин Айнӣ баъди ба ғазаби амир гирифтор шуда, 75 чӯб хӯрда ба Самарқанд омаданаш, Исматулло Раҳматуллозода ба  ӯ аз хонааш ҷой дода, се сол нигаҳбонӣ мекунад. Баъди он, ки дар маҳаллаи Қӯшҳавз мактаби нав мекушояд, ӯро дар ин мактаб муаллим таъин мекунад. 
Раҳматуллозода аз солҳои аввали Ҳукумати Шӯравӣ барои мактабҳои нав аз намояндагони миллатҳои маҳаллӣ муаллимҳо тайёр карда, курсҳои кӯтоҳмуддат мекушояд. Барои  таҳияи китобҳои дарсӣ ҳайати муаллифонро интихоб мекунад. Ӯ аз соли 1922 то соли 1926 мудири Омӯзишгоҳи навтаъсиси педагогӣ шуда ва  қобилияти ташкилотчигии худро дар ин ҷо ҳам нишон медиҳад. 
Аз хатмкардагони нахустини ин омӯзишгоҳ, онҳое, ки аз Раҳматуллозода таълим гирифтаанд, як қатор донишмандон ва адибон, арбобони давлатӣ ва ҷамъиятӣ ҳамчун Арбоби шоистаи илми Ӯзбекистон, адабиётшинос, академики Академияи фанҳои Ӯзбекистон Воҳид Абдуллоев, академикҳои Академияи фанҳои Тоҷикистон Аловуддин Баҳоваддинов, Зариф Раҷабов, Нависандаи халқии Тоҷикистон Фотеҳ Ниёзӣ, шоирон Ҳабиб Юсуфӣ,  Ҳамид Олимҷон, адабиётшинос Музайяна Алавия, драматург Шукур Саъдулло, Ҳунарпешаи халқӣ Раззоқ Ҳамроев, файласуф ва арбоби давлатӣ  Муҳаммадӣ Ҳақбердиев, профессори тиббиёт Қарохӯҷаев, бастакор Толибҷон Содиқов, муаллимони шоистаи Ӯзбекистон Мардонқул Узоқов, Нормуҳаммад  Ғиёсов, Мардон Саломзода, Ҳайдар Ҳодизода ва  дигарон ба воя расидаанд.
Фидоии маърифат ва фарҳанг Исматулло Раҳматуллозода соли 1935 ба муносибати фаъолияти 35-солагии педагогӣ ва маърифатпарвариаш ба ҷоизаи Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ сарфароз гардонида шуд. Ӯ ба нафақа баромада, фаъолияти меҳнатии худро ҳамчун мудири китобхонаи шаҳрӣ давом дод.  
Ба ивази ҳамаи он хидматҳои шоёнаш, ки дар шароитҳои сахту номусоид ҷиҳати рушди маърифату фарҳанг нишон дода буд, Исматулло Раҳматуллозода тамоман ноҳақ гирифтори истинтоқи солҳои 30 гардида, ҳамчун «душмани халқ» соли 1937 ба ҳабс гирифта шуд ва то соли 1954 дар маҳбасҳои Сибиру Қазоқистон азобҳои сахтро аз сар гузаронид.
Ниҳоят бегуноҳии Раҳматуллозода исбот шуд ва ӯ аз маҳбасу бадарға ба Ватан баргашту тамоми имтиёзҳояш барқарор шуданд.
Баъди эълон шудани ин хабар дар саҳифаҳои матбуот оиди ҳаёт ва фаъолияти ин маърифатпарвари машъалафрӯз мақолаҳо нашр шуда, оиди фаъолияти педагогиаш   рисолаҳои илмӣ навишта шуданд.
Раҳматуллозода соли 1962 дар ҳалқаи аҳли хонаводааш поёни умри худро гузаронида, дар ҳавлии худаш, воқеъ дар гузари Сӯфӣ Розиқ (ҳоло кӯчаи  ба номи Исматулло Раҳматуллоев)  дар ҳузури пайвандонаш ин дунёро падруд гуфт. Аз осмони Самарқанд як ахтари тобони маърифат сӯйи самои бекарон рафт. Ҷасади ӯро дар қабристони Шоҳи Зинда ба хок супориданд. Номи неку кори неки ӯ дар лавҳи таърих монд. 
Набераи ӯ – сиёсатмадори маъруф, доктори илми педагогика, профессор Юсуф Абдуллоев беҳтарин анъанаҳои бобояшро дар бобати забономӯзӣ ва маърифату фарҳанг давом дода, баъди таҳсили мактаби миёна ва факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба корҳои сиёсатмадорӣ ҷалб карда шуда, ба туфайли хубу аъло донистани чандин забон дар сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ дар  Афғонистон хидмат кард. Сониян нахустин Сафири Мухтор ва Фавқулодаи Ӯзбекистони соҳибистиқлол дар Русия адои вазифа намуд. Бо ташаббуси ӯ Донишгоҳи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд таъсис ёфт ва чанд сол худи ӯ ректори ин таълимгоҳ буд. Бо саъю эҳтимоми ӯ ва дастгирии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев соли 2022 Донишгоҳи байналхалқии технологияи Самарқанд таъсис ёфт ва ректори ин донишгоҳ худи Юсуф Абдуллоев таъин шуд. Алъон ӯ ҳамчун сарвари ин донишгоҳ ба анъанаҳои бобояш пайравӣ намуда, дар ин ҷо олимони зиёдеро аз кишварҳои хориҷӣ даъват кардааст, ки ба донишҷӯён аз технологияи  нав дарс гӯянд,  то ки онон соҳибони ихтисосҳо оид ба техникаю технологияи замонавӣ  гарданд. 
  
Аслиддин ҚАМАРЗОДА,
Корманди шоистаи фарҳанги Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: