ДАР САМАРҚАНД НАМОИШГОҲИ МАСНУОТИ ЗАРГАРӢ БА КОР САР КАРД

11-уми сентябр дар Садорати минтақавии Палатаи савдо ва саноати Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд намоишгоҳ-бозори савдои «Рушди саноати заргарӣ ва истиқболи он» кори худро оғоз кард.

Дар намоишгоҳ корхонаҳои бонуфузи заргарӣ, ҳунармандон, тадбиркорони алоҳидаи шаҳри Тошканд, вилоятҳои Самарқанд ва Намангон бо маҳсулоти худ иштирок намуданд. 
Дар Фармони Сарвари давлат аз 18-уми майи соли 2019 «Дар бораи чораҳои рушди босуръати соҳаи заргарӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» беҳтар намудани тарғиботи бренди маҳаллии заргарӣ, аз ҷумла, ташкилкардани намоишгоҳ ва бозорҳои заргарӣ, таъмин сохтани иштироки васеи истеҳсолкунандагони маҳаллӣ дар онҳо пешбинӣ шудааст.
Дар намоишгоҳ-бозори мазкури савдо, ки бо мақсади таъмини иҷрои ин вазифаҳо ташкил карда шуд, масъулони Иттиҳодияи «Ӯзбекзаргарсаноат» ва ҳокимияти вилояти Самарқанд иштирок намуда, дар бораи ислоҳоти самти густариши истеҳсоли маҳсулоти заргарӣ дар кишварамон сухан гуфтанд.
– Ҳоло дар мамлакат садҳо корхона ва ҳунармандон бо сохтан ва фурӯши ашёи заргарӣ машғуланд, – гуфт мушовири раиси Иттиҳодияи «Ӯзбекзаргарсаноат» Дилшод Саломов. – Ба корхонаҳое, ки бо фаъолияти заргарӣ машғуланд ва дар ин самт ҷойҳои нави корӣ ташкил кардаанд, имтиёзҳо дода шудаанд. Дар натиҷа теъдоди корхонаҳое, ки дар ин самт фаъолият доранд, бамаротиб афзудааст. Соли гузашта дар Бухоро Намоишгоҳи байналмилалии ашёи заргариро гузарондем. Дар он баробари истеҳсолкунандагони ӯзбекистонӣ намояндагони қариб 30 корхонаи байналмилалӣ иштирок карда, байни худ таҷриба иваз намуданд. Ҳоло дар мамлакати мо корхонаҳое ҳастанд, ки барои баланд бардоштани нуфузи бренди худ саъй мекунанд. Масалан, корхонаи истеҳсолии ашёи заргарии «Гавҳар»-и Намангон баробари эҳёи дизайни миллӣ ва қадимии маснуоти заргарӣ, зару зеварҳои замонавиро ҳам истеҳсол мекунад. Ҳоло дар ин ҷо қариб 200 нафар фаъолият доранд. 
Имрӯзҳо барои боз ҳам ривоҷ додани соҳа дар ҳафт шаҳри ҷумҳурӣ кушодани маркази заргарӣ ба нақша гирифта шудааст. Аввалин марказ дар шаҳри Самарқанд ташкил карда мешавад. Барои ин дар маҳаллаи мувофиқ бино интихоб ва лоиҳа бо арзиши умумии 20 миллиард сӯм таҳия шудааст. Баъди татбиқ гардидани лоиҳаи мазкур худи ҳамин сол 150 ҷойи корӣ, соли 2024-ум бошад, ҷамъ 200 ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад. 
– 40 сол ин ҷониб дар ин соҳа кор мекунам, – гуфт роҳбари корхонаи муштараки «UzGold» Шевкет Унгур. – Дар 12-солагӣ маро падар дар пеши устои заргар шогирд гузошт. То ҳол ҳазорон намуди ашёи заргарӣ омода кардаам. Як сол боз дар Тошканд кор мекунам. Дар ин ҷо низ таваҷҷуҳи мардум ба ашёи заргарӣ зиёд аст. 
Ёдовар мешавем, ки то охири сол дар тамоми вилоятҳои ҷумҳурӣ гузаронидани чунин намоишгоҳҳо дар назар аст.
 
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: