«ЧАШМАИ ЗОЯНДА ВА ДАВЛАТИ ПОЯНДА»

Деҳаи Ӯбаи маҳаллаи «Кулолчӣ»-и ноҳияи Вобканд бо ҳунармандон, аз ҷумла, бо кулолону танӯрсозони худ на фақат дар ноҳия, балки дар вилоят низ машҳур аст.

Ҳунар омӯз, к-аз 
ҳунармандӣ,
Даркушоӣ кунӣ, 
на дарбандӣ. 
Низомии Ганҷавӣ. 
Деҳаи Ӯбаи маҳаллаи «Кулолчӣ»-и ноҳияи Вобканд бо ҳунармандон, аз ҷумла, бо кулолону танӯрсозони худ на фақат дар ноҳия, балки дар вилоят низ машҳур аст. Хусусан, хонадони Мирфайзӣ Обидовро мардуми гирду атроф ҳамчун идомадиҳандаи анъанаи сулолаи кулолон хуб медонанд. Фарзанди хурдии ҳамин хонадон Кубаро Бобоева бошад, бо шарофати истиқлол на фақат дар мамлакат, балки берун аз ҳудудҳои он низ ба шуҳрати касби аҷдодии худ афзуд. Хостем, ки дар бораи  ин зани ҳунарманд чизе нависем. 
Шоҳроҳи автомобилгарди Шофиркон – Бухоро деҳаро аз шаҳр ҷудо мекунад.  Вақте, ки ба он ҷо расидам, аз аввалин шахси рӯ ба рӯ омада, манзили Кубарохоларо пурсида саҳв накардам. Вай на фақат манзил, балки аъзои хонадони ин сулоларо низ хуб медонистааст. Ҳамин тариқа фурсате нагузашта он ҷо расидем ва мулоқоти мо бо кулоли номӣ, устои лӯхтакҳо, иштироккунандаи озмунҳои ватанию байналхалқӣ, соҳиби медали «Шӯҳрат», ҳунарманди 84-сола Кубаро Бобоева сурат гирифт. 
– Ҳафт пушт гузаштагони мо бо касби кулолӣ машғул шудаанд, – оғоз намуд вай. – Азбаски падарам Мирфайзӣ ва модарам Шарифа касби бобоиро давом медоданд, банда низ дар ҳамин муҳит ба воя расида, ба ин касб дил бохтам. Модарам мегуфт, ки вақти шашсолагӣ аз лой ҳар гуна лӯхтакчаҳо месохтаам.  Овони мактабхонӣ (солҳои вазнини баъдиҷангӣ) дар сохтани кӯза, лаган, табақ, пиёла, коса, чойнак ва дигар ашё ба падару модарам кӯмак мерасондам. 
– Хола, додару хоҳар доред?
– Мутаассифона, онҳо айёми кӯдакӣ фавтидаанд. Аз 5 фарзанд (се писару ду духтар) Парвардигор танҳо ба ман умр дод... Модарам мегуфт: вақте ки ҳомила будам, ба зиёратгоҳе рафта, илтиҷокунон ба ту умр пурсидам ва бино ба тавсияи муллои он ҷо ном гузоштам. Ниҳоят Худо оҳамро шунид. 
Мусоҳибам лаҳзае хомӯш монд ва суханашро идома дод:
– Ба ронанда Акрам Бобоев ба шавҳар баромада, чор фарзанд дидам, вале Худованд танҳо ба духтарам Раҳима умр дод. Вай ҳам кулоли моҳир аст. Бо оилааш дар Ғиждувон зиндагӣ мекунад.  Падараш бармаҳал аз олам гузашт. Лозим омад, дар колхоз чил сол тракторчигӣ кардам... 
Кубарохола маро ба хонаи дарун таклиф карда, бо намунаҳо аз ҳунараш: Мулло Насриддин, харароба, мурғ, хурӯс, тагал, гӯсфанд, саг, гов, шутур, жирафа ва ғайра шинос кард. 
– Ба маҳсули дастонатон харидор ҳаст? – пурсидам аз ӯ. 
– Пешинагони мо ҳунарро «чашмаи зоянда ва давлати поянда» гуфтаанд. Талаб хеле калон, аз сабаби пирӣ ҳоло ба қонеъ гардондани дархостҳо душворӣ мекашам. 
– Ҳоло ҳамроҳи кӣ зиндагӣ доред?
– Бо оилаи набераи духтариам – Фарҳод Баҳронов.  
Вай ҳунари маро хуб омӯхтааст. Умедворам, ки ӯ ва духтарам Раҳима анъанаи авлодии моро дар оянда идома медиҳанд. 
– Шогирдҳо доред?
– Албатта, онҳо хеле бисёранд.  Ҳатто дар Тоҷикистон шогирдҳо дорам. 
– Барои омӯхтани ҳунаратон чӣ қадар вақт лозим?
– Се моҳ. Гуфтан лозим, ҳунари мо осон не.  Ҳамаи корҳо дастӣ. Баъди тайёр кардани лой, вай бояд се соат истад. Пас аз сохтани шаклҳо ҷараёни дар хумдон пухтани онҳо беш аз панҷ соат тӯл мекашад, кам-кам палахта партофта истодан лозим... 
Дар деворовеза диплому ифтихорномаҳои ӯ гувоҳӣ медоданд, ки Кубарохола тӯли солҳо дар марҳалаҳои гуногуни озмуни «Ташаббус», аз ҷумла дар марҳалаи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, комёб гаштааст. 
– Касби аҷдодӣ солҳои истиқлол маро ҷаҳонгашта кард. Бо лӯхтакҳои сафолии худ на фақат ба ҷумҳуриҳои гирду атроф, балки ба Олмон, Фаронса, Италия, шаҳри Брест ва ғайра сафар намудам.  Мукофоти давлатӣ – медали «Шӯҳрат»-ро ба ман соли 2002 шахсан худи сарвари давлат супорида буд, – бо ифтихор гуфт устоди ҳунар. 

Амрулло АВЕЗОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: