СИНА ВА НАМОИШИ ТАОМҲОИ МИЛЛӢ

Синаи зебоманзари но-ҳияи Деҳнави вилояти Сурхондарё шояд калонтарин деҳаи тоҷикнишини кишварамон бошад.

Дар 4 маҳаллаи он тақрибан 17 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ доранд. Дар ҳамсоядеҳаҳои Даҳанаву Кӯкабулоқу Куёвсу ва қисман Ӯшор низ тоҷикони аслан синагӣ сокинанд. Шуғли асосии ин мардум боғдорӣ, чорводорӣ ва ҳунармандист. Сайидои Насафӣ гӯё ин шоҳбайти худро маҳз дар ҳаққи ин мардум гуфтааст:
Рӯ намеорад ба хони ҳеч 
кас соҳибҳунар,
Боғбон ризқи худ аз 
пушти гулистон мехӯрад.
Боғбонҳо бо меваҳои шакарини Сина на танҳо бозорҳои Деҳнави серодам, балки дигар навоҳиву маркази вилоят – шаҳри Тирмизро низ таъмин месозанд. Обу ҳавои хуб барои парвариши ҳамагуна мева дар чор фасли сол мусоидат мекунад. Мавизҳои хушсифату асали асилро низ дар ҳамин деҳа пайдо мекунед.
Тавре ки гуфтем, шуғли дигари асосии ин мардум ҳунармандист. Онҳо қариб дар ҳама соҳаҳои ҳунармандӣ маҳорат ва таҷриба доранд. Алалхусус, дар пазандагӣ. Хонадоне нест, ки аҳли он бо нон, санбӯса ва ошпазӣ шуғл наварзанд. Аксар оилавӣ ҳунари пазандагиро касб кардаанд. Ба кадом гӯшаву канори вилоят наравед, нону санбӯса ва палави лазизи аз равғани зағириро (онро аҳолӣ дар ҷувозҳояшон омода месозанд) маҳз ҳунармандони ин деҳа ба дасторхон мегузоранд. Ҳатто дар Русияи дурдаст ҳам онҳо бештар ба ин касб машғуланд. Худ бо шӯхӣ мегӯянд, ки ба омӯхтани касбу ҳунар дуои пир рафтааст.
– Мардуми мо ҳунарманд, заҳматписанд ва меҳмоннавозанд, – нақл мекунад собиқ раиси маҳаллаи «Сина», собиқадори меҳнат Саъдулло Зиёев. – Бобою бобокалонҳоямон аз қадим ба пазандагӣ шуғл варзидаанд. Дар бобати нону фатир, санбӯсаву танӯркабоб ва таоми миллии палав пухтан маҳорати бениҳоят баланд доранд. Калонсолон ба хурдсолон ҳатман касби бобоиро меомӯзонанд. Онҳоро дар рӯҳи ҳунардӯстӣ тарбият мекунанд. Ин аст, ки алҳол пешаи пазандагиро дар хориҷи кишвар ҳам ҷорӣ намуда, таомҳои миллиамонро машҳури дунё месозанд.
Оре, гуфтаҳои ин марди обрӯманди деҳа ҷон дорад. Ба кадом нонвойхона, санбӯсахона ва ё ошхона дароед, агар тоҷик бошед, бе ҳеч дудилагӣ муроҷиат кунед, зеро яқинан ӯ синагӣ аст.
Азбаски мардуми деҳа дар ҳунари пазандагӣ шуҳрат ёфта, ном баровардаанд, инак, се сол боз дар ин ҷо намоиши таомҳои миллӣ ташкил карда мешавад. Намоиши имсола нисбатан бошукӯҳтар гузаронида шуд. Дар он тамоми ҳунармандони шаҳру навоҳии вилоят бо таомҳои хоси миллии худ ширкат варзиданд. 2 ҳазор намуди таоми миллӣ ба маърази тамошо гузошта шуд. Сайёҳони маҳалливу хориҷӣ, журналистон бо ҷараёни тайёрсозии  фатир, зиёда 20 намуди санбӯса, палав, танӯркабоб, чӯпонча ва дигар хӯрокҳои болаззат, ки пазандагони моҳири Сина пухтаанд, аз наздик шинос шуданд. Сайёҳон аз онҳо тановул намуда, ба таъмашон баҳои муносиб доданд. Сипас бинобар номгӯйҳои  «Беҳтарин таоми миллӣ», «Беҳтарин ошпаз» ғолибон аниқ гардида, ба онҳо диплом ва туҳфаҳои хотиравии ҳокимиятҳои вилоят ва ноҳия  супорида шуданд.
– Дар ин мусобиқа иштирок кардану ғолиб гардидан барои ман шараф аст, – мегӯяд ғолиби номгӯйи «Ошпази беҳтарин» Валиҷон Ҳайдаров. – Дар миёни садҳо ошпази моҳири деҳа ва берун аз он ғолиб шудан осон набуд. Беҳад сарфарозам.
Хуллас, намоиш ба иди ҳақиқӣ табдил ёфт. Ҷамоаҳои бадеии фолклорию этнографӣ, дастаҳои ҳунарӣ, санъаткорони ҷавон ҳунарнамоӣ карда, ба тадбир ҳусн ва мазмуни тоза зам намуданд. Бозиҳои миллӣ низ ташкил карда шуд, ки ба тамошобинон завқи беандоза бахшид.
Дар ҷараёни тадбир бо ташаббуси ҳокимияти вилоят, саридораҳои сайёҳӣ, ахбор ва коммуникатсияи оммавӣ барои журналистон пресс-тур низ ташкил карда шуд. Иштирокдорони тадбир бо ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва мадании мардуми Сина, ҳамсоядеҳаҳо аз наздик ошно шуданд. Онҳо аз кӯли сеҳрноки моҳидорӣ, табиати муъҷизавии «Сунбуламазор», ёдгории археологии «Қиз қӯрғон», зиёратгоҳи «Хоҷаи Ҳисор» ва «Хоҷабаркӯҳ»-ро дидан карда, аз таърихи ин зиёратгоҳҳо воқиф гардиданд.  

Олим ПАНҶИЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: