FORBES: ӮЗБЕКИСТОН – ҶОЙИ ЗИЁРАТИ ҲАТМӢ ДАР СОЛИ 2024

Дар маҷаллаи молиявиву иқтисодии машҳури амрикоӣ Forbes бахшида ба Ҳафтаи мӯд, ки моҳи ноябри соли гузашта дар Тошканд баргузор шуд, мақола чоп гардидааст.

Бинобар маълумоти нашрия Ӯзбекистон бузургтарин содиргари пахта ва кишвари саноати бофандагӣ ҳамчун Ҳиндустон, Ветнам, Бразилия ва Чин ба шумор меравад.
«Тӯли солҳои охир Ӯзбекистон бобати рушди сайёҳӣ як қатор ташаббусҳоро пеш гузошт. Бояд таъкид намуд, ки дар Ӯзбекистон бисёр маҷмӯъ ва шаҳрҳое мавҷуданд, ки ба Рӯйихати мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шудаанд. Ҳафтаи мӯд собит намуд, ки пойтахти Ӯзбекистон низ чун шаҳрҳои афсонавии Самарқанд ва Бухоро ҳусни бемислу нотакрор дорад. Бидуни муболиға Тошканд  аз он ҷойҳоест, ки бояд тамошо кард», – менависад муаллиф.
«Forbes» ҳамчунин вобаста ба ин ҳамоиш аз намояндаи машҳури олами мӯд Даяна Перне иқтибос меоварад: «Гулпарак –  тимсоли беназири зебоӣ ва ҳусни мавсим».
Мувофиқи мақола сафари асосгузори аввалин ҷашнвораи ҷаҳонии мӯд, маданият ва кинои «ASVOFF» Даяна Перне ба Ӯзбекистон зарурияти ба руйхати ҷойи ҳатмӣ барои зиёрат дар соли 2024-ум дохил кардани Тошкандро нишон дод.
«Беш аз даҳ ороишгар маҷмӯи либосҳои баҳориву тобистонии соли 2024-умро дар чорабиние, ки дар ҳотели Hyatt Regency баргузор шуд, намоиш доданд. Панҷ нафари онҳо брендҳои ҷавонони Ӯзбекистон, панҷ адади боқимонда аз Қазоқистон ва Гурҷистон буданд. Маҷмӯи куртаҳое, ки ҳар кадом ороишгар пешниҳод намуд, аз ҷониби коршиносон бинобар ҷиҳатҳои нодир ва сохти худ эътироф шуданд», – менависад «Forbes».
Хотиррасон менамоем, ки маҷаллаи «Forbes» аз нашрияҳои муассиртарини иқтисодии ҷаҳон ба шумор меравад. Теъдоди он дар ИМА аз 900 ҳазор зиёд аст. Маҷалла бо тадқиқоти ҷасуронаи худ ва баҳои воқеъбинонааш ба ҳодисаҳои олами тиҷоратӣ, ҳамчунин интишороташ дар руйхату номгӯйҳои мухталиф машҳур мебошад. Дар ҳар кадом шумораи маҷалла зиёда аз 60 мақолаи таҳлилӣ дар бораи ширкат ва менеҷерҳо чоп мешаванд. Хонандагони умумии «Forbes» дар тамоми ҷаҳон тақрибан 5 миллион нафарро ташкил медиҳанд.

АИ «Дунё»,
шаҳри ВАШИНГТОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: