МО БОЯД РӮЗНОМАИ ХУДРО ДӮСТ ДОРЕМ

Мамнӯъгоҳи давлатии «Нурато» ҳудуди васеъ дорад.

Он аз ноҳияи Фориш ибтидо гирифта то ба ҳудуди ноҳияи ҳамсояи Нуратои вилояти Навоӣ мерасад ва як қисми заминҳои ноҳияи  Қӯшработи вилояти Самарқандро низ дарбар мегирад.
Ҳифз намудани олами нодири ҳайвоноту наботот ва бо ин роҳ таъмин кардани гуногунрангии табиӣ аз вазифаҳои асосии ходимони мамнӯъгоҳ ба шумор меравад. Дар қаламрави мамнӯъгоҳ оҳу, ғурм, санҷоб, кабк ва ба ҳамин монанд ҳайвоноти нодире, ки ба «Китоби Сурхи Ӯзбекистон» шомил гардидаанд, эҳтиёткорона ҳифз карда мешаванд. Мо — ходимони мамнӯъгоҳ шабу рӯз дар баландиҳои кӯҳ, дараву сойҳо мегардем, то ки ба табиати зебо, олами ноёб зарар нарасад.
Ман аз соли 2014 инҷониб дар ин ҷо ҳамчун нозир кор мекунам. Ҳар сол, ҳамин ки мавсими обуна ба нашрияҳои даврӣ шурӯъ меёбад,  аз сарҳисобчии соҳибтаҷрибаамон Улуғбой Шакаров хоҳиш менамоям, ки маро ба рӯзномаи дӯстдоштаи худам обуна кунад. Ҳамин тавр бечуну чаро ба «Овози тоҷик»  обуна мешавам. Боре хабарнигори рӯзнома дар вилояти мо – Анорбой Назаров дар ҳокимияти ноҳия аз ин ҳол хабар ёфта, хеле хушҳол гардид. Гуфт, ки кош омӯзгорони мактабҳои тоҷикӣ ҳам чун шумо мебуданд, ба рӯзномаашон обуна мешуданд.
Дар «Овози тоҷик» аз ҳаёти ҳамзабонон мақолаҳои зиёди хонданбобро мехонам. Аз ҳамзабонон хоҳиш мекунам, ки рӯзномаи худро дӯст доранд. Охир, он бо забони модарии мо — тоҷикӣ чоп мешавад...

Шокирбой СИРОҶОВ,
нозири мамнӯъгоҳи давлатии «Нурато».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: