ШАРОИТИ ХУБУ МУСОИД МУҲАЙЁСТ

Оё аз мактабҳои таълимашон ба забони тоҷикӣ ҳам дар марҳилаи вилоятии озмуни фанҳо хонандагон ширкат мекунанд?!

Ҳар сол масъулони идораҳои таълими халқ барои хуб гузаронидани озмун аз рӯйи фанҳои таълимӣ чораҳо меандешанд. Баҳри иҷрои қарор ва фармоишоти дар ин роҳ ба тасвибрасондаи Сарвари давлат ва Девони Вазирон, Вазорати таълими халқ саъю ҳаракат мекунанд.                    
Монанди ҳамин имсол дар давоми моҳи ноябр гузаронидани марҳилаи вилоятии озмуни фанҳо дар назар дошта шуда буд. 
– Аввал Кумитаи ташкилӣ таъсис ёфт ва ба таркиби он аз мактабҳои олии қаламрави вилоят устодон ва аз Садорати инноватсия ходимон шомил гардиданд,– мегӯяд роҳбари дафтари матбуоти Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилояти Ҷиззах Сарвиноз Нарзиева. – Аз рӯйи гурӯҳи аввали фанҳо, ба мисли кимё, физика, алгебра, биология аллакай озмун гузашт. 28-30-юми ҳамин моҳ дар шаҳри Ҷиззах оид ба як қатор фанҳои дигар озмун барпо мегардад, ки  фанни забони тоҷикӣ ва адабиёт низ ҳаст.
Барои аз ҳар нигоҳ хуб гузаштани озмуни фанҳои таълимӣ аз муассисаҳои олии вилоят ва мактабҳои ихтисосёфта омӯзгорони соҳибмалака ҷалб гардидаанд. Ба ғайр аз ин, аз мактабҳои олии  вилояти Самарқанд панҷ нафар устодон омада, дониши хонандагонро месанҷанд. Ба ҳар як фан ҳафт нафарӣ омӯзгорон масъуланд. 
– Аз ҳамаи мактабҳо дар зинаи ноҳиявии озмуни фанҳои асосии таълимӣ 1800 нафар хонандагон  иштирок намуданд, – гуфт мудири шуъбаи мувофиқсозии фаъолияти мактабҳои ноҳияи Фориш Насиб Норбеков. – Ҳайати ҳакамон барои шаффофу холисона гузаштани озмун кӯшиш ба харҷ доданд. Аз ҷумла, хонандагони панҷ мактаби ноҳия, ки дар он ҷо таълим ба забони тоҷикӣ ҷараён доранд, қариб аз ҳамаи фанҳои гуманитарӣ, ба мисли забону адабиёти тоҷик, таърих, забони ӯзбекӣ, физика, забони хориҷӣ (немисӣ) фаъолона иштирок намуда, бештарашон се ҷойи аввалро сазовор гардиданд. Аз рӯйи фанҳои забон ва адабиёти тоҷик хонандагони синфи 11-уми мактабҳои рақами 46 ва 49-уми деҳаи Ӯхм Рамзия  Дӯнабоева ва Шарофат  Эсанбоева  ҷойҳои якум ва дувумро ба даст оварданд. Қӯнаров Шоҳрух ва Тағоев Яраш аз ин фанҳо  омӯзгорони онҳо мебошанд. Ин хонандагон дар зинаи вилоятӣ, ки охири ҳамин моҳ баргузор мегардад, ширкат хоҳанд кард.

Анорбой НАЗАРОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик». 

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: