ВОХӮРӢ БО САФИР

Ба наздикӣ дар Донишкадаи байналхалқии Осиёи Марказӣ бо сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода вохӯрӣ баргузор шуд.

Дар ҷараёни чорабинӣ ба меҳмон доир ба мақсад, вазифа ва самтҳои устувори фаъолияти донишкадаи мазкур маълумот дода шуд.
Сардори намояндагии дипломатияи Тоҷикистон таъкид намуд, ки ба туфайли азму қарори қатъии сарони давлатҳо муносибатҳои дӯстонаи Ӯзбекистону Тоҷикистон ба дараҷаи баланд бардошта, ҳамкории тарафайн ба сатҳи шарикии стратегӣ бароварда шуд, анъанаҳои дӯстиву некҳамсоягии чандинасра боз ҳам мустаҳкам гардид.
Дар ҷараёни чорабинӣ масъалаҳои ба амал татбиқ намудани созишномаҳое, ки дар рафти сафари расмии Президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон, ки 10-11 июни соли гузашта ба даст омад, таҳкими шарикии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, боз ҳам васеъ гардондани ҳамкориҳои байни мутахассис-таҳлилгарони пешқадами ҳар ду мамлакат ва баргузор намудани чорабиниҳои муштарак мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар ниҳояи чорабинӣ тарафҳо  ба мувофиқа омаданд, ки минбаъд аз рӯйи масъалаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва дуҷониба гуфтушунид ва муколамаи мунтазам баргузор менамоянд. 

Н. НОДИРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: