Таҳти сарпарастии Донишгоҳи байналхалқии технологии Самарқанд асари илмию ахбории доктори фанҳои фарҳангӣ, профессори Донишгоҳи давлатии фарҳангии Самара (Русия) Владимир Ионесов ва додари ӯ – асосгузори клуби самарқандии байналхалқии «Эксперанто» Анатолий Ионесовҳо дар нашриёти «SMIASIA»-и Тошканд асари «Самарқанднома» ба забони англисӣ аз чоп баромад.
Ба муносибати Рӯзи Самарқанд дар донишгоҳи мазкур тақдимоти китоб ба вуқӯъ пайваст. Дар чорабинӣ бостоншиносон, адибон, рассомон, донишҷӯёни факултаи таърихи мактабҳои олии вилояти Самарқанд, вакилони расонаҳои ахбор ва дигарон ширкат варзиданд.
Ректори донишгоҳ, муҳаррири китоб, доктори илмҳои педагогика Юсуф Абдулло иброз дошт, ки он нахустин бор ба забони русӣ соли 2014 дар шаҳри Самара нашр шудааст. Инак, дар шаҳри Тошканд низ чоп шуд.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.