Имом ал-Бухорӣ устоди Имом Исо ал-Тирмизӣ будааст. Пас аз вафоти устодаш ӯ беист гиря карда, кӯр шуда, даргузаштааст.
Имом ал-Бухорӣ устоди Имом Исо ал-Тирмизӣ будааст. Пас аз вафоти устодаш ӯ беист гиря карда, кӯр шуда, даргузаштааст. Ин аст қудрати меҳру муҳаббат ба устод. Дар тӯли ҳаёти Исо ал-Тирмизӣ устоди ӯ Имом Бухорӣ гуфтааст, ки: «Шумо шогирди ман бошед ҳам, ман аз шумо бисёр чизҳоро омӯхтам, садоқату муҳаббат ба некуӣ, эҳтиром ба устодро аз шумо омӯхтам.»
Мисолҳои ҳаётии ба ин монандро бисёр овардан мумкин аст. Ин маънои онро дорад, ки шогирд ва ҷомеае, ки устодро эҳтиром кардааст, ҳамеша боло рафтаанд.
Дар Қонун “Дар бораи таълим”, ки ба қарибӣ қабул шуд, ба ин масъала диққати махсус дода, боби 5-уми он дар бораи мақоми ҳуқуқии ходимони педагогӣ тавсиф шудааст. Аз ҷумла, аз ҷониби ҷамъият ва давлат эътироф шудани мақоми кормандони педагогӣ муайян шудааст. Ғайр аз ин, ҳуқуқ, шаъну шараф ва эътибори кории кормандони педагогии муассисаҳои таълимӣ таҳти ҳимояи давлат қарор хоҳанд гирифт.
Дахолати муассисаҳои таълимӣ ба фаъолияти касбии кормандони педагогӣ, таъсиррасонӣ ба арзёбии дуруст ва беғаразонаи дониши таълимгирандагон, инчунин монеъ шудан ба иҷрои вазифаҳои ин кормандони педагогӣ роҳ дода намешавад.
Дар баробари ин, барои амалӣ намудани фаъолияти касбии омӯзгорон талаб намудани фароҳам овардани шароити зарурӣ барои онҳо, бепул истифода бурдан аз хидматҳои марказҳои захираи ахбори самти таълимӣ, илмӣ ва методӣ, ҳимоя намудан аз дахолат ба фаъолияти касбии худ, муоинаи ройгони тиббӣ дар муассисаҳои давлатии тандурустӣ (барои муассисаҳо ва ташкилотҳои таълими давлатӣ) барин ҳуқуқу манфиатҳои муҳим мустаҳкам шудаанд.
Масъалаи дигари муҳим он аст, ки ба омӯзгорон машғул шудан ба корҳои дигаре, ки ба вазифаҳои касбии онҳо марбут нестанд, манъ гардидааст.
Чаро инҳо дар қонун сабт ёфтанд?
Вақтҳои охир дар ин бора бисёр ва зиёд гуфта шуда, ба меъда расида бошад ҳам, маҷбур шудам, онро боз такрор кунам. Мутаассифона, нуфузи муаллимон хеле коҳиш ёфтааст. Бисёре аз фидоиёни соҳа аз сабаби кашидани бори рӯзгор корро боздошта, ҳатто ба хориҷа рафтанд. Ҷиҳати бадаш маҷбур шуданд, ки корҳои сиёҳ, безебро иҷро кунанд. Ҳатто кӯчарӯбӣ, партовкашонии онҳоро нагӯем ҳам мешавад...
“Дард ба боли дард” гуфтагӣ барин ҳолатҳои аз шикояти ночизи фарзандаш ба мактаб давида, худро ба сӯи омӯзгори дар ҷамъият беобрушуда “партофтани” волидон афзуд. Дар тӯли фаъолияти омӯзгории худ чандин маротиба шоҳиди ин гуна ҳолат будам. Охир, мақсади падару модару омӯзгор як нест магар. Ин ҳам бошад, ба фарзандони мо таълими пухта ва тарбияи зебо додан аст.
Дар пурсиш таҳти мавзӯи «дар оянда кадом касбро интихоб мекунед?» аксари ҳамсинфонам омӯзгор шудан мехоҳам гӯён навишта буданд. Аз ин маълум аст, ки касби омӯзгорӣ аз ҳама бонуфузтарин буд. Ҳоло бошад?
Мутахассисон қайд мекунанд, ки роҳи дигари фаҳмидани гиромӣ доштани омӯзгорон дар ягон кишвар ин муайян кардани фикри волидон оиди ба фарзандонашон муносиб донистану надонистани ин касб мебошад.
Замоне дар деҳа инсони мӯътабартарин муаллим ба ҳисоб мерафт. Ҳар гуна мушкилот ё маслиҳат дар деҳа аз муаллим пурсида мешуд.
Бинобар нақлҳо, кӯдаки инсоне бемор мешавад ва табиб ба ӯ ҳушдор додааст, ки ширинӣ нахӯрад. Ҳарчанд волидонаш ҳар рӯз ширинӣ нахӯр гӯён таъкид намоянд ҳам, ба бача асар накардааст. Сипас падар ӯро ба назди омӯзгоре, ки дар мадраса ба ҷавонон дарс медод, бурд.
— Шумо ба ҷавонон дарс медиҳед, дар маҳаллаамон ҳам обрӯ доред, ба писарам ҳам насиҳат мекардед, — гуфтааст. Муаллим таъкид намудааст, ки баъд аз ду ҳафта биёяд. Муҳлати муайяншуда паси сар шудааст. Падар писарашро бо муаллим рӯ ба рӯ кардааст. Муаллим бачаро ба наздаш хонда, гуфтааст, ки: «писарам, дигар ширинӣ нахӯр». Падар: «фикр карда будам, ки ба писарам насиҳат мекунед, шумо бошед, бо як калима кифоят намудед», гуфта каме ранҷидааст. «Ман то ки ба писаратон ин гапро гӯям, ду ҳафта ширинӣ нахӯрдам, иншооллоҳ, писари шумо ба гапҳоям гӯш мекунад» гуфтааст муаллим. Писар воқеан аз хӯрдани ширинӣ даст кашида, аз беморӣ халос шудааст.
Тавре ки мегӯянд, «қарс — аз ду даст», ба фикрамон одамоне, ки омӯзгориро пеша кардаанд, бояд ба ин муносиб бошанд.
Дар Қонун инчунин меъёрҳо дар бораи ӯҳдадориҳои кормандони педагогӣ муайян шудаанд. Бинобар он онҳо шаън, қадру қимат ва обрӯи кории иштирокчиёни ҷараёни таълимро эҳтиром намоянд, машғулотҳои таълимиро сифатнок гузаронанд, аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, шаклу усулҳои пешқадам ва инноватсионии таълиму тарбия истифода баранд, ба оиннома ё ки ҳуҷҷатҳои дигари таъсисӣ, қоидаҳои тартиби дохилии меҳнат риоя намоянд, малакаи худро мунтазам такмил диҳанд, мувофиқи мансаби ишғолнамудаашон давра ба давра аз аттестатсия гузаранд. Кормандони педагогӣ дар амалӣ гардондани фаъолияти омӯзгориашон набояд ба содир намудани кирдорҳои хилофи меъёрҳои ахлоқиву этика роҳ диҳанд.
Умуман, халқамон аз азал устозонро гиромӣ дошта, ба онҳо арҷ гузоштаанд. Сухани пурҳикмати «Муаллим мисли падар бузург аст» беҳуда гуфта нашудааст. Мо бояд ин ҳикматро дар амал татбиқ намуда, ба шаъну эътибори муаллим ҳамчун гузаштагони худ эҳтиром гузорем. Ҳол он ки, омӯзгори мақом ва даромадаш баланд метавонад дар таълим омили сифат гардад. Зеро, обрӯи омӯзгор обрӯи ҷомеа аст.
Фирдавс ШАРИПОВ,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.