Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Шириниҳои Фарзод» дар маҳаллаи Яшнободи ноҳияи Қизилтепаи вилояти Навоӣ таъсис ёфта, ба фаъолияти истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ машғул аст.
Фаъолияти ҶММ соли 2018 фаъолияти истеҳсолии худро оғоз намуда, дар он се нафар фаъолият доштанд. Дар ибтидо асосан торт ва печене, аз ҷумла, 15 намуд маҳсулоти қаннодӣ истеҳсол карда мешуд.
– Бо мақсади васеъ намудани сатҳи фаъолият, баланд бардоштани сифати маҳсулот бояд технологияҳои нави замонавӣ меовардем. Ба ин мақсад, – мегӯяд роҳбари ҶММ Фаёз Тӯраев, – дар соли 2019 бо миқдори 250 миллион сӯм аз муассисаҳои молиявӣ кредит гирифта, аз хориҷ 3 дона технологияи хамиртайёркунии энергияи барқиро камсарфкунанда оварда таҷҳизонидем. Дар айни вақт ҷуз ширинӣ, ҳамчунин беш аз 40 намуд маҳсулоти хамирӣ чун самбӯса, фатир, ҳар гуна хӯрокаҳо тайёр мекунем.
Маҳсулоти қанодии «Шириниҳои Фарзод» натанҳо дар ноҳияи Қизилтепа, балки дар вилоятҳои Самарқанд, Қашқадарё ва Бухоро харидорони худро пайдо кардааст. Дар асоси фармоиш ба он манзилҳо маҳсулот расонида мешавад.
Мувофиқи нақли соҳибкор ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшаванда мувофиқи талаби мизоҷон каму зиёд мешавад. Дар фасли тобистон дар як шабонарӯз 300-400 кг. маҳулот истеҳсол шавад, фасли сармо беш аз як тонна маҳсулоти қаннодӣ истеҳсол карда мешавад.Фасли гармо нигоҳ доштани маҳсулоти қаннодӣ душвориҳо дорад, ҳамчунин талаб ҳам кам аст. Аз ин сабаб сафи коргарон ҳам тағйир меёбад. Агар фасли гармо 25 нафар коргар кор кунад, фасли сармо ин миқдор 40-45 нафарро ташкил медиҳад.
Имрӯз дар ҷамъият барои 40 нафар ҷои кор омода буда, бештар бекорон ва зан-духтарон меҳнат мекунанд.
– Ният дорем, – суханашро идома дод Фаёз Тӯраев, – дар оянда ҳаҷми фаъолиятамонро боз васеъ намуда, талабгоронро бо маҳсулоти хушсифати қаннодии арзон қонеъ намоем. Мақсади мо таъмини фаровонии мизоҷон мебошад.
Ӯзбакбойи РАҲМОН,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти НАВОӢ.