Имрӯзҳо вилояти Намангон бо салоҳияти дохилӣ, мавқеи худ аз ҷиҳати истеҳсолот дар бозори байналхалқӣ ва бо ҷозибаи қулайи инвеститсионӣ диққати инвесторони хориҷиро ба худ ҷалб менамояд.
Имрӯзҳо вилояти Намангон бо салоҳияти дохилӣ, мавқеи худ аз ҷиҳати истеҳсолот дар бозори байналхалқӣ ва бо ҷозибаи қулайи инвеститсионӣ диққати инвесторони хориҷиро ба худ ҷалб менамояд.
Ташрифи Муҳаммад Ол-Шарифӣ ба вилоят дохил намудани лоиҳаҳои истиқболнокро дар бар мегирад.
Дар мулоқот Ш.Абдураззоқов ба меҳмононе, ки дар арафаи иди байналхалқии Наврӯз ташриф овардаанд, самимона муборакбод гуфт ва оиди салоҳияти имрӯзаи вилоят, махсусан ноҳияҳои Поп ва Уйчие, ки худи меҳмонон аз он ҷо боздид намудаанд, нақл намуд.
Махсусан, аз захираҳои бойи табиӣ, корҳои сохтмонии дар андозаҳои нав бурдашуда ва дар ин ҷабҳа фаъол иштирок кардани бинокорони Аморати Муттаҳидаи Арабро низ алоҳида эътироф намуд.
Муҳаммад Ол-Шарифӣ низ дар навбати худ оиди мақсади асосии ташрифаш ба Намангон – ба амал баровардани лоиҳаҳои босамар маълумот дод. Аз рӯйи гуфти ӯ оиди масъалаи муҳоҷират, дар самти содироти чорводорӣ, меваву сабзавот ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар назар дошта шудааст.
Шоҳида ДАМИНОВА.
Вилояти НАМАНГОН.