САНГИ РАМЗӢ БА СОХТМОНИ ПАВИЛОНИ МИЛЛИИ ӮЗБЕКИСТОН

Маросими гузоштани санги аввалин ба сохтмони павилони миллии Ӯзбекистон дар Намоишгоҳи ҷаҳонии «Expo 2025 OcakaKansai», ки дар Осака соли оянда баргузор мегардад, ба амал омад.

Тафсилоти маросим ба воситаи барномаҳои телевизионии корпоратсияи NHK-и симову садои давлатии Ҷопон намоиш дода шуд.
Дар маросим ҳайати Ӯзбекистон таҳти сарварии раиси Фонди рушди фарҳанг ва санъати Ӯзбекистон Гаяна Умерова, инчунин сафир Мухсинхӯҷа Абдураҳмонов, муовини котиби генералии Ассотсиатсияи Ҷопон оид ба гузарондани Намоишгоҳи ҷопонии соли 2025 Ичиноки Манатсу, директори генералии «Ate-lierBruckner» (Олмон) Ширин Франгул-Брюкнер ва роҳбари филиали «NUSSLI» Йоичи Сашихара иштирок карданд. Онҳо барои сохтмони павилон якҷоя санг гузоштанд.
Намоишгоҳи дарпешистода мавзӯи «Тарҳрезии ҷомеаи оянда барои ҳаёти мо»-ро фаро мегирад, ки ба истифодаи технологияҳои баланд дар раванди ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, аз он ҷумла баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, нигаҳдории тандурустӣ ва таълим марбут мебошад.
Павилони Ӯзбекистон – «Боғи дониш» дар майдони беш аз 800 метри мураббаъ доман хоҳад густурд. Он раванди тағйиротро дар Ӯзбекистон дар се соҳаи устувор – таъмини таълими хушсифат, таъмин намудани имкониятҳои дастрасии умумӣ барои ҳама бо манбаъҳои арзон, боэътимод, устувор ва замонавии энергия ва саноатикунонӣ, инноватсия ва инфрасохтор намоиш медиҳад.
Иштироки Ӯзбекистон дар намоишгоҳ дастовардҳои миллиро намоиш до-да, барои пешбурди сай-ёҳӣ, ҷалби сармоя ва густариши ҳамкории байналмилалӣ ва мубодилаи фарҳангӣ пешомадҳои нав боз мекунад.
NHK маълум намуд, ки сохтмони павилон дар рӯзҳои наздик оғоз мешавад ва бинои асосӣ то охири сол ба итмом мерасад. Биноҳои дохилӣ моҳи марти соли оянда, яъне як моҳ пеш аз кушодашавии намоишгоҳ ба истифода дода мешаванд.

АИ «Дунё»,
шаҳри ТОКИО.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: