МОДАРИ АМИР ТЕМУР

Яке аз ёдгориҳои таърихӣ дар шаҳри қадимии Кеш (Шаҳрисабз) бо ташаббуси шахсии Соҳибқирон Амир Темур бо унвони Оқсарой дар асри XIV бунёд карда шудааст.

Сохтмон солҳои 1379-1380 оғоз ёфт ва тақрибан чаҳоряк аср давом намуд. Баландии Оқсарой – 74 метр. 
Ҷиҳати ба худ хоси қаср аз он иборат буд, ки дар боми баланд ва васеъ ҳавз дошт. Ба тариқи шаршара об аз он сарозер мегашт. Дар ба баландӣ баровардани об тавассути қубурҳо аз ағбаи Тахтакорач бошад, бинокорон маҳорат нишон додаанд.
Баҳри барпои Оқсарой беҳтарин усто ва бинокорони давр ҷалб шуда бошанд, ба онҳо меъмори нотакрор Муҳаммад Юсуфи Табрезӣ роҳбарӣ мекард. 
Амир Темур Оқсаройро ба хотираи дурахшони модари азизаш Тегинабегим (Тегинамоҳ) бунёд карда буд.
***
Тегинабегимро гоҳ Текина, гоҳ Такинахотун низ қайд кардаанд дар манбаъҳои гуногун. Евгений Березиков бо унвони «Тавлиди Темурӯғлон» рисолае дорад ва дар он модари Амир Темур Некия қайд шудааст.
Падари Тегинабегим дар аксарияти сарчашмаҳо Убайдуллоҳ ибни Маҳмуд Маҳбубӣ сабт шуда ва «қозии шариат» ном гирифтааст.
***
Айни замон дар бораи чӣ тавр ба дунё омадани Амир Темур маълумотҳои баҳснок мавҷуд. Мувофиқи ривоятҳое, ки дар «Зафарнома», «Темурнома», «Тавлиди Темурӯғлон» оварда шуда, Тегинабегим аснои ҳомила аз сӯиқасди палонҷаш ҳарос дошт ва мекӯшид аз вай дур бошад. Ниҳоят дар хонадони Ҷокубарлос фарзанд ба дунё овард. Дар романи «Темури Бузург»-и Дониш Насафӣ гуфта мешавад, Тегинабегим аз хиёнати Ҳоҷибарлос ҳаросида, рӯ ба саҳро гурехт, дар кулбаи як деҳқони шоликор чашм равшан кард. Дар асарҳои бадеии Ҳ. Сатторӣ ва Ғ. Ҷӯра («Ҳазрати Соҳибқирон» ва «Соҳибқирони тӯронӣ Амир Темур») қайд шуда, ки Тегинабегим шоҳ ва саркардаи бузурги ояндаро дар деҳаи Хоҷа Илғор, ки аз Кеш 15 чақрим дошт, таваллуд намуд. Шарофиддин Алии Яздӣ зодгоҳи Амир Темурро «вилояти Кашӣ» менигорад. 
***
Ҳамсари нахустини Турағай Баҳодур (падари Амир Темур) Қадақ ном дошт. Қадақ дар баъзе манбаъҳо Йӯқур низ қайд шудааст. Турағай Баҳодур аз зани аввала фарзанд наёфт. Ҳамсари дувумаш писар таваллуд кард ва Амир Темур, ки аз Тегинабегим ба дунё омад, фарзанди ягонаи вай ҳисоб меёфт. Вале таърихнигор Ҳофизи Абрӯ нигоштааст, Турағай Баҳодур боз Суюрғатмиш, Оламшайх, Тӯғӣ, Қутлуғ Туркон, Ширинбика ном писару духтарҳо дошт. 
Модари Амир Темур Тегинабегимро бо эҳтиром Тегина Моҳбегим низ навиштаанд. Назар ба маълумоти баъзе манбаъҳо вай соли 1318 ба дунё омадааст. Зодгоҳаш – Бухорои Шариф. Фосеҳ Хавофӣ дар асари худ «Муҷмали Фасиҳӣ» зикр намуда, ки падари ӯ дар Бухоро аз шахсиятҳои шинохта буд. Ҳатто пешвои уламои Бухоро ҳисоб меёфт. Ному насаби пурраи ӯ: Мавлоно Садр аш-шариъа Убайдуллоҳ ал-Бухороӣ ибни Тоҷ-аш-шариъа Маҳмуд ибни Аҳмад ал-Маҳбубӣ ал-Бухорӣ. 
Тегинабегим, ҳамин тавр, дар яке аз оилаҳои бунуфиз тарбия гирифт. Амакаш низ ба унвони олии сулолаҳои арҷманди ҳамонвақта («Садр-аш-шариъа») сазовор шуда ва гули сари сабади давраи уламо ҳисоб меёфт.
Тегинабегим аз хурдсолӣ ба омӯхтани илм шурӯъ кард. Дере нагузашта, ҳанӯз қадрас нашуда, бо фазлу камол овоза гашт. Чӣ қадар аъёнҳои Бухоро мехостанд ба хонадон хешӣ ҷӯянд – талабгорҳои Тегина хеле зиёд. Бахт ба рӯйи амири Кеш Муҳаммад Турағайбек хандид: духтари дар илму одоб ва ҳусну малоҳат овозадори Бухоро ба вай насиб кард. Тӯйи арӯсӣ соли 1334 баргузор гардид. Шонздаҳ сол дошт Тегина, ки моҳи чордаҳрӯзаро мемонд. Аввалбаҳори соли 1336 писар таваллуд кард. Рӯзи тавлиди шоҳ ва саркардаи бузурги ояндаро 9 апрел муайян кардаанд. Дар оянда шахсияти барҷаста шудани тифле, ки ба дунё омад ва  таълиму тарбияи ҳамаҷонибаи ӯ модараш Тегинабегим нақши босазо бозид.
Мувофиқи маълумоти баъзе манбаъҳо, Амир Темур вақте 17-ро пур кард, модараш Тегина Моҳбегим аз дунё гузашт. Фавти падараш Муҳаммад Турағайбекро ба соли 1360 нисбат медиҳанд. Падару модари Соҳибқирон паҳлӯи ҳам ба хоби абад рафтаанд, яъне дар оромгоҳи оилавӣ. Баъдтар Амир Темур ба болои хилхона мақбараи муҳташам барпо кунонд. 
Хусусан, ба модар эҳтироми баланд дошт ҳукмдори бузург. Баробари он ки ба хотири ӯ дар Шаҳрисабз обидаи Оқсаройро бунёд намуд, дар Бухоро мақбараи Чашмаи Айюбро таъмир кунонд. Вақте модарро пазмон гашт, ба шаҳри Бухоро мерафт, ба зиёрати мақбарае, ки зикр гардид. Тамоми умр ёди модари азизашро дар қалб эъзоз намуд, назди хотираи вай сари таъзим фуруд овард.
Навъе дар боло зикр кардем, номи модари Соҳибқирон дар манбаъҳои гуногун Тегина, Текина ва Такина сабт шудааст. Рӯзноманигори варзида Маъруф Отахонзода мегӯяд: дар асл Нигина аст модари ҳукмдори бузург ва дар манбаъҳои муътамади хаттӣ ҳамин тавр қайд шудааст. Донишманди дигар Сайфиддин Акрамзодаи Тудаӣ фикри Отахонзодаро тасдиқ мекунад. Вай ин байти Маҳаммад Иқболро меорад: 
Чанги темурӣ шикаст, 
оҳанги темурӣ ба ҷост,
Сар бурун меорад аз сози 
Самарқанди дигар...
С. Акрамзода ин байтро шарҳ дода ва илова мекунад, Амир Темур фарзанди зани боиффати бухороӣ – Нигинабегим буд...
Писари калонии Амир Темур Ҷаҳонгир Мирзо соли 1376 дар 20-солагӣ вафот кард. Ӯро дар паҳлӯи Тегинабегим ва Муҳаммад Турағай (бибию бобояш) дафн намуданд. 

Ш. МУҲАММАД. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: