КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «КОРВОНИ СУЛҲ» БАРПО МЕШАВАД

16-уми май дар деҳаи сайёҳии Конигили ноҳияи Самарқанд ба муносибати оғози фаъолияти шуъбаи вилоятии Маркази тарғиботи маданият ва санъати Ӯзбекистон тадбири бошукӯҳ баргузор шуд.

Дар он раиси марказ Лутфия Мирзоева, намояндагони соҳаи маданият ва сайёҳии ҷумҳурӣ, фаъолони ҷомеа, расонаҳои ахбор ва ғайра иштирок карданд.
Лутфия Мирзоева зимни суханронӣ гуфт:
– Мо соли 2004 дар Эрон дар конфронси байналмилалӣ иштирок намудем. Дар чорчӯби ин сафар мо аз шаҳрҳои қадимии ин кишвар, аз ҷумла, аз шаҳри Кошон дидан кардем. Вақте ки бо маконҳои таърихии Кошон шинос мешудем, мизбонон ба мо дар бораи биноҳои қадимии гилӣ чунон бо ифтихор ҳарф заданд, ки ҳамаи мо дар ҳайрат афтодем. Беихтиёр, фикр кардам, ки вақте эрониҳо аз биноҳои гилӣ чунин ифтихор доранд, мо чаро нисбат ба мероси моддиву ғайримоддии шаҳрҳои бузурги Хоразм, Бухоро ва Самарқанд беэътибор бошем. Маркази мо маҳз бо тарғибу ташвиқи мероси гузаштагонамон, чӣ моддӣ, чӣ маънавӣ машғул аст. Дар Самарқанд мероси фаровон дорем, ки барои тарғибу ташвиқ эҳтиёҷ дорад.
Ёдовар мешавем, Маркази тарғиботи маданият ва санъат – «Мероси ҷовидон» соли 2019 дар Вазорати адлия сабти ном шуд ва ба фаъолият шурӯъ кард. Мурод Қӯшаев раиси шуъбаи марказ дар вилояти Самарқанд таъин гардид.
Шӯъбаи вилоятии марказ барои тарғиби мероси ҷовидонаи Самарқанд барномаҳои махсус дорад. Аз ҷумла, баргузории конфронси байналмилалии «Корвони сулҳ» дар Самарқанд ба нақша гирифта шудааст. Яке аз мақсадҳои марказ дастгирии кӯдаконе мебошад, ки маъюбанд.
Албатта, ин гуна тадбирҳоро бе ҳунарнамоии санъаткорон тасаввур кардан душвор аст. Дар ин рӯз лӯхтакбозони вилоят, донишомӯзони мактабҳои мусиқӣ ва кӯдаконе, ки маъюбанд, пеши ҳозирин ҳунарнамоӣ карданд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: