Бо мо на ғурурест, на фарре, на кулоҳе,
Хокем ба зери қадами хеш нигоҳе.
Он ҷо, ки қаноат кунад эҷоди тасалло,
Гарм аст сари кӯҳ ба зери пари коҳе.
Бар давлати пиндор нанозам, чӣ хаёл аст,
Хобида ба ҳам бахти мани чашмсиёҳе.
Бар сад чамани ҳастиям афсонаи ноз аст,
Хоби адами сояи мижгони нигоҳе.
Эй пардаи дил, то чӣ кашад саъйи тааммул,
Чун хома зи нолам расане ҳаст ба чоҳе.
Ё Раб, ту таносоии ҷаҳдам написандӣ,
Мехонадам афсуни нафассӯхта гоҳе.
З-ин даст сабукнозии фурсат бидамонид,
Гарде, ки тавон баст ба пешонии оҳе.
Охир чу ғубори нафас аз ҳарзадавиҳо,
Рафтем ба боду нанишастем ба оҳе.
Гарди тарӣ аз ҷабҳаи шабнам натавон бурд,
Дар ойинаи мо арақе карда нигоҳе.
Бедил шудаму растам аз аҳволи таъайюн,
Ойина шикастан ба бағал дошт кулоҳе.
***
Маҳв будам, ҳарчи дидам дӯш,
донистам туӣ,
Гар ҳама мижгон кушуд оғӯш, донистам туӣ.
Ҳарфи ғайрат роҳ мезад аз ҳуҷуми
мову ман,
Бар дари дил то ниҳодам гӯш, донистам туӣ.
Мушти хоку ин ҳама сомони ноз
эъҷози кист?
Беш аз ин бо ман ғалат мафрӯш,
донистам туӣ.
Нест сози ҳастиям танҳо далели ҷилваат,
Бо адам ҳам гар шудам ҳамдӯш,
донистам туӣ.
Маҳрами рози ҳаё ойинадори дигар аст,
Ҳарчи шуд аз дидаҳо рӯпӯш, донистам, туӣ.
Ғафлати рӯзи видоам аз хиҷолат об кард,
Ашк мерафту мани беҳуш донистам туӣ.
Бедил, имшаб сайри оташхонаи дил
доштам,
Шуълаеро ёфтам хомӯш, донистам туӣ.