САРОЯНДАИ СУРУДҲОИ МАРДУМӢ

Ҳаводорони савту сурудҳои мардумии Бухоро сарояндаи хушадо, иҷрокунандаи сурудҳои лирикӣ, Ҳунарпешаи шоистаи Ӯзбекистон Нишон Отамуродовро хуб медонанд.

Чанд даҳсола аст, ки мухлисони таронаҳои тоҷикӣ ҳар як баромаду барномаи консертии ӯро интизор мешаванд. Аз оҳангу садои дилкаши ҳофиз ҳаловат мебаранд. Ҷонбахшу нотакрор, латифу мафтункор, соҳиру пурасрор будани забони модариамонро эҳсос мекунанд. Бе муҳобот, Нишон аз ҷумлаи булбулони хушхони чаманистони санъати Бухорост.
Нишони муҳаббати ноком

Аввали солҳои 50-уми асри гузашта тоҷикдухтари бухороӣ Тамараи нозанинро, ки техникуми тиббии Бухороро хатм карда буд, барои кор ба ноҳияи Шофиркон фиристоданд. Ӯ ҳамчун доя дар таваллудхонаи беморхонаи марказии ноҳия ба фаъолияти корӣ оғоз кард. Дере нагузашта бо ҷавони шофирконӣ – байтори вардонзеҳӣ Насим Отамуродов вохӯрда, асири эҳсосоти ғайриодӣ гашт. Мулоқотҳои дӯстона тадриҷан ба дили ду ҷавон оташи ишқ афрӯхт. Ҳамин тариқа тӯйи арӯсии онҳо баргузор шуд. Арӯсу домод зиндагии ширин доштанд. Ҳайҳот, ин рӯзҳо кашол наёфтанд. Ҳангоми иҷрои хидмати касбӣ Насим ба садама дучор шуда, чашм аз олами ҳастӣ пӯшид. Оҳу фиғони пурдарди  Тамараи ноком интиҳо надошт. Охир, вай ҳомила буд. Дидори фарзандро надида рафтани шавҳар ба ӯ алам мекард. 7 сентябри соли 1956 нишонаи охирини рӯзгори пурнишот, самари ишқи беолоиш ва пайванди дили онҳо – фаррухписар ба дунё омад. Ба вай Нишон ном ниҳоданд. Вақте писарча яксола шуд, падари Тамара духтар ва набераро ба ҳавлиаш – ба шаҳри Бухоро овард.

Роҳ сӯйи олами санъат

То ҳафтсола шудани Нишон Тамараапа роҳи хостгоронро сӯи хонааш баст. Ниҳоят вай ноилоҷ бо хоҳиши падар ба яке аз наздикони хонадон – Қосимбулбул Акбаров ба шавҳар баромад. Ронандаи таксӣ Қосимбулбулро бухориён ба сифати ҳофизи хушхон хуб медонистанд. 
Нишон бо ин марди дарёдили хушгуфтор зуд унс гирифт. Ҳамроҳаш ба тӯю сур, театру маҷлисҳо мерафту аз овози форами падархондаш хушаш меомад. Вай тадриҷан дар пайравии «Булбул» ба хондан шурӯъ кард. Ҳамнишинӣ бо санъаткорони машҳури бухорӣ Ҳабибҷонқорӣ Неъматов, Алиризо, Исмоил Шароф, Раҳими Дангиз, Ҳайдари доирадаст, Маҳдӣ Ибодов ва шунидани сурудҳои тоҷикӣ аз онҳо дили Нишони наврасро ба ҷӯш меовард. Вай ҳангоми таҳсил дар мактаби миёна, илмомӯзӣ дар Донишкадаи давлатии педагогии Бухоро ҳамчун сарояндаи сурудҳои пурҷозибаи мардумӣ эътибори дастаҳои ҳунариеро, ки худ узви онҳо буд, меафзуд. Маҳорати ҳунарии вай дар дастаи созию овозии «Гулсарӣ»-и техникуми роҳҳои автомобилии Бухоро ва ҳангоми хидмати ҳарбӣ  дар дастаи «Шоҳрӯд» сайқал ёфт.

Шуҳрати ҷаҳонии «Гиёҳ»

Нишон Отамуродов мудири клуби беморхонаи рақами якуми вилоят таъин гардиду ба дастаи созию овозии эстрадии «Радост» асос гузошт. Соли 1980 халқи олам 1000-солагии фарзанди арҷманди Бухоро Абуалӣ ибни Синоро ҷашн гирифт. Ба ин муносибат дастаи ҳунарии шифокорон ба ҳурмати гиёҳҳои шифобахши Шайхурраис «Гиёҳ» ном гирифт. Зиёда аз чил суруди халқӣ аз қабили «Заҳрои ҳиротӣ», «Ай кабӯтар», «Гули сурх», «Себи Самарқанд», «Дар биёбон най навохтам», «Ба хоб дидам», «Ин қадар ноз накун», «Қурбони ду чашмат», «Шакли ту тасвир шуд», «Лайлохонум», «Наврӯз муборак», «Ақиқи лабатро дандон газам», «Садо кардам», «Гули ман», «Суманак», «Ӯсма мемонем» ва ғайра ба туфайлии «Гиёҳ» умри дубора дида, дар саҳнаҳои гуногуни олам танин андохтанд.
Ба шарофати дастаи «Гиёҳ» дар ҳаёти ӯ лаҳзаҳои зиёди фаромӯшнопазиру гуворо рух додаанд. Муҳимтарини онҳо соли 1985 иштирок дар фестивали «Тирамоҳи Киев» ва соҳиби ҷоиза гардидани Нишон, байни дастаҳои соҳаи тиб дар озмуни ҷумҳуриявӣ соҳиби ҷойи якум гардидани «Гиёҳ», ду сол пайиҳам лауреати фестивалҳои умумииттифоқии эҷодиёти халқӣ гардидани вай, соли 1990 соҳиби унвони дастаи халқӣ шудани «Гиёҳ», 3 декабри соли 1995 консерт дар ноҳияи Квинси шаҳри Ню-Йорк, соли 1990 иштироки даста дар симпозиуми байналхалқӣ дар Бухоро, баромад аз тариқи «оинаи нилгун»-и Тоҷикистон дар соли 1991, филм-консерти «Дастовез аз Бухорои Шариф» дар бораи «Гиёҳ» (дар рӯзҳои наврӯзӣ бо барномаи «Сайри гули сурх»-и тоҷик пахш гардидааст), баромади «Гиёҳ» аз тариқи телевизиони Ӯзбекистон, соли 1992 иштирок дар фестивали байналхалқии шаҳри Алмаато «Садои Осиё» («Азия доуси») ва лауреати фестивал гардидани «Гиёҳ». Он гоҳ даста яке аз сурудҳои мардумии бухориёнро рӯҳбаландона бо маҳорати баланд иҷро карду гӯё мӯъҷиза рух дод: бисту се ҳазор нафар тамошобинони майдони «Медео» ба по хеста, чапакзанон бо як овоз «Бухоро!», «Бухоро!», «Бухоро!» гӯён хитоб карда, аз даста суруди нав мехост. Соли 1996 гулдастаи сурудҳои «Гиёҳ» бо диски лазерӣ дар ИМА, соли 1997 дар Фаронса, баъд дар Амстердам (Ҳуланд) дастраси ҳаваскорони савту суруд гардид. Боиси ифтихор аст, ки суруди «Гули сурх» дар Фаронса суруди беҳтарини сол дониста шуд.
Ҳаводорони санъати мамлакатҳои ИМА, Фаронса, Австрия, Олмон, Канада, Исроил, Эрон, шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Киев, Ялта, Рига, Ашқобод, Душанбе, Минск, Тбилиси, Боку, Алмаато, Сочи ва ғайра тавассути «Гиёҳ» аз ҳунари мусиқӣ ва эҷодиёти даҳанакии мардуми Бухоро огоҳ гардидаанд. Филм-консертҳои «Себи сеҳрнок», «Симои пайғамбар», «Вохӯрӣ дар Осиёи Миёна» низ ба «Гиёҳ» дахл дорад.
Ба муносибати 20-солагии даста 26 августи соли 1999 Нишон Отамуродов сазовори унвони «Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон» гардида буд.

Забон – калиди дилҳо

Ҳар кас ба забони худ сухандон
 гардад,
Омӯхтани сад забонаш осон 
гардад.
Шахсе, ки қадри худро намедонад, қадри дигаронро аз куҷо донад. «То худро нашиносӣ, худоро намешиносӣ» гуфтани мардум беҳуда нест. Хушбахтона, ин инсони худогоҳ қадру қимати хеш, забони модарию қавми худро хуб медонад. Вай мехоҳад, ки ҳамзабононаш низ хештаншинос бошанд. Аз ин рӯ, ӯ тасмим гирифтааст, ки баҳри тарғибу ташвиқи савту сурудҳои мардумии шаҳри кӯҳнаи овозадораш, ки сарчашмаи меҳру вафо ва рафоқату одамгариҳост, як умр хидмат кунад.
– Бобоям Абдулаҳад Забеҳулло насиҳат карда буд, ки ба забонҳои гуногун суруд омӯзам. Агар дар давра намояндаи миллати дигар бошад, бояд ба он забон низ суруд хонам, зеро ҳарчанд қавмҳо ҳархелаанд, онҳо чун инсон азизанд. Ба ин гуфтаҳо амал карда ҳамеша комёб мегардам.

Нишон – роҳбари ансамбли «Мавригӣ»

Маълум аст, ки мавригихонӣ хоси мардуми Бухорост. Ин дурдонаи маънавӣ таърихи дурудароз дорад. Одатан таронаҳои «Бухороча»-ро занон иҷро кунанд, мавригихониро мардон иҷро мекунанд. Имрӯз ин анъана халалдор гашта, бонувон низ мавригихон шудаанд. Аслан тарғибкунандаи ин ҳунари зебои мардумӣ ҳоло дастаи ҳунарии «Мавригӣ» мебошад. Солҳои 2006-2016 ба Отамуродов лозим омад, ки ҳамчун роҳбари даста фаъолияти ҳунариро давом диҳад. Мавригихонони моҳир, шодравон Артисти хидматнишондодаи Ӯзбекистон Ориф Атоев ва дигар устодони санъат пушту паноҳи дастаи ҳунарӣ буданд. Мутаассифона, он солҳо дар мамлакат падид омадани ҷараёни носолим – аз матни аслӣ (тоҷикӣ) рӯ тофта ба ҷойи он сурудани тарҷумаи матнҳо боиси аз ҷамоа рафтани баъзе овозхонон гардид. Аз ҷумла, Нишон низ.

Дар хона-музейи 
санъаткор

Аввалин мақолаи муаллифи ин сатрҳо дар бораи Н. Отамуродов дар «Овози тоҷик»  соли 2004 – қариб бист сол қабл зери номи «Нишони Бухорои Шариф» чоп шуда буд. Боиси хурсандист, ки ин мақола дар қатори дигар матолиби интихобшуда аз «Овози тоҷик» дар доираи равобити муштараки ду рӯзнома дар шумораи махсуси рӯзномаи «Садои мардум»-и Тоҷикистон низ чоп шудааст. 
Солҳо мегузаштанд, бо Нишон Отамуродов гоҳ-гоҳ дар чорабиниҳои шаҳр рӯ ба рӯ меомадем. Вай пурташвиш менамуд ва бобати сохтани Хона-музейи савту сурудҳои Бухоро» давутоз мекард. Чанде пеш ба ҳавлиаш рафтам. Хона-музейро  омодаи кор дида, хурсанд шудам. Аён буд, ки санъаткор барои сохтан, пардозу ҷобаҷогузории нигораҳо, ҷамъоварии матолиби зарурӣ хеле заҳмат кашидааст. Бо тартиб ва дар ҷойи худ гузошта шудани ҷиҳозҳо диққати ҳар бинандаро беихтиёр сӯйи худ мекашад. Музейро суратҳо, нигораҳо аз қабили «Устодони «Шашмақоми Бухоро», мавригисароёни машҳур, дастаҳои ҳунарӣ-фолклории «Нозанин», суханони Мустафо Бафоев, асарҳои олимон, санъаткорон дар бораи савту сурудҳои Бухоро, муаллифи матни сурудҳои Н. Отамуродов Иброҳим Қосимӣ ва ғайра зеб додаанд. Ҳар ҷо бо тартиб гузошта шудани асбобҳои мусиқӣ ҳусне ба  осорхона афзудааст.
Баъди ҳолпурсӣ хостам донам, ки ҳунарпеша бо чӣ ниятҳои неку наҷиб умр ба сар мебарад.
– Ният дорам, ки корҳои мо идома ёбад. Мероси гаронбаҳо ва нотакрор – савту сурудҳои мардумии бухориён ба насли оянда интиқол гардад. Бо ин мақсад қариб ҳар рӯз хона-музейи мо серодам аст. Санъаткорони зиёди солхӯрдаю ҷавон ин ҷо ҷамъ мешаванд ва мо суҳбату чорабиниҳо мегузаронем, роликҳои гуногун таҳия намуда, барномаҳои консертӣ омода месозем. Саҳнае, ки дар рӯ ба рӯйи дарвоза дида будед, ба ин мақсад хидмат мекунад.
Ташкил кардани ансамбли фолклорӣ-этнографие, ки тарғибкунандаи савту сурудҳои мардумии Бухорои Шариф мисли «Гиёҳ» бошад, фикру зикри ҳамаи моро банд кардааст.

Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти БУХОРО.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: