СУХАНВАРОНИ САЙҚАЛИ РӮЙИ ЗАМИН

Саҳми шоирон, адибон ва олимони Самарқанди бостонӣ ба рушди адабиёт, илм ва фарҳанги қадиму ҷадиди тоҷик назаррас аст.

 Ин шаҳри куҳану ҳамешаҷавон модарвор, чун ба сари фарзандони дилбанди худ, ба сари поягузори адабиёти классикии форсисароёни дунё – Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва поягузори адабиёти навини тоҷик – Садриддин Айнӣ дасти навозиш ниҳодааст.
Устоду шогирд, пиру муршид, фарзандони бузурги қавмҳои тоҷику ӯзбек Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ, ки ба рамзи дӯстии ду халқи бародар табдил ёфтаанд, аз ҳавои атрбези ин шаҳр нафас кашида, дар мадрасаҳои он бо таҳсил ва таълиму тадрис машғул шудаанд.
Дасти навозиши ин модар ҳанӯз ба сари фарзандони сухангустар ва фарҳангсози худ аст. Ҷигаргӯшаҳои худшиносу шукргузори ӯ имрӯз низ бо осори назмӣ, насрӣ ва илмии худ ба рушди забони модарӣ, адабиёт ва фарҳанги миллӣ саҳм мегузоранд. 
Инак, хонандагони гиромиқадр, мо тасмим гирифтем, ки дар саҳифаи навбатии «Адабиёт ва санъат» ба шумо, барои баҳрабардорӣ, аз эҷодиёти суханварони ин шаҳри бостонию бӯстонӣ чанд намуна пешниҳод намоем.

БАХШИ АДАБИЁТ ВА ҲУНАРИ «ОВОЗИ ТОҶИК».


ҲУНАРИ ВОЛОИ ПАЙКАРАСОЗ
Дар зиндагиномаи ҳайкалтароши самарқандӣ Нина Истомина ба ҷуз заҳмату ранҷ, бурдбориву матонат ва комёбиву шодмонӣ дигар чизе ба назар намерасид, аммо бо амри тақдир тарки зодгоҳ кардан лаҳзаҳои маҳзуну риққатовар буд барои вай. Таскини дилаш асарҳои нотакрору ҳунармандонааш буданд, ки дар Самарқанд ба ёдгор гузоштааст. 
ВОХӮРИИ НАХУСТИН 

Чун дирӯз дар ёд дорам. Дар ноҳияи Самарқанд маҷмаи чорвопарварие вуҷуд дошт. Солҳои 80-уми асри гузашта собиқ роҳбари  давлат Иномҷон Усмонхӯҷаев бояд бо фаъолияти корхонаи мазкур шинос мешуд. Маҷмаи чорвопарварӣ барои истеҳсоли маҳсулоти гӯшт ихтисос ёфта буд. Кадоме пешниҳод кард, ки дар даромадгоҳи корхона муҷассамаи барзагови калону фарбеҳро гузоштан лозим. Бигузор «калон»-ҳо натиҷа гиранд, ки дар ин ҷо маҳз чунин нарговҳои хушзот парвариш меёбанд. 
Шуъбаи вилоятии Иттифоқи рассомони Ӯзбекистон ба ҳайкалтароши ҷавону умедбахш Нина ин корро супурда, таъкид намуд, ки ба хатмкунандаи Донишкадаи санъати Ленинград ин имтиҳони аввалин хоҳад шуд. 
Нина дар муддати кӯтоҳ супоришро иҷро кард. 
Усмонхӯҷаев чанд лаҳза дар ҷояш шах шуда монд ва бо таҳаммулу таҳайюр сӯйи муҷассамаи барзагов нигоҳ карда гуфт:
– Аҷиб, магар ҳамаи чорвои парваришёбанда ба ин андоза ҷуссаи бузург доранд? Дар байн як лаҳза хомӯшӣ ҳукмрон гашт...
Ҳайкалтароши самарқандӣ хушҳол буд, ки кори нахустини ӯ ба сарвар писанд омад.

ЁДЕ АЗ БАЧАГӢ
 
Самарқанд. Тобистон. Солҳои баъди ҷанги хонумонсӯзи дуюми ҷаҳонӣ. Дар зери тути балхӣ як гурӯҳ бачагони 5-7 сола саргарми аз лой аспча, одамча ва хоначасозӣ буданд. Дар байни онҳо духтараки рус Нина низ ҳузур дошт. Вай чун дигар фарзандону наберагони муҳоҷирони Русияву Украина, ки дар Самарқанд маскан гирифта буданд, забони мардуми таҳҷоӣ, – тоҷикиро хуб омӯхта буд. Фикрашро озод баён карда метавонист.
«Ҳайкалтарошон»-и хурдсол асарҳои худро дар офтоб хушк карда, аз корашон завқ мебурданд. Муҷассамаҳо як пора лой не, гӯё як пораи қалби онҳо буданд. 
Бо гузашти айём аксари онҳо рассом, ҳайкалтарош ва санъаткорони номдори Самарқанд шуданд, ки яке аз онҳо Нина Истомина мебошад. 
Падари бузургаш иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ буду баъди дифои Ватан бо корҳои фоидабахши рангуборкунӣ машғул гашта, модари ғамхори ӯ касби дӯзандагӣ дошт. Дар оила се нафар фарзандон ба камол мерасиданд. 
Он айём Нина, ки дар синфи ҳаштум таҳсил мегирифт, аллакай расм мекашид, аз пластелин муҷассамаҳои Ленин, Пушкин, Гагарин, Навоӣ ва дигаронро месохт. 
Як даъфа муаллимаи фанни биология ба синфи онҳо ворид шуда гуфт, ки барои кабинети биология ҳайкалчаи қурбоққа лозим. Рӯзи дигар аксари хонандагон бо ҳайкалчаҳо омаданд, вале ба омӯзгор амали Нина писанд омад ва он аз кабинети биология ҷой гирифт.
Албатта, барои сайқал ёфтани истеъдоди ӯ маҳфили изостудияи Қасри пионерон ва мактаббачагони вилояти Самарқанд нақши муҳим бозид. Педагоги пурмаҳорат Антонина Ларина натанҳо расмкашӣ, балки асрори ҳайкалтароширо низ ба духтари соҳибистеъдод ёд дод. Шояд аз ҳамин сабаб ӯ пас аз хатми мактаби миёна ба шаҳри Тошканд рахти сафар баст ва ба омӯзишгоҳи санъати ба номи Павел Бенков дохил шуд. 
Нина Павловна бештар дар китобхонаҳои Тошканд саргарми мутолиа буд, доир ба касбу кори худ маълумот мегирифт, дар шаҳру ноҳияҳо сайру гашт карда, ба сохти ҳайкалҳо диққату эътибор медод. Яке аз ҷойҳои дӯстдоштааш осорхонаи санъати тасвирӣ буд. 
Вай дарк намуд ва тасмим гирифт, ки барои сайқал ёфтани истеъдод  бояд дар яке аз марказҳои санъати тасвирӣ – Ленинград таҳсил гирад. 
Соли дигар вай ба факултаи ороишию монументалии Донишкадаи санъати тасвирии Ленинград дохил шуд. Барои ӯ шаҳри таърихӣ – маркази фарҳангии Русия мактаби маҳорат буд. Дар маркази сайёҳӣ ва осорхонаҳои бешумор таҳсил гирифтан имкон дод, ки Нинаи донишҷӯ ба маҳораташ афзояд. Вай ҳангоми таҳсил дар Ленинград дар бисёр озмунҳои байналхалқӣ ширкат варзид. Соли 1975 асарҳои ӯ дар Прага ба маърази намоиш гузошта шуданд.  
Пас аз бозгашт ба Ватан аз ҷониби роҳбарияти Иттифоқи рассомони вилояти Самарқанд супоришҳо гирифта, бо офаридаҳои хеш мухлисони санъати тасвирӣ ва меҳмонону мизбонони Самарқандро дар ҳайрат гузошт.  
Ҳоло дар осорхонаҳои ноҳияҳои Нуробод, Ургут, Самарқанд, Ҷомбой асарҳои нотакрори ӯ маҳфузанд. 
Аммо баъди пош хӯрдани давлати шуравӣ аввал фарзандону наберагон ва баъди чанд вақт шавҳараш рӯ ба ҷониби Русия оварданд.  Духтараш Светлана ва писараш Артур аз паси модар рафта, касби ӯро омӯхтанд.  
Нина Павловна бо дилкашолӣ тарки зодгоҳ кард. Ният дорад, ки боз ба Самарқанд баргардад. 
Мо сари чанд вақт тавассути телефон суҳбат ороста, аз навидҳои олами санъати тасвирӣ якдигарро хабардор мекунем. Хушҳол ҳастам, ки Нина Истомина нияти  дар Самарқанд намоиш додани асарҳои худро дорад.  

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» 
дар вилояти Самарқанд. 

 

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: