Ҳоло ба сари инсоният санҷиши сангине омадааст, ки ин бемории COVID–19 мебошад.
Ҳоло ба сари инсоният санҷиши сангине омадааст, ки ин бемории COVID–19 мебошад. Дар мамлакати мо барои пешгирӣ ва табобати ин беморӣ чораҳои зарурӣ андешида шудаанд, яке аз онҳо тарзи ҳаёти солим аст. Тавре ки мутахассисон таъкид кардаанд, агар ба қоидаҳои карантин қатъӣ амал намоем ва мунтазам бо тарбияи ҷисмонӣ машғул шавем, ин офат ба мо наздик намешавад. Суҳбати мо бо сардори садорати тарбияи ҷисмонӣ ва рушди варзиши оммавии Вазорати варзиш ва тарбияи ҷисмонии ҷумҳурӣ Умедҷон РАҶАБОВ дар ҳамин мавзӯъ буд.
– Дуруст аст, – гуфт Умедҷон Раҷабов, – рӯзҳои охир дар мамлакатамон шумораи беморони гирифтори коронавирус зиёд гардид. Шояд ин аз он аст, ки раҳбарони аксари минтақаҳо ва шаҳрвандон нармгардонии чораҳои карантинро нодуруст қабул карда, ба вабои асри XXI бепарво шуданд. Бояд қайд кард, ки асоси мубориза бар зидди тоҷвирус тану рӯҳи солим аст. Соли гузашта аз ҷониби вазорати мо доир ба 5 ташаббуси Президент дар 9 ҳазору 121 маҳалла пурсиш гузаронида шуд. Маълум гардид, ки ҷавонони аз 7 то 30-солаи кишвар беш аз 14 миллион нафарро ташкил менамоянд. Воқеан, танҳо чоряки аввали соли равон дар қаламрави Ӯзбекистон 8 ҳазору 994 маротиба мусобиқа ва тадбирҳои варзишӣ ба вуқӯъ пайвастанд. Дар онҳо 1,8 миллион нафар аҳолӣ, аз он ҷумла 470 ҳазор нафар писарону духтарон ҷалб гардидаанд, ки нисбат ба солҳои пешин бештар аст. Дар асоси қарори Девони Вазирон солҳои 2020-2024 дар кишвар 23 мактаби варзиши бачагон ва 68 шуъбаи онҳо дар деҳаҳои дурдаст фаъолият хоҳанд бурд. Аммо аз сабаби пандемия корҳои сохтмон кашол меёбанд ва мусобиқаҳои варзишӣ ба таъхир гузошта шудаанд.
– Умедҷон Фармонқулович, бо ин муносибат вазорати шумо чӣ гуна тадбирҳо андешид?
– Аз 30-юми марти соли равон дар муассисаҳои таълимии вазорат машғулот бо тарзи “аз масофа – дар хона” ҷорист. Дар давраи карантин ба ҷавонон тавассути “оинаи нилгун” барномаҳои телевизионӣ пешкаш мегарданд, ки дар онҳо дарсҳоро мураббиёни соҳибтаҷриба ва устодони номдори варзиш мегузаронданд. Шабакаи телевизиони миллии Ӯзбекистон – «Спорт» барои ба ҳаёт татбиқ намудани ҳаёти солим ташаббус ва иқдомҳои лоиқи таҳсинро амалӣ мегардонад. Шиори мо “Ба вирус бо спорт мубориза мебарем!” аст. Боиси хурсандист, ки Президент дар арафаи “Рӯзи ҷавонон” табрик ирсол намуда, исму насаби чанд нафар варзишгаронро ба забон гирифт. Охир варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ бақои ҷавонӣ аст!
– Мо аз он хабардор ҳастем, ки варзиш ҷону дили шумо буда, солҳои мактабхонӣ ва донишҷӯӣ дар мусобиқаҳои бонуфуз иштирок карда, ҷойҳои фахрӣ насибатон шудааст.
– Дуруст гуфтед. Ман аз бачагӣ бо каратэ ва дигар намудҳои ҷанги тан ба тан машғул будам. Як гӯшаи хонаи истиқоматиамонро диплому медалҳо зеб медиҳанд. Ҳоло ҳам қариб ҳар рӯз бо варзиш машғул мешавам. Ва бояд таъкид намуд, ки дар зодгоҳам Самарқанди бостонӣ бо варзиш бисёр ҷавонон машғул ҳастанд. Ҷанде пеш тавассути рӯзномаҳои “Овози тоҷик”, “Самаркандскиӣ вестник”, “Гулобод тонги” доир ба комёбии собиқадори варзиш, устоди наврасон, мураббии духтарони самбочии Самарқанд Ҷаъфар Ҷабборов хабари чемпиони ҷаҳон шудани ӯро дар байни собиқадорон мутолиа намуда, хеле хурсанд шудем. Комёбии самбочиён лоиқи таҳсин аст, вале барои шатранҷбозон набудани қасри ин соҳа тааҷҷубовар мебошад. Зеро дар Самарқанд шаш нафар гроссмейстерҳо ҳастанд, онҳо шарафи Ӯзбекистонро дар мусобиқаҳои байналхалқӣ ҳифз мекунанд. Ёд дорам, ҳангоми ташрифи собиқ президенти федератсияи шоҳмоти ҷаҳон Кирсан Илимҷонов ин масъала баррасӣ гардида буд, вале ташаббусҳои нек дар коғаз монданд...
– Умедҷон, таманнои шумо ба варзишгарон?
– Холо варзишгарони Ӯзбекистон ба бозиҳои олимпӣ, ки соли оянда дар Ҷопон баргузор мегардад, тайёрӣ мебинанд. Умед аст, ки онҳо аз парасторӣ ва ғамхории сарвари давлатамон рӯҳбаланд гардида, ба комёбиҳои назаррас соҳиб мешаванд.
Мусоҳибон
Тошпӯлод ЮСУФОВ,
Зоҳир ҲАСАНЗОДА.
Вилояти САМАРҚАНД.