Барои ӯзбекистониён сафари Умра оғоз меёбад

Раиси Идораи мусулмонони Ўзбекистон, муфтӣ Нуриддин Холиқназаров 5 январи соли 2022 бо роҳбари ширкати шарики “Abu Sarhad” дар Арабистони Саудӣ Абусарҳад Носир Абдуллоҳ ба созишнома оиди гузарондани мавсими "Умра-2022" имзо гузошт.

Зимнан зикр мегардад, ки бо мақсади дар сатҳи баланд ташкил намудани зиёратҳо ширкати шарики “Abu Sarhad” дар самти фароҳам овардани шароити мусоид барои зоирон дар Мадина ва Макка, аз ҷумла: интихоби меҳмонхонаҳо дар назди масҷиди «Икки Ҳарам», таҷдиди рӯйхатҳо, ҷадвали парвозҳо, гузаронидани муоинаи тиббии ҳоҷиён, инчунин беҳтар намудани ташкили ҳамлу нақл кор хоҳад кард,  хабар медиҳад, хидмати матбуоти идора.

«Дар ин рӯзҳо бо сабаби маълумоти бардурӯғ аз манбаъҳои ғайрирасмӣ шаҳрвандон бо хатсайрҳои беэътибор ба роҳ баромадаанд. Мо аз мусалмонон даъват менамоем, ки дар корҳои ибодат, аз қабили Умра, хеле эҳтиёткор бошанд ва тавассути Идораи мусулмонони Ӯзбекистон, ки дар ин замина ваколатдор аст, саёҳати муборакро анҷом диҳанд”, - омадааст дар паём.

Таъкид мешавад, ки санаи оғози сафарҳо ба Умра ва вақти ташкили парвози аввал дертар эълом хоҳад шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: