ЗОҒАКИ МЕҲРУБОН

Баъди суҳбат бо муаллимаам ба хона баргаштам ва дар роҳ суханони ӯ дар зери гӯшам гаштаю баргашта садо додан гирифт: “Наход, Рухшона, дар ҳаётат ягон воқеаи аҷоиб ё ин ки ҳайратовару таъсирбахш рӯй надода бошад?

Ана ҳамон воқеа ҳикояи аҷибе шуданаш мумкин. Навис, ба рӯйи  қоғаз биёр». Фикр кардам, фикр кардам ва ба ёдам омад: он зоғе, ки бо ман “ҷанг”карда буд, ба он “зоғи меҳрубон” ном гузошта будам.
Яке аз рӯзҳои фасли баҳор буд. Дар ҳавлӣ машғули корҳои рӯзгор будам. Дар сӯрохии боми ошхонаамон чанд сол аст, ки зоғе лона гузошта, ҳар сол тухм монда, чӯҷа бароварда, онҳоро паррончак мекард. Ҳамон рӯз барои чизе ба тарафи ошхона гузаштам. Нохост зоғи барои ман шинос “ғақ-ғақ” овоз бароварда дар болои сарам ду-се маротиба давр заду ба шохи дарахти себ, ки дар ҳамон наздикӣ буд, нишаст. Ман аз ин ҳол ҳайрон шудам: ба ин чӣ шуда бошад, ки ин қадар безобита аст. Дар вақти аз назди ошхона баргаштанам боз чунин ҳол, яъне “ҷанҷол”-ро такрор кард.
Ин ҳол қариб 4-5 рӯз давом кард. Ман фаҳмидан хостам, ки сабаби ба хашм омадани зоғи ошно чӣ бошад. Аз дур рӯзе назора карда дидам, ки зоғ хеле серҷунбуҷӯл аст. Гоҳо алаф, гоҳо хаси хушк, гоҳо магасу мӯру малах мекашонад. Ҳа.., ана гап дар куҷо! Акнун донистам, ки ин зоғи меҳрубон аз мо чӯҷаҳои худро ҳимоя карданӣ мешудааст. Солҳои гузашта ман хурдтар, яъне қадам пасттар буд, бинобар ин аз ман дилаш бехавотир будааст, ки ба он зарар намерасонам. Акнун, ки калонакак шудаам, аз ман тарсу бим дорад, ки ба бачаҳояш ягон зарар расониданам мумкин. Барои ҳамин ҳам ҳар гаҳе, ки дар атрофи лонааш овози шарпаи пой шунида мешавад, ӯ ба “ҷанг”мебаромадааст. Бо ин усул  чӯҷаҳои худро аз хатар наҷот доданӣ аст.
Ана, меҳри модарӣ. Ана, меҳрубонии як парранда, ки ба ном модар аст.         
Ҳамаи модарон, хоҳ онҳо паррандаанд, хоҳ даррандаанд, хоҳ инсонанд, барои ҳимояи фарзандони худ тайёранд, ки ҷони худро фидо созанд.
Модар! Фариштаест, ки Худованд баҳри фарзандон ато кардааст.

Рухшона МУРОДИНОВА,
хонандаи синфи 10-уми мактаби таълими умумии рақами 44-уми 
ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: