ИСТИҚБОЛИ КОРХОНА

Корхонаи хурди «Меҳригиёҳ», ки дар ноҳияи Учкӯпруки вилояти Фарғона фаъолият мебарад, натанҳо аҳолии маҳаллӣ, балки таваҷҷӯҳи хориҷиёнро низ ба худ ҷалб кардааст.

Корхонаи хурди «Меҳригиёҳ», ки дар ноҳияи Учкӯпруки вилояти Фарғона фаъолият мебарад, натанҳо аҳолии маҳаллӣ, балки таваҷҷӯҳи хориҷиёнро низ ба худ ҷалб кардааст. 
Корхона дар 25 гектар майдон бо баробари меваҳои ситрусии гоҷӣ, папайя, мушмула, қаҳва, киви, банан растаниҳои резаворӣ, гиёҳҳои доруворро низ мерӯёнад. Назди корхонаи номбурда Маркази саломатии «Доктор Алӣ», маҷмӯаи фитобар, намоишгоҳи маҳсулоти доруворӣ, маркази гастрономӣ ташкил шудааст. Аз як сӯ плантатсияи лаванда, розмарин, киви бошад, аз тарафи дигар ниҳолҳои папайя, гуава, зайтун назари бинандаро ба худ  мекашад. Тамошои садбаргҳои Димишқ, растаниҳои шифобахши табиати кишварамон ҳаловатбахшанд.
Баъди ба рӯйхати объекти сайёҳии Ӯзбекистон дохил шудани «Меҳригиёҳ» (соли 2018) ин ҷо корҳои зиёд кардани навъҳои дорувориҳои экологӣ босуръат пеш меравад. Алҳол, мутахассисон барои маҳаллигардонии рустаниҳои ноёб ва аз онҳо истеҳсол намудани маҳсулоти доруворӣ корҳои  илмӣ мебаранд. Дар корхона 150 нафар бо кори доимӣ, 50 нафар коргар бо меҳнати мавсимӣ банд мебошанд. Онҳо аз рустаниҳои дорувор 113 навъи чой, 10 хели зираворӣ, 12 намуди равғани шифобахш, 14 хели шарбат ва асал, 7 намуди  косметика ва антисептик истеҳсол мекунанд.
Маҳсулоти «Меҳригиёҳ» дар Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон харидорони худро дорад. Имрӯзҳо бо Аврупо ва Арабистони Саудӣ оиди ҳамкорӣ музокираҳо ба амал бароварда мешавад.
– Даҳҳо навъи гиёҳҳои ноёби доруворие, ки дар ҳудуди мо истеҳсол мешаванд, ба монанди олеуропеини барги зайтун, расторопша, ки бо хусусиятҳои шифобахшии худ маълуманд, манзури харидорон мебошанд, – мегӯяд иҷрокунандаи вазифаи директори корхонаи номбурда Хондамир Нуриддинов. – Дар корхона истиқболи саёҳати экологӣ ва тиббиро мушоҳида кардан душвор не. Хусусан, хонаи ароматерапия, накҳати гулҳои лаванда, бобуна, навъҳои растаниҳои хушконидашуда ва равғани онҳо бо шифобахшии худ манзури сайёҳон мегардад.
Дар сурат: дар корхонаи хурди «Меҳригиёҳ»-и ноҳияи Учкӯпруки вилояти Фарғона.
Суратгир: М.ҚОДИРОВ (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: