Рӯзе ба ҷанозаи пиразане рафтам.
Рӯзе ба ҷанозаи пиразане рафтам. Дар сафи аввал рӯйи курсӣ мӯйсафеде нишаста буд, ки аз ашк риши сафедаш тар шуда буд. Баъди адои намози ҷаноза назди эшон рафта салом дода гуфтам:
– Падар, Худо сабр диҳад. Медонам, ҷудоӣ аз ҳамсаре, ки 50-60 сол бо ҳам будед, мушкил аст.
– Ҷудоӣ мушкил аст, – гуфт пирамард. Дасти маро маҳкам фишурда ба китфам зада ишора карда гуфт, ки исто, ба ту гап дорам.
Пирамард гуфт:
– Писарам, аз ту як хоҳиш дорам, худат барои завҷаам хатми Қуръон кун.
– Хуб шудааст падар.
– Бачам, синну соли ман низ ба ҷойе расидааст. Аз паси кампирам имрӯз ё фардо ман ҳам меравам. Боиси гиряи ман ин нест, тақдири Илоҳӣ чунин будааст, ки ман аз матонату муҳаббат ва садоқати занам гиря мекунам. Зиёда аз сӣ сол мешавад, ки дар поям касалие ҳаст, ки агар ӯро молиш накунӣ, маро шабҳо хоб намебарад. Дар ҳамин муддат кампири ман ягон шабе ба ягон ҷойи дур нарафта ва маро танҳо нагузоштааст. Зеро медонист, ки пойи маро молиш накунад, маро хоб намебарад. Ҳамин шабе, ки кампирам аз дунё рафт, фишори хунаш баланд гардиду шифокорон омада, укол карданд. Онҳо гуфтанд «шуморо бояд ба беморхона барем», аммо ҳамсарам розӣ нашуд ва муолиҷаро дар хона гирифт ва ӯро каме хобаш бурд. Ҳамин поямро худам мемолидам, ки кампирам аз хоб бедор шуд. Ба замин хазида ба наздам омада, поямро молиш кард. Гуфтам, ба ту ҷунбидан мумкин нест, худат беморӣ. «Монед ҳамин одатамро тарк накунам. Ман қасд кардам, ки барои ризоияти Оллоҳ то охири умр ба шумо хидмат кунам, худамро нағз ҳис мекунам. Шумо бемалол дам гиред».
Ӯ поямро молиш кард, маро бошад чун ҳамеша хоб бурда буд. Баъди чанд вақт бедор шудам, ки завҷаам рӯйи поям ҷон додааст.
Таҳияи Д. ШУҲРАТЗОД.