Ба дидгоҳи шахсӣ ва ҳисобу китобҳоям такя намуда, даври кӯтоҳи тараққиёти мустақилонаи Ӯзбекистонро мехоҳам ба се давра тақсим намоям: солҳои 1991-2000; 2000-2016; 2016-2030.
Давраи аввал солҳои 1991-2000-ро фаро гирифтааст
Баъде ИҶШС пош хӯрд, ба Ӯзбекистон ва дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ, барои он ки воқеияти геосиёсии давомкардаистодаро дарк намоянд, вақти муайяне лозим шуд. Оиди таъмини суверенитет ва амният зарур буд чораҳои таъхирнопазир андешида шаванд. Дар навбати аввал: аниқ сохтани ҳудудҳо; ҷорӣ кардани валютаи нав; аз нав ташкил намудани сохтори яклухти идоракунии давлатӣ; офаридани лашкари худӣ ва сохтори Қувваҳои Мусаллаҳ; кор карда баровардани модели нави рушди иқтисодӣ ва ба амал татбиқ сохтани он; гиперинфлятсия ва бартараф сохтани инқирози иқтисодии нақшаноки ИҶШС (зеро тамоми занҷирҳо байни нуқтаҳои истеҳсолии иқтисодиёти ягонаи шӯравӣ канда шуда буданд) барин масъалаҳои муҳим ҳалли худро нигарон буд.
Аз ин боис ба қафо нигариста гуфтанамон мумкин, бо вуҷуди он ки дар ҷамъият ба ислоҳоти босуръат талаб ҷиддӣ буд, мисли Сингапур ё худ Куриёи Ҷанубӣ рушди бошиддатро бе тайёрӣ пеш бурдан ё ба амал баровардан илоҷ надошт. Барои ин дигар хел будани «Бабрҳои Осиё» ва собиқ ҷамоҳири шӯравии Осиёи Марказиро бояд куллан дарк намуд. Ба фикри ман, дар ибтидои солҳои 1990 Ӯзбекистон, ки модели ба худ хоси гузариш ба иқтисодиёти бозаргониро кор карда баровард, ба назар менамуд, ки роҳи мустақилонаи худро хуб медонад. Назар ба омилҳое, ки ба чашм мерасиданд, имкониятҳои рушди босуръати мамлакатамон нисбат ба Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон, дар ин қатор аз Тоҷикистон, ки ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронд, хеле хубтар буд. Аз ин боис даҳсолаи аввали рушди мустақилонаро Ӯзбекистон бо натиҷаи беҳтарин дар минтақа ҷамъбаст намуд.
Дар ёд дорам, ба мо нафақат давлатҳои ҳамсоя бо ҳавас менигаристанд,балки роҳбарони Русия низ дар давраи гузариши рушд муваффақиятҳои Ӯзбекистонро чун мисол нишон медоданд.
Ба давраи дувум солҳои 2000-2016 дохил мешавад
Мутахассисон рушди индавраинаи Ӯзбекистонро ба сифати даври рукуди сиёсиву иқтисодӣ тавсиф менамоянд. Барои чӣ ин тавр шуд?
Охир роҳи рушди дар давраи аввал муайяншуда барои даст ёфтан ба натиҷаҳои худ умед мебахшид-ку. Ба назарам, ин саволи хеле вазнин ва дарднокест, ки дар доираи як мақола ба он ҷавоб ёфтан мушкил аст.
Умуман гирем, ба фикрам, ин савол ҷавоби якҷонибаро низ тақозо намекунад. Зеро дар ҳаёт, дар доираи маъно ва мавзӯи васеъ, дар ҳаёт ва таърихи як мамлакати алоҳида ҳеч чиз худ аз худ содир намешавад. Ҳар чиз сабабҳои объективию субъективӣ ва шарту шароитҳо дорад.
Дар ибтидои солҳои 2000-ум аксарият басо меҳнатдӯстӣ ва соҳибкории ба худ хоси халқи моро ба ҳисоб гирифта, интизор буд Ӯзбекистон давлатҳои дигари Осиёи Миёнаро хеле қафо гузошта, бо суръат пеш меравад. Лекин тамоми дунё ба акси ин ҳолат гувоҳ гардид. Зеро дар Ӯзбекистон ислоҳоти кулл, ки ба таъмини равнақи суръатнок нигаронида шуда буд, истода монд. Билъакс, мамлакат танҳо баҳри нигоҳ доштани барқарории тараққиёти нисбии иқтисодӣ дар солҳои 90-ум ҷидду ҷаҳд намуду халос.
Аз ҳама ногувораш, як қатор қарорҳои номақбуле, ки қабул карда шуданд, ба куллан барбодёбии фаъолияти соҳибкорӣ дар мамлакат мусоидат сохтанд. Аз ҷумла, октябри соли 2003 оиди моддаи VIII Низоми ББА (Бунёди байналхалқии асъор) барои бе ҳеч маҳдудият ҷорӣ сохтани амалиётҳои байналхалқӣ татбиқи амалии конвертатсияи асъор ӯҳдадориҳо иҷро нашуданд. Мамлакат батадриҷ ба дунёи беруна пӯшида шуд, сиёсати изолятсияи худро пеш бурд, маҳдудиятҳои сахти сарҳадиву тиҷоратӣ ворид гашт. Дар заминаи ҳамин сармоягузорони хориҷӣ, ки бо иштиёқи калон омада буданд, тиҷорати худро ба давлатҳои ҳамсоя кӯчонданд. Дар хотирам, дар миёнаи солҳои 2000-ум яке аз қадрдонҳои баландмартабаи қазоқистониям бинобар он ки Ӯзбекистон ислоҳоти худро суст карда, ба Қазоқистон кумак намуд ва ба он имкон дод ислоҳоташро равнақ дода, ба мамлакати иқтисодиёташ қудратнок дар минтақа табдил ёбад, «миннатдорӣ» баён намуда буд.
Чӣ илоҷ, факт факт мемонад: дар ин гуна шароит ӯзбекистониён комёбиҳои Чин, Малайзия ва ҳатто Қазоқистони ҳамсояро танҳо тамошо карда ва офарин хонда метавонистанд. Имрӯз ҷуз тасдиқ кардани қарорҳои таҳлилии аксар сиёсатмадор ва иқтисоддонҳо, ки мегуфтанд «Ӯзбекистон дар солҳои 2000-ум бо боздошти ҷараёни ислоҳот даври басо муҳими кутоҳро аз даст дод» имкони дигар намеёбам.
Барои он ки суханам беасос набошад, аз тадқиқоти хориҷӣ як далел меоварам. 11 марти соли 2004 Гурӯҳи инқирози байналхалқӣ, ки қароргоҳаш Брюссел (Interna-tional Crisis Group) мебошад, «Ноомади ислоҳот дар Ӯзбекистон: қадамҳои баъдина барои ҷомеаи байналхалқӣ» ном ҳисоботи таҳлилиро эълон намуд. Дар он гуфта мешуд мувофиқи маълумоти ББА, соли 2003 иқтисодиёти мамлакат танҳо 0,3 фоиз сабзид, маҳсулоти дохила ба ҳар сари аҳолӣ бошад, аз соли 1998 торафт паст шуда, дар соли 2003 ҳамагӣ 350 долларро ташкил намуд. Сармояи хориҷӣ кам аст, мамлакат асосан аз ҳисоби ашёи хом, аз содири тилло ва пахта рӯз мегузаронад.
Дар ҳуҷҷат, айни замон, давом кардани вазъи рукуди иқтисодӣ, афзудани бекорӣ, паст шудани дараҷаи зиндагӣ, қашшоқона умр ба сар бурдани 80 фоизи аҳолӣ таъкид ёфтааст. Хулоса, экспертҳои хориҷӣ бонг мезаданд Ӯзбекистон аз ислоҳоти муҳими оғозкардааш қафо мондааст. Айни замон онҳо: «Роҳи ягонаи раҳоӣ аз инқирози иқтисодӣ – ба амал баровардани ислоҳоти таркибии дарозмуддат», – гӯён таъкид месохтанд.
Дар ҳамон давраҳо дар Ӯзбекистон одамонеро ёфтан душвор буд, ки ба ин гуна тавсияҳо гӯш андозанд. Ҳол он ки аз донистагии худ намонда, мамлакатро аз ҳар гуна «таъсирҳо» ҳимоя сохтан, ҳатто дар ин бобат фикр ҳам кардан дар давраи ҷаҳонии ҳозира бемаънигист.
Рости гапро гӯям, имрӯз ман ҳатто вазъи вазнини танҳо 7 сол пештар мавҷударо ҳам ба ёд овардан намехоҳам: қиёфаи маъюси инсонҳои бадбахт дар ҷамъияти пӯшида, аз дунёи беруна ҷудомонии мамлакат, номуросоӣ ба давлатҳои ҳамсоя ва режими қатъии визавӣ, мамониатҳои савдо ва дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ба туфайли минаҳо ҳалокшавии аҳолии маҳаллӣ, ҳатто набудани имконияти одӣ барои дидор ба хешу пайвандони бурунмарзӣ... Кадоме аз онҳоро мегӯед?
Ба фикрам, ягон ҷиҳати дигар чун девору мамониатҳо табиати он даврро кушода надиҳад даркор. Нафақат биноҳои мақомоти давлатии марказӣ ва идораҳои маъмурии ҳудудӣ, идораҳои ҳуқуқу тартибот, балки биноҳои мақомоти маҳаллӣ, ки бо халқ ва байни халқ кор мекунад, бо панҷараҳои оҳанин иҳота шуда буданд. Ҳатто кӯчаҳои марказии шаҳри Тошканд бо монеъаҳои бетонӣ-филизӣ мавриди «ҳимоя» буданд. Айни замон дар сарҳадҳо байни ноҳия ва вилоятҳо нуқтаҳои назоратӣ, постҳои амнияти роҳ ва дигар хидматҳо барпо карда шуданд. Инро ба маънои ҳақ шубҳаи давлат аз ҷамъият, онро ҳамчун нисбати худаш ба ҷои хавф диданаш баҳо додан мумкин.
Оё тасаввур карда метавонед, чӯпон ё деҳқони оддии сурхондарёӣ ё самарқандӣ то ба Тошканд ворид шуданаш чӣ қадар санҷишҳоро аз сар мегузаронд?! Ба тасвири ҳамаи ин қалам оҷиз. Ҷуз халқи худро таҳқир кардан инро дигар чӣ гуфтан мумкин?
Ҳаминро низ гуфтаниам, нафақат онҳое, ки аз сиёсат норозианд, балки дудилаҳо хуш намеомаданд. Онҳоро таъқиб месохтанд (рӯйихатҳои сиёҳ бояд меваи ин гуна кайфият бошад) ё худ аз сохтор бадар менамуданд. Чӣ қадар инсонҳои истеъдоднок, ғайратманд, зеҳнашон баланд дар кунҷе монда, ҳатто аз имконияти хидмат ба рушди диёри худ маҳрум монданд.
Дар иқтисоди сиёсии классикӣ муносибат ва таъсири байнихудии категорияҳое чун базис ва настройка (болосохт) мавҷуд. Мувофиқи он дар ҷараёни модернизатзияи иқтисодиёт мамлакатҳо дар як вақт сохти сиёсии худро тағйир дода, шарт аст демократияи онро таъмин созанд ва назди халқ ҳисоб диҳанд. Танҳо мулоқоти конструктивӣ бо ҷамъият ба пешбари сиёсӣ имкон медиҳад самти дурусти пешравии ояндаашро дарёбад. Дигар, ин гуна пешбар оммаро, ки ғояҳои инноватсиониашро фаро гирифтааст, ба ислоҳотгар табдил медиҳад. Имрӯз ба гузашта нигариста, ҳаминро таъкид кардан ҷоиз аст, ки он давр дар Ӯзбекистон ҳеҷ кадоме аз онҳо ба амал набаромада буд.
Шахсан худам ба ягон материали муаллифи ӯзбек дучор наомадам, ки тараққиёти ҳамондавраи мамлакатамонро ҳарҷониба таҳлил карда бошад. Вале ба ман ҳамин низ аён аст, ки пештар дар ин гуна формат барои ҷараёнҳои марбут ба давлату ҷамъиятро баррасӣ намудан ҳатто имкон вуҷуд надошт...
Давраи сеюм аз соли 2016 давраи то соли 2030-ро дар бар мегирад
Даври кӯтоҳ баъди соли 2016 барои Ӯзбекистон аз воқеаҳои таърихӣ бой гардид. Агар гӯям, ки дар байни ҳашт сол дар мамлакат назар ба чаҳоряк асри гузашта корҳои зиёд ба анҷом расонда шуданд, асло муболиға намешавад. Баъзан ҳамин тавр ба назарам метобад, дигаргуниҳое, ки солҳои охир дар мамлакат рӯй доданд, моро он қадар саросема месозад, халқи мо ба дарки моҳияти давр ва нуқтаи гардиш фурсат наёфта мемонад!
Публитсист ва дипломати англис Генри Болингброк (1678-1751): «Таърих фалсафаест, ки моро бо мисолҳо меомӯзонад» гуфта буд. Барои амиқ дарк сохтани ин ҳикмат, биёед, шаҳрванди одии Ӯзбекистонро тасаввур намоем, ки дар арафаи соли 2016 сайёраамонро тарк карда, имрӯзҳо ба ин ҷо баргаштааст.
Ба назарам, дар як муддати кӯтоҳ ин қадар дигаргуниҳои бузург дар ҳаёти сиёсиву иқтисодиро дида, ба ҳайрат афтоданаш аниқ.
Президенти нав масъалаи барқарорсозии боварии халқ нисбат ба ҳокимиятро яке аз вазифаҳои асосии худ муайян намуд. Зеро бе ҷамъияти рушдёфта барпои давлати қудратнок аз имкон берун аст. Ҳар гуна ислоҳот бидуни иштироки халқ ба ҳалокат маҳкум аст. Ҷаҳонбинии одамонро дигаргун насохта дигаргунсозии ҷамъият низ амри муҳол.
Ба назарам, бинобар ҳамин Шавкат Миромонович ба озодии фикр ва сухан роҳ кушода, қарор кард, ки ин корро аз поён, аз байни халқи одӣ сар кунад. Ғайр аз ин Президент бо мақсади барқарорнамоии робитаи қариб куллан нестшуда байни давлат ва халқ ба сохтори Қабулхонаҳои халқ асос гузошт ва водор намуд шахсони мансабдор кабинетҳояшонро тарк карда, ба назди халқи одӣ бираванд. Баробари ин баҳри ба зудӣ монеъаҳои машъуми филизӣ ва бетону оҳанҳоро аз байн бардоштан, ба нуқтаҳои назоративу гузаргоҳӣ байни вилоят ва ноҳияҳо нуқта гузоштан супоришҳо дод, атрибутҳоро, ки ба «арзиш»-и даври аввалаи сиёсӣ табдил ёфта буданд, маҳв сохт. Дар ин маънии ба худ хоси рамзӣ ҳаст.
Шавкат Мирзиёев ҳанӯз аз қадамҳои аввал кушод ва халқпарварона будани сиёсати худро нишон дода, пеш аз ҳама, сохтори репрессивии дохили мамлакатро барҳам дод.
Масъалаҳои басо мушкилро, ки ҳатто замонҳое ба дараҷаи ҳаёту мамот бардошта шуда буданд, муаммоҳоеро, ки садсолаҳо боз идома меёфтанд, роҳбари давлат тез ва осон ҳал кард, ки гувоҳи ин шуда, ба ҳайрат афтодам. Ман дар ин ҷо хотимаёбии яккаҳокимии пахта, барҳам дода шудан ба ғуломӣ дар пахтакориву меҳнати маҷбурии бачаҳо дар пахтазорҳоро мавриди назар дорам.
Дигар, ба туфайли равнақи суръатноки саноати бофандагӣ аз мамлакати экспорткунандаи ашёи хоми пахта баъди 7 сол кӣ фикр мекард, ки Ӯзбекистон ба маънои ҳақиқӣ ба давлати импорткунандаи пахта табдил меёбад? Тавре мебинем, ин гуна дигаргуниҳои таъсирнок аз нақши беқиёси роҳбари нав дар навсозии мамлакат дарак медиҳад.
Ғайр аз ин, Шавкат Мирзиёев роҳи озоди конвертатсияро пеш гиришта, ба зудӣ сиёсати пул-кредит ва андоз-буҷаро либералӣ намуд. Режими савдои беруна ва тарифҳои гумрук низ нарм гашт. Имрӯз мушоҳида шудани фаъолнокии ҳаракати соҳибкорӣ, ба мамлакатамон баргаштани сармоядорон чӣ қадар дурустии ин қарорҳоро нишон медиҳад.
Ҳоҷат ба эзоҳи фактҳо нест. Мувофиқи маълумоти Бонки глобалии NSBC (Ҳисоботи ҷаҳон, 2050) Ӯзбекистон дар давоми даҳсолаи наздик ба яке аз давлатҳои иқтисодиёташон тез ривоҷёбанда табдил ёфт. Сиёсати «Дарҳои кушод» имкон дод аз соли 2019 сар карда аз қатори панҷ мамлакати сайёҳиашон ривоҷёфта ва ҷозибанок ҷо пайдо намоем.
Алъон Ӯзбекистон аз тоифаи кишварҳои аз ҳама қафомонда (пештар ба ҳар сари аҳолӣ дараҷаи МУД 350-400 долларро ташкил менамуд) ба қатори кишварҳои даромадашон миёна (ҳоло 2250 доллар) табдил ёфт. Мақсади ҳозира дар соли 2030 аз дараҷаи миёна ба дараҷаи мамлакатҳои даромадашон баланд ворид шудан мебошад.
Шавкат Мирзиёев ҳанӯз дар ибтидои соли 2020 вазифаи дар соли 2025 ду баробар зиёд шудани ҳаҷми маҳсулоти дохилӣ, онро аз 58 миллиард доллар ба 100 миллиард доллар расондан (ин нишондиҳанда алъон аз 82 миллиард доллар боло рафтааст), ҳаҷми солонаи сармояҳои бевоситаи хориҷиро ба 10 миллиард доллар расондан (ин нишондиҳанда аллакай даст додааст), ҳаҷми экспортро бошад, ба 30 миллиард доллар расонданро (соли гузашта ҳаҷми экспорт ба 25 миллиард доллар расид) гузошта буд.
Комёбиҳо бобати ислоҳоти иқтисодии Ӯзбекистон дар моҳи апрели соли 2021 дар Иттиҳоди Аврупо низ қайд гардид, ки имкон додааст Ӯзбекистон ба GSP+ cохтори имтиёзҳо ҳамроҳ шуда, тавонад 6200 навъ маҳсулотро бидуни боҷ содир намояд. Дар натиҷа танҳо аз ибтидои соли 2023 ҳаҷми савдо бо Иттиҳоди Аврупо 70 фоиз афзуд.
Ҳамин тариқ, дар байни ҳафт сол Ӯзбекистон мавқеи гумкардаашро барқарор намуд, дар минтақа ба фигураи асосӣ табдил ёфт. Вазифаи ояндаи наздик иборат аз он аст, ки Ӯзбекистон ба маркази молиявии Осиёи Мирказӣ ва хаби самараноки тиҷоратӣ табдил дода шавад. Ҳамаи ин самараи стратегияи минтақавии Шавкат Мирзиёев мебошад.
Барои ба сафи кишварҳои мутараққӣ ҳамроҳ шудани Ӯзбекистон пойдевори мустаҳкам айнан ҳамин рӯзҳо устувор мегардад. Президент вазифа гузоштааст то соли 2030 ҳаҷми маҳсулоти умумии дохилӣ ду баробар зиёд шуда, ба 160 миллиард доллар расад, ба ҳар сари аҳолӣ ҳаҷми маҳсулоти умумии дохилӣ 4 ҳазор долларро ташкил намуда, ҳаҷми умумии экспорт ду баробар боло равад ва ба 45 миллиард доллар расад, сармоя ба андозаи 250 миллиард доллар ҷалб карда шавад.
Ӯзбекистон аз соли 2030 эҳтимол ба давраи чаҳоруми рушд қадам гузорад. Вале, бешубҳа, ислоҳоте, ки баъди соли 2030 ба амал меояд, ба хусусиятҳои ба худ хос молик хоҳад буд. Дар давраҳои аввала ва ҳозира сабзиши иқтисодро бо истифода аз захираҳои табиӣ, ҷалби сармояҳои хориҷӣ ва истифодаи оқилона аз захираҳои меҳнатӣ таъмин кардан мумкин буд. Барои тараққиёти минбаъдаи мамлакат пешравӣ аз ҷиҳати технологӣ чун обу ҳаво зарур. Масалан, давраи ҳозира барои мамлакатҳои пешбар ҳамчун «чаҳорум инқилоби саноатӣ», ҳамчунин «иқтисодиёти ақлнок ё худ инноватсионӣ» тавсиф карда мешавад. Хусусан, интизор меравад аз технологияҳои иттилоотӣ (IT) ба технологияи маълумотҳо (Data technology, DT) давра-ба давра гузашта шавад.
Вале пешравӣ аз ҷиҳати технологӣ, чун шарти муҳими дараҷаи технологияи баланди рушд дар навбати аввал, талаб менамояд сифати капитали инсон баланд бардошта шавад. Дар акси ҳол, мумкин аст мамлакат боз дар давоми 20-30 сол дар дараҷаи рушди миёна монда равад.
Аз ин боис беҳуда Шавкат Мирзиёев дар соҳоти ба равнақи капитали инсон хидматкунанда ислоҳоти васеъмиқёсро оғоз нанамуд. Хусусан, Президент дар моҳи сентябри соли 2020 зимни маърӯзааш бахшида ба Рӯзи муаллимон ва мураббиҳо ба назди мамлакатамон «Офаридани пойдевори даври Ренессанси сеюм ва ғояи миллӣ шинохтани онро ба сифати вазифаи стратегӣ» муайян намуд. (Маълум, ки даври Ренессанси якум дар асрҳои IX-XII шуда гузашт, ки чун ренессанси мусулмонии Осии Марказӣ низ эътироф мегардад, Ренессанси дувум бошад, аз даври салтанати Темуриён, ки санъату илму фан гул-гул мешукуфт, сар шуда, дар асрҳои XIV-XVI ба мушоҳида расидааст).
Ин қисми мақоларо бо чунин хулосаҳои роҳбари давлатамон ҷамъбаст карданиам: Ӯзбекистон, ки дар остонаи даври сеюми Ренессанс қарор дорад, бояд бори дигар дар Осиёи Марказӣ ба маркази тараққиёти минтақавӣ табдил ёбад. Барои ин бояд сохтори таълими томактабӣ, мактабӣ, олӣ ва миёнаи махсус ба дараҷаи баландтарини сифат бардошта шавад, дар ташаккули даври Ренессанси нав бо мақсади «ба чаҳор зинаи ба ҳам вобаста» табдил додани муассисаҳои илмӣ онҳо бояд модернизатсия карда шаванд.